МақолаҳоХабарҳо СИЁСАТИ ХОРИҶИИ МУВАФФАҚ, ЗАМИНАИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ГЛОБАЛӢ Бо admin Охирин навсозӣ Apr 9, 2024 0 Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатамонро фаро мегирифт бо таҳлилҳои амиқи илман асоснок ва шарҳу тавзеҳи мукаммал, масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва умуман кулли дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фарогир буд. Пешвои миллат дар оғози суханронии худ қайд намуданд, ки соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Сарфи назар аз таъсири омилҳои манфии солҳои охир, аз ҷумла паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19, низоъҳои тиҷоратӣ, муноқишаҳои минтақавӣ, халалдор гардидани низоми муносибатҳои байналмилалии иқтисодиву молиявӣ ва таъсири бевоситаи онҳо ба иқтисоди миллӣ ба мо муяссар шуд, ки нишондиҳандаи рушдро дар ин марҳалаи ҳассос таъмин намоем. Чуноне, Пешвои миллат дар паёмҳои ҳарсолаи худ иброз медоранд сиёсати хориҷии давлати мо “сиёсати дарҳои кушод” – суҳлхоҳона ва беғараз буда, дар роҳи татбиқи он давлати мо ба ҳамаи кишварҳои дунё робитаҳои дӯстонаро дар пояи эҳтироми ҳамдигар, баробарӣ ва ҳамкориҳои судманро пайваста густариш медиҳад. Пешвои миллат вобаста ба самтҳои асосии сиёсати хориҷии мамлакатамон дар замони муосир, ки рӯз то рӯз равандҳои мураккабу печидаи геополитикӣ, афзоиши мухолифату низоъҳо, таҳдидҳои амниятӣ, буҳронҳои молявию иқтисодӣ, инчунин мушкилоти марбут ба тағирёбии иқлим, норасоии ғизо ва оби ошомиданӣ дар ҷаҳону минтақа ва паёмадҳои онҳоро зимни ироаи паём мавриди баррасӣ қарор доданд. Пешвои миллат, қайд намуданд, ки дар ин самт Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои заруриро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон тарҳрезӣ карда истодааст. Дар ин самт давлати мо бо ҳамаи кишварҳо муносибатҳои мутақобилан судмандро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои минтақавию байналмилалӣ бо дарназардошти манфиатҳои миллиамон идома медиҳад. Ин иқдом аз пешбурди сиёсати сулҳхоҳона, муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, дахолат накардан ба сиёсати дохилии давлатҳои дигар, ҳаллу фасли масъалаҳои баҳснок бо роҳи гуфтушунидҳои сиёсӣ қарор дода мешаванд. Пешвои миллат дар Паём изҳор доштанд, ки барои ҳалли мушкилот ва зиддиятҳои замони муосир Тоҷикистон ҷонибдори созишномаҳое мебошад, ки онҳо аз тарфи СММ қабул карда шудаанд, ва дар роҳи пойдории сулҳу субот дар ҳамаи минтақаҳои олам, онҳоро ҷонибдорӣ менамояд ва тарафдори он аст, ки музокирот ва гуфтушунидҳои сиёсӣ. роҳи ягонаи ҳалли ҳамагуна ихтилофотҳо бошанд. Дар ин самт Пешвои миллат қайд намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамаи созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ аз ҷумла СММ, ИДМ, СҲИ, СААД, САҲА ва ниҳодҳои дигар, ки ба фароҳамсозии шароит ва имконот барои тақвияти кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва иштироки фаъоли он дар равандҳои глобалӣ ва барномаҳову заминаҳои мухталиф равона гардидааст, ҳамкории худро идома медиҳад. Тибқи ақидаи Пешвои миллат дар ин раванд муносибатҳо ва робитаҳои судманд ва рушди ҳамкориҳо бо ҳамаи созмонҳо ва давлатҳо, хусусан давлатҳое, ки ҳамсоякишвари мо мебошанд, муҳим арзёбӣ мегардад. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи даҳсолаҳои охир нишон медиҳад, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар Тоҷикистон ҳамкориҳои густурдаи худро барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ. тиҷоратӣ, экологӣ ва таъмини амният ва сулҳу субот дар минтақа ва Осиёи Миёна маҳсуб ёфт, ин сиёсати худро бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва умумибашарӣ тақвият дода истодааст. Бояд қайд намуд, ки сиёсати хориҷии муваффақ, имкон дод, ки тайи солҳои охир обрӯю мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ баланд меравад, зеро чандин ташаббус ва иқдомҳои аз ҷониби давлати мо пешниҳодшударо кишварҳои узви СММ, якдилона ҷонибдорӣ намуданд. Аз ҷумла, ташаббуси Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон ва иқдоми Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018 – 2028, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ гардида истодааст аз ҷумлаи онҳо мебошад. Дар баробари ин пешниҳоди навбатии Ҷумҳурии мо оиди қабули қатъномаи СММ дар бораи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кардани соли 2025, инчунин 21 – уми март ҳамчун рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва таъсиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо барои ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим ва мояи ифтихори миллати мо маҳсуб меёбанд. Пешвои миллат дар Паёмҳо ва мулоқоту вохӯриҳо бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, пайваста иброз медоранд, ки ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, сулҳу оромӣ, субботи сиёсӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм саҳми арзандаи худро гузорад, кишвари мо низ дар ин самт, дар сиёсати хориҷии худ, дар масоили вобаста ба тағирёбии иқлим, мубориза бо терроризм ва экстремизм, маводҳои нашъаовар, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ тибқи санадҳои қабулгардида, саҳмгузорӣ намуда истодааст. Ҳамаи ин иқдомҳои неку созанда, дар самти сиёсати хориҷии кишвар, ки аҳамияти минтақавӣ ва умумибашарӣ доранд, гувоҳи онанд, ки нақши Ҷумҳурии мо дар сатҳи байналмилалӣ мақоми назаррас дошта, дар шароити мураккаби вазъи муосири ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, муҳим ва саривақтӣ, арзёбӣ карда мешаванд. Сиёсати хориҷии муваффақ, оқилона ва беғараз, инчунин иқдому ташаббусҳои созандаи Давлату Ҳукумати Ҷумҳкрии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат, имкон фароҳам меоранд, ки нақш ва мақоми ҷумҳурии мо дар сатҳи байналмилалӣ боло биравад ва Тоҷикистон чун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ, ки хусусияти глобалӣ доранд, саҳми арзандаи худро гузорад. Одинаев Х.С., Маҳинбонуи Р. – омӯзгорони МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” 0 Мубодила кардан