Дар ҳар ҷое, ки сайру гашт менамоем аз зарфҳои пластикӣ пур шудааст ҳатто то ҷое расидем, ки дар кадом муҳит ҳастем фарқ надорад ашёи ба дастамон бударо ба сатили партов не ба болои гулзор ё ба сатҳи сабзаҳо мепартоем.Бисёри аз зарфҳои партофтаи мо дар муҳит худ ба худ нест намешавад.Зарари он танҳо ба афлосии муҳити зисти ҳашарот ҳайвонҳо ва микроорганизмҳо оварда мерасонад.
Одам аз рӯзи пайдоишаш дар оғӯши табиат зиндагӣ мекунад,зеро ӯ як ҷузъи табиат мебошад.Одам дар тамоми фаъолияташ табиатро тағйир дода,барои худ манзил, асбоб, либос ва дигар ашёи сунъи месозад.Таъсири хоҷагидории инсон боиси он шуда метавонад, ки табиат дар масоҳатҳои калон хароб гашта об, ҳаво ва хок ифлос шаванд.Аввалҳо одам танҳо ба табиат мутобиқ мешуд. Баъд табиатро омӯхта, бо он мубориза бурд ва ба қонунҳои табиат дахолат кард.Дар натиҷа буҳрони экологӣ ба вуҷуд омад.
Инсон ба мисли дигар мавҷудоти зинда ғизо мегирад, нафас мекашад ва афзоиш мекунад.Омилҳои табиат барои ҳаёти инсон шароити муҳимтарини зиндагӣ ба ҳисоб меравад.Дар байни инсон ва табиат ҳамеша муносибати додугирифт ба амал меояд.Табиат одамро руҳбаланд намуда, ба зебогиаш ӯро мафтун менамояд.
Тамоми мавҷудоти зинда, дар сайёраи Замин зиндагӣ ва рушд менамоянд аз фаъолияти якдигарӣ вобастагӣ доранд.Ҳамаи ин мавҷудот яктараф меистанду инсон яктараф.Чун ки инсон ақл дораду мавҷудоти дигар не.Дар муомила бо табиат инсон метавонад мавҷудоти дигарро нест ё рушд диҳад.Ба бисёр аз омилҳои нестии мавҷудоти зинда дар табиат инсон сабаб шудааст ва мешавад.Лекин инсон аз мавҷудоти зиндаи табиат вобастагии зиёд дорад.
Инсон барои қонеъ гардонидани талаботи худ ба табиат таъсири гуногун мерасонад. Ин метавонад мусбат ва манфӣ бошад.
Одамон метавонанд аз хона, деҳа, шаҳрак ва давлати худ бо ёрии таъсири мусбати худ зебогӣ ва экологияи минтақаро нигоҳ доранд. Хонаи худро бо шинонидани дарахтон, гулҳо ва растаниҳои кишоварзӣ аз оксиген бой намоед. Ин ба он оварда мерасонад, ки муҳити экологи тоза ва ҳифз гардад.
Дар табиат қонунҳое вуҷуд доранд, ки аз рӯи он ҳамаи унсурҳои табиат (об,хок,ҳаво,растанӣ,ҳайвонот ва ғ.) ба ҳамдигар алоқаманд мебошанд.Дар ҳолати дахолат кардан ба яке аз унсурҳои табиат таъсири он ба дигар унсурҳо мерасад.Ин муносибати одамон ба табиат таъсири манфӣ мерасад ва оқибатҳои хуб надорад.
Барои он ки ватанамонро ба як давлати сайёҳӣ мубаддал намоем, дар кабудизоркунии шаҳр, деҳа ва хонаи худ саҳмгузор бошем.