Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТОҶИКИСТОН ДАР ТАДБИҚИ АРЗИШҲОИ ДИНӢ – ДУНЯВӢ ПЕШОҲАНГ АСТ

9 – уми марти соли 2024 дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон  бо намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони  дин мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар оид ба ҷараёни тадбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи кишвар риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд.

Муҳтарам Пешвои миллат дар оғози мулоқот тамоми мардуми Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи ҳозирини гиромиро ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон – моҳи парҳезгориву эҳсонкорӣ, хайру садақот, бахшиши гуноҳҳо ва поксозии зоҳиру ботин самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини мамлакат сулҳу оромӣ, файзу баракат ва зиндагии босаодатро орзу намуданд.

Дар ибтидои суханронии худ Сарвари давлат қайд намуданд, ки ҳикмати парҳезгориву рӯзадорӣ танҳо дар тарки хӯрдану ошомидан маҳдуд намегардад, балки ин моҳи муборак барои мусулмонон василаи эътиқодии муҳим ҷиҳати анҷом додани корҳои хайру савоб, амалҳои писандида, дасту забони пок доштан, гузашт кардану бахшидан ва босабру таҳаммул будан ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ маҳсуб меёбанд.

Чуноне ки маълум аст, тибқи оятҳои Қуръони маҷид ва ҳадисҳои набавӣ ҳар як амали нек ва кори хайру савоб дар ин моҳи мубораку шариф нисбат ба моҳҳои дигар бамаротиб беҳтару бузургтар мебошад ва савоби бештар дорад. Аз ин рӯ, моҳи Рамазон фурсати беҳтарин барои вусъат додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату бесаробонмонда, ниёзмандону дармондагон ва наздикону пайвандон мебошад.

Дар ҳамин замина, муҳтарам Пешвои муаззами миллат хотирнишон намуданд, ки дар натиҷаи дарки арзишҳои миллӣ ва фарҳангу ахлоқи ҳамидаи мардумамон тайи беш аз сӣ соли соҳибистиқлолӣ, ҳазорон нафар соҳибкорону тоҷирон, шахсони саховатпеша ва афроди бонангу номуси ҷомеа сиёсати инсондӯстонаи иҷтимоии Давлату Ҳукуматро дастгирӣ карда, бисёр иқдомоти савобу созандаро анҷом доданд. Онҳо то имрӯз ҳазорон мактабу кӯдакистон, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ, роҳу пулҳо, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ бунёд карда, садҳо ҳазор сокинони мамлакатро бо ҷойҳои нави корӣ таъмин намуданд, ҳар сол чор – панҷ маротиба ба оилаҳои ниёзманд ва ятимону маъюбон кӯмак расониданд ва ҳоло боз бисёр корҳои хайру савобро амалӣ карда истодаанд. Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи онҳо барои иқдомоти ватандӯстонаву инсонпарваронаашон миннатдории самимии Давлату Ҳукумати мамлакатро изҳор доштанд.

Бар ивази ҳамаи тадбирҳо ва иқдомҳои амалигардидаистода ва  дастгириву пуштибонии Давлату Ҳукумат ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ дар мамлакат аз таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастиву зиёдаравӣ, ифротгароӣ ва амалҳои террористии хусусияти динидошта ба омили ташвишовар ва нигаронии ҷиддӣ табдил ёфта истодааст.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид намуданд, ки ин раванд ба мақому ҷойгоҳи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии Тоҷикистон, ки имрӯз дар ҷаҳон ҳамчун кишвари дар ҳалли мушкилоти глобалӣ ташаббускору пешсаф эътироф гардидааст, бетаъсир намемонад.

Ҳарчанд ки дар кишвар бо қарорҳои Суди Олӣ фаъолияти 28 ташкилоти экстремистиву террористӣ манъ шудааст, вале ҳолатҳои шомил шудан ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо ҳанӯз ба назар мерасанд.

Дар ин давра бар асари ташвиқоти густурдаи экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани шаҳрвандон шомилшавии ҷавонон ба ташкилоти экстремистиву террористии «Давлати исломӣ» ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, сафарбар гардидани онҳо ба минтақаҳои даргир афзуда, нигарони ҷиддии ҷомеаро ба миён овард. Тибқи маълумотҳо зиёда аз ҳазор нафар шахсоне, ки дар кишварҳои хориҷӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона иштирок кардаанд, кушта шуда, ҳазорон нафари дигар беному нишон гардидаанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки ба ин равияҳои номатлуб, ҷавононе   пайравӣ мекунанд, ки онҳо натанҳо аз илму фарҳанги дунявӣ, балки аз донишҳои аввалияи динӣ низ тасаввуроте надоранд. Намояндагони равияҳои тундгаро аз камсаводӣ  ва бесаводии онҳо истифода намуда, эшонро ба равияҳои номатлуб ҷалб менамоянд.

Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки гаравидан ба гурӯҳҳои тундрав, даст задан ба амалҳои террористӣ ва бадном кардани давлату миллат оқибатҳои ногувор дорад. Онҳо бояд дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб кунанд, рафтору кирдорашонро ба манфиати худ, оила, давлат ва ҷомеа ба роҳ монда, бо истифода аз фазои сулҳу оромии кишвар ва имкониятҳои фароҳамовардаи давлат ба касбомӯзӣ ва аз худ намудани илму дониш машғул шаванд. Дар ҳоле, ки аксар кишварҳои исломии ҷаҳон босуръат рушд карда, бо омӯзиши илмҳои муосир ҳатто барои фатҳи кайҳон кӯшиш менамоянд, дар ҷомеаи мо гароиши баъзе шаҳрвандон ба хурофотпарастиву ифротгароӣ ва таҳсилоти ғайриқонунии динӣ афзоиш ёфта истодааст.

Чуноне маълум аст, шаҳрвандони зиёда аз 80 давлати олам ба ҳар роҳу восита ба аъзогии ин ташкилотҳои террористӣ пайвастанд, ки ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дар канор нест. Ифротгароён аз ин гуна идеяҳо, алалхусус эҳсосоти динии ҷавононро истифода бурда, ҳадафҳои худро пиёда месозанд.  Бепарвоии волидайн, беиттилоӣ, бекорӣ ҷавононро ба доми чунин гурӯҳҳо гирифтор мекунад. Масалан бо баҳонаи ҷиҳод, ба тарзу усулҳои гуногун ҷавононро ба сафи ин гурӯҳҳо ҷалб менамоянд. Сабаби асосии шомил шудани ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо пеш аз ҳама паст будани маърифати ҳуқуқӣ, тафаккури динӣ ва дунявӣ ва дур мондан аз илму донишҳои замони муосир маҳсуб меёбад. Ин гуна ҷавононро ба ҳар роҳ бурдан ва гумроҳ намудан  ниҳоят осон аст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки терроризм ин нафрати одам ба одам, инсон ба инсоният, худи терорист душмани инсон мебошад. Душманӣ бо истифода аз тамоми имкониятҳо барои ҷисман нест кардани инсон.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҷавонон аз зуҳуроти номатлуб қонунҳои зиёдеро, аз қабили қонуни Ҷумҳурии тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”ва дигар иқдомҳоро  дар ин самт роҳандозӣ намудаанд.

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо мо сокинони шарафманди кишвар аз он ҷумла ҷавонони сарбаланди меҳанро месазад, ки сиёсати пешгирифтаи Давлату Ҳукумати кишварро зери роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба дастгирӣ намоем ва дар пешрафти ҷомеаамон саҳми арзандаи хешро гузорем.

Қобили ёдоварист, ки тайи солҳои охир баҳри ватандӯстиву худшиносии миллии ҷавонони кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор озмунҳои ҷумҳуриявиро ба монанди “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – ватани азизи ман”, “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”-ро ба роҳ мондааст, ки дар баланд бардоштани ҷаҳонбинии ҷавонони кишварамон мусоидат менамоянд. Минбаъд ҳам чунин озмунҳо дар баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва шинохти асолати миллии ҷавонон мусоидат менамоянд.

Раҳмонов С.Д. – омӯзгори кафедраи
“Фанҳои  гуманитарӣ” – и
МДТ “Коллеҷи тибби ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.