Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ХОНИШИ СИЁСӢ ДАР МАВЗӮИ “НЕСТ БОД ТЕРРОРИЗМ!” ДАР КАФЕДРАИ “ФАРМАКОГНОЗИЯ ВА КИМИЁИ ФАРМАТСЕВТӢ”

Дар асоси дастуру суплоришҳои директори муассиса, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва нақшаи тасдиқгардидаи шуъбаи тарбия  санаи 12.04.2024 аз тарафи омӯзгори кафедраи “ Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ”  Ниёзов Саидалӣ  хониши сиёсӣ бо иштироки донишҷӯёни курси 2- юми  факултети “Кори фарматсевтӣ” (таҳсили шабона) дар мавзӯи “Нест бод терроризм!” гузаронида шуд. Дар хониши сиёсӣ инчунин мудири кафедра Сулаймонова О.Ғ. ва омӯзгорони кафедра иштирок намуданд. Сараввал омӯзгор Ниёзов Саидалӣ маърӯзаи худро дар мавзӯи “ Терроризм ва экстремизм – хатари сартосарии ҷомеаи ҷаҳонӣ “  қироат намуда, ба ҳозирин пешкаш намуд. Ӯ, аз ҷумла  қайд намуд: “ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, пойдории ваҳдати миллӣ ва таъмини суботи комил барои пешгирӣ, аз байн бурдан ва несту нобуд кардани омилҳои манфии сиёсии ҷомеаи имрӯза, махсусан терроризму экстремизм зарурат дорад. Имрӯзҳо  танҳо муборизаи дастаҷамъонаи ҳар як шаҳрванд, мусоидати аҳолӣ ба мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳанд, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шавад, то ки суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар Ватани азизи хеш  – Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии ободу осоишта ба сар барад.  Сипас мудири кафедра ба сухан баромада, қайд намуд, ки ҷавонон ҳамчун неруи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои кишвари азизамон вазифадоранд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигаҳ доранд ва ҳамчун сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм мубориза баранд. Ҳамзамон ба донишҷӯён оиди риояи сару либоси миллӣ, ба бар накардани ҳар гуна либосҳои бегона ва ғайримиллӣ ва дигар масъалаҳои муҳими таълиму тарбия тавсияҳо дода шуданд.  Баъди суханрониҳо байни омӯзгорон ва донишҷӯён оиди шомил нагардидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм мубодилаи афкор сурат гирифт.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.