Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТЕРРОРИЗМ – ЭКСТРЕМИЗМ ВА ХАТАРИ ОН БА ҶАҲОН

Дар луғат маънои калимаи экстремист-ифротгаро, дорои ақидаи ифротӣ, он ки дар корҳо зиёдаравӣ мекунад, вожаи террор-тарс, даҳшат, терроризм-эҷоди тарс ва ваҳшат дар баробари мардум, шарҳ дода шудааст. Экстремизм аз вожаи фаронсавии ”extremism“ва лотинӣ “extrems“ гирифта шуда , маънои луғавиаш ифротгарӣ, тундравӣ,  фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона ва аз ҳад гузаштан аз андоза  дорад.

Мақсади ин зуҳуроти хатарнок ва нангин-ифротгароии динӣ, ки ҳанӯз солҳои 70-80-уми қарни XX дар ҷаҳони муосир доман паҳн кард, бо роҳи зӯрӣ тағйир додани сохти давлатдории конститутсионӣ ва ғасби ҳокимият мебошад. Ҳанӯз аз оғози ҳазораи дуввум ифротгароӣ, терроризму экстремизм амалан асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон ва ба амнияти тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад. Чӣ хеле ки Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20-уми январи соли 2016 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид карданд, терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро  аз даст надода,  сабабу омили  шахсони ифротгаро  ва гурӯҳҳои терроризмро биомӯзад ва барои рафъи он кушиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

Таҳлили вазъи ҷаҳони имрўза нишон медиҳад, ки бадбахтона барои амалинамоии барномаи сиёсии созмону ҳаракатҳои ифротгаро амсоли «Ал-қойида», «Ҳаракати толибон», «Бародарони мусулмон», «Ҷундуллоҳ», «Аннусра», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳизби «Нур»-и салафия», «Ҳизби исломии Туркистон» (собиқ «Ҳаракати исломии Ўзбекистон»), «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансурулло», доираҳову фондҳо ва ташкилотҳои тундгарои байналмилалӣ ва давлатҳои манфиатҷўву ҷудоиандоз маблағгузорӣ менамоянд.

Ақидаҳои назархоҳонаи ташкилот ва ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ бо вуҷуди он ки худро дар асоси шариати исломӣ ташкилёфта меҳисобанд, зидди ислом равона гардида, тавассути зархаридони аврупоӣ бо роҳи таъсиси хилофати ягона мақсадашон бенизомӣ ворид кардан байни мусулмонҳо мебошад. Яке аз ташкилотҳои ифротгаро, ки усули фаъолияташ аз амалҳои террористӣ иборат аст, ДИИШ рақибони худро бо бадтарин шеваҳои ҷангӣ нест мекунад. Аъзои он таҳти шиорҳои динию мазҳабӣ, ки ба дини мубини ислом иртибот надорад, баромад карда, алалхусус ҷавононро, ки қалбҳояшон орӣ аз ҳама гуна кинаву ғараз аст, ба идеологияи ифротгароёна ҷалб месозанд. Аммо кўдакон, пиронсолон, занони ҳомила, маъюбон-онҳоеро, ки дар амалисозии барномаҳояшон «халал» мерасонанд, қатли ом менамоянд. Саргузашти ниҳоят мусибатбори духтари 21-солаи язидӣ Нодия Мурод Баси Тоҳо (аз деҳаи Кочои Ироқи Шимолӣ, Курдистон), ки муддати се моҳ асир ва канизи ҷангиёни ДИИШ буду баъдан бо кӯмаки як оилаи мусулмон паноҳ бурдааст. 16 декабри соли 2015 аз минбари Шӯрои амнияти СММ баромад кард, басо диққатовар аст. Имрӯз амали ғайриинсонии ҷавони суриягии гурўҳи террористии ба ном (давлати исломӣ)-ро, ки модари бо азобу ранҷ ҷуста ӯро пайдо намударо дар назди омма ваҳшиёна ба қатл расонид ва марди афғонӣ гӯшу бинии ҳамсарашро буридаро ҷаҳон маҳкум мекунад.

Дуруст гуфтаанд, ки дар ҷойе садои тир ҳаст, садои ақл шунида намешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бо терроризм ва экстремизм, бо боварӣ ва эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар муттаҳид гардидани кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо намудаанд. “Ман чандин маротиба аз минбарҳои СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмиллалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”.

Барҳақ ифроту ифротгароӣ дар ҳар шакле, ки бошад, зуҳуроти номатлуб аст ва барои кишвари азизи мо, ки ҷузъи баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, низ масъалаи доғи рўз маҳсуб меёбад. Мардуми тоҷик, ки ҳанўз аз солҳои 90-уми қарни гузашта чӣ будани экстремизму терроризмро фаҳмидааст, набояд бори дигар гумошта шуда сўйи ҷаҳолату нодонӣ равад. Барои амалисозии нақшаҳои харобкоронаи хоинони миллату давлат набояд имкон диҳем. Маҳз бо захмату талошҳои  Пешвои миллат Эмомали Рањмон тамоми он рузҳои даҳшатноки паси сар гаштанд. Имруз аз гулгулшукуфоии давлатамон  бояд  ҳар яки мо аз Худованд шукргузор бошем. Аз ин лиҳоз, мебояд, тинҷиву амонии кишвар, ки худ аз худ  бавуҷуд намеояд, он шахсиятҳоеро, ки  баҳри амнияти кишварамон  шабу  рўз дар хизматанд, дуои нек кунем. Бинобар ин њар  як шањрвандро зарур аст, ки  зиракии  миёсиро аз даст надода, бар зидди вабои аср – террроризму ифротгароӣ мубориза барад.

Дар ин марњалаи ҳассос зиракии сиёсӣ, дўст доштани Ватан, номуси миллию мазҳабӣ ва аз ҳама болотар фирефтаю бозичаи ақидаҳои бофтаю сохта ва найрангу бозиҳои сиёсӣ, динӣ, мазҳабӣ ва экстремистию қавмӣ нагардидани ҳар  як фард барои суботу оромии ҷомеа зарур аст.

Мутаассифона, терроризм рўз то рўз қомат рост карда истодааст. Сабабгори аввалинаш манфиатҳои давлатҳои абарқудрат аст. Он аз хавфи ба вуҷуд омадани ҷангӣ сеюми ҷаҳонӣ  дарак медињад.

Тағир додани фикру назари ҷомеа тавассути воситаҳои ахбори омма ва тариќи пинҳонӣ тарғибӣ ақидаҳои динӣ-экстремистӣ, ки мутаассифона дар шаклҳои гуногун сурат мегирад ба ҷавононӣ ноогоҳ таъсири худро мегузорад. Навад дар сади аъзоёни гурӯҳҳои фиребхурдаи ноогоҳ ҷавонон мебошанд, ки мактаб нахонда ва ё дар мактаб бо баҳои аз ҳама паст таҳсил намуда аз таълимоти мазҳабӣ Имоми Аъзам ва умуман мазҳабҳои ислом заррае хабар надоранд.

Мо ҳар як фарди солимфикри тоҷикистонӣ бахусус волидайн, тарбиятгарону омўзгоронро зарур аст, аз рўйи ҳидоятҳои Сарвари давлат амал намуда, фарзандонро бо одобу ахлоқи ҳамида ба воя расонида, дар руҳияи ватандўстиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва илмомўзӣ тарбия карда, ба амалҳои созандагию ободкорона раҳнамун созем.

Хоҷаев Қаҳрамон Гулмирзоевич
Омӯзгори кафедраи “Фармакология ва забони лотинӣ”-и
Коллеҷи тиббии Ҷумҳуриявӣ.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.