Инчунин дар Паёми имсолаи худ, Пешвои миллат қайд намуданд, ки дар бинои наву замонавӣ фаъолият намудани кормандони ВТ ва ҲИАҶТ имкон медиҳад, ки фаъолияти онҳо боз ҳам самараноктар гардад. Пешвои миллат қайд намуданд, ки бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифат ва хизматрасониҳои кумакҳои аввалияи тиббию санитарӣ ва таҳкими иқтидори миллӣ, лоиҳаи “Миллати солим” бо маблағи 630 млн сомон амалӣ гашта истодааст. Илова ба ин дар 5 соли оянда сохтан ва таъмири беш аз 350 муассисаҳои тандурустӣ бо маблағи 500 млн сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.
Аз ҷониби Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 қабул гардидани Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040 ва барномаи маҷмӯи давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоӣ барои давраи то соли 2030 ба ҳалли мушкилотҳо ва масъалаҳои гуногуни ҷойдошта заминаҳои мусоид хоҳанд гузошт.
Ҳамин тавр бояд қайд намуд, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ва таваҷҷуҳи хосаи Сарвари кишвар ва дастовардҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакатамон гувоҳи онанд, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии омма дар меҳвари сиёсати Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан, Пешвои миллат қарор дорад.
Дар баробари дигар сохтору мақомотҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муассисаҳои таълимие, ки мутахассисони соҳаи мазкурро тарбия менамоянд, аз ҷумла донишгоҳҳо ва коллеҷҳо, нақши МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ниҳоят назаррас мебошад, зеро аҳли кормандони ин муасссисаи таълимӣ дар таълиму тарбия ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи миёнаи тиб назаррас мебошад. Донишҷӯёни болаёқати муассиса пайваста дар давраҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявии озмунҳои фаннии кушоди ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои тахассусӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд, ки аз сатҳи баланди раванди таълиму тарбия дар муассиса гувоҳӣ медиҳад.