Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ДИРЕКТОРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР

Омӯзгорону кормандони муҳтарам, донишҷӯёни азиз! Ҳамватанони гиромӣ!

Дар арафаи яке аз бузургтарин идҳои ниёгони мардуми сарзамини Тоҷикистон мехоҳам ба якояки шумо муроҷиат намуда, орзуҳои гарму самимии худро бирасонам. Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Фитр табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саломатӣ, осоишу оромӣ ва файзу баракат орзу менамоям.

Ин айёми муқаддас, ки моҳи раҳмату мағфират – моҳи шарифи Рамазонро ба охир мерасонад, барои ҳамаи мардуми мусулмон мазмуни хоса дорад. Ин замонест, ки мо бо шукрона аз раҳмату меҳрубонии Офаридгор, барои муҳаббат ва ғамхории бепоёнаш нисбати мо ба сӯяш рӯй меорем. Иди Саиди Фитр низ моро ба меҳрубониву дилсӯзӣ нисбат ба наздикон ва ниёзмандон даъват мекунад.

Дар ин маврид мехоҳам ба ҳар яки шумо барои меҳнатдӯстӣ ва фидокорӣ миннатдории самимии худро баён намоям. Меҳнат ва фидокории шумо сарвати бебаҳо мебошад, ки на танҳо коллективи моро мустаҳкам, балки ба инкишофи илм ва тибби амалӣ дар мамлакати мо ёрӣ мерасонанд. Мавриди зикр аст, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳон мо набояд ба умеди дигарон бошем ва тамоми саъю талошамонро ба он равона созем, ки мардумамон аз лиҳози таъминот бо кадрҳои соҳаи миёнаи тиб ба танқисиву муҳтоҷӣ дучор нагарданд. Барои омодасозии мутахассисони миёнаи касбӣ дар соҳаи тиб Ҳукумати кишвар барои мо тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст.

Ба мо танҳо зарур аст, ки аз имконияту захираҳои доштаамон, анъана ва таҷрибаву малака самараноку оқилона истифода барем.

МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” танҳо як муассисаи таълимӣ набуда, балки як маконест, ки ин ҷо мо ғайри омӯзонидани донишу маҳорат, боз алоқаҳои пойдор ва дустӣ ба вуҷуд меоварем. Иди Саиди Фитр ба мо хотиррасон менамояд, ки ҳамбастагӣ ва кӯмаки мутақобила дар ҷомеаи мо муҳим аст. Бигузор ин ид алоқаи моро боз ҳам мустаҳкамтар намуда, коллективи моро боз ҳам муттаҳиду иттифоқ гардонад.

Тавре Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ бахшида ба иди саиди Фитр таъкид сохтанд ва мо низ ҷонибдор аз ин гуфтаҳо мебошем, “…ғайр аз иҷрои воҷиботи динӣ ҳар яки моро мебояд, ки дар таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ саҳмгузор бошем ва ободии Ватани маҳбуб, пешрафти давлати соҳибистиқлол ва боз ҳам баланд бардоштани обрӯи байналмилалии Тоҷикистони азизамонро қарзи виҷдониву имонии худ шуморем.”

Донишҷӯёни азиз! Садоқати ҳар яки мо ба кори худ ва омодагӣ барои кӯмак ба дигарон аст, ки моро мутахассиси ҳақиқӣ дар соҳаи тиб месозад. Бигзор ин ид ба мо моҳияти рисолати кори моро хотирнишон намуда, моро рӯҳбаланд сохта, водор намояд, ки минбаъд низ ба нафъи беморон ва умуман ҷомеа кор кунем.

Дар рӯзи иди саиди Фитр барои шумо ва дар шахсияти шумо ба кулли мардуми азизи кишвари маҳбубамон оромиву ободӣ, пешрафту тараққиёт ва баракату фаровонӣ орзу карда, бори дигар иди саиди Фитрро табрик мегӯям. Бигзор ҳамеша саломатӣ, бахту иқболи баланд, хонаи обод ва муҳимтар аз ҳама, оромиву осоиш кошонаи шуморо тарк накунад.

Бо орзуҳои беҳтарин,
Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода,
директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, номзади илмҳои тиб,

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.