Мақолаҳо АЛОИМИ “ДИЛИ ШИКАСТА” СИНДРОМ ТАКОТСУБО Бо admin Охирин навсозӣ Apr 12, 2024 0 Алоими “дили шикаста” ё синдром Такотсубо дар соҳаи тиб бо якчанд номҳои ба худ хос маълум аст, тавсиф карда мешавад. Аз ҷумла; кардиомиопатияи (васеъшавии ковокиҳои дил) такотсубо, алоими дили шикаста , кардиомиопатияи дар натиҷаи стресс ба амаломада, синдроми пуфаки болоӣ маънидод карда мешавад. Номи ғайриоддии “такотсубо” аз калимаи ҷопонии tako-tsubo гирифта шудааст, ки маънояш “қапқон барои ҳаштпо” аст. Шакли ин дастгоҳ пояи васеъ ва гардани танг дорад – меъдачаи чап ҳангоми ин беморӣ чунин шаклро мегирад. Бори аввал дар соли 1990 ин беморӣ аз ҷониби духтури ҷопонӣ Сато тавсиф карда шуд. Онҳо муайян карданд, ки дар соатҳои аввали инкишофи ин беморӣ, васеъшавии дил аз ҳисоби кашишхурии суст, ки дар ин ҳолат қуллаи дил шакли пуфакро мегирад ва ҳангоми ташхиси ултрасадои дил (УЗИ дил) ба пуррагӣ намоён мешавад. Дар ин маврид дил шакли як дастгоҳи қапқони ҳаштпоро бо номи “такотсубо” ба хотир меорад, ки маънои аслии “дегчаи ҳаштпо” дар забони ҷопониро дорад. НИШОНДОДҲОИ ГИРИФТОРШАВӢ БА АЛОИМИ “ДИЛИ ШИКАСТА” СИНДРОМ ТАКОТСУБО Алоими “дили шикаста” ё синдром Такотсубо дар 1-2% ҳолатҳои бемороне, ки бо гумони ташхиси сактаи шадиди миокард бистари мешаванд, рух медиҳад. Зиёда аз 90% беморон занони аз сини 45-55 солае, ки дар давраи менопауза (яке аз давраҳои қатъшавии фаъолияти узвҳои наслофарии зан) ва постменопауза (ҷараёни физиологие мебошад, ки пас аз як соли ҳайзбинии зан ба амал омада то охири умр давом мекунад) мебошанд. Дар бемороне, ки ба онҳо сактаи шадиди миокард ташхис гузошта шудаанд, синдроми такоцубо дар 7-10% ҳолатҳо ба амал меояд. Чаро занҳо бештар ба алоими “дили шикаста” гирифтор мешаванд? Яке аз вазифаҳои асосии гормонҳои ҷинсии занона яъне эстрогенҳо, ба гардиши хуни коронарӣ бевосита таъсир мерасонанд. Норасоии эстрогенҳо дар давраи менопауза ва постменопауза фаъолияти системаи асаби вегетативӣ, кори асаби симпатикиро зиёд мегардонад ва ба сустшавии функсияи эндотелия (қабати дохилии рагҳои хун) оварда мерасонад. Аз ин рӯ, дар беморон норасогии хунтаъминкунии рагҳои коронарӣ ба амал меояд. Чунин норасогиҳои дили асосан ҳангоми ҷой доштани атеросклероз ба назар мерасанд. Аммо дар ин ҳолат дар занҳо бе ҷой доштани чунин омили хатарнок пайдо мегардад. ОРИЗАҲОИ АЛОИМИ “ДИЛИ ШИКАСТА” СИНДРОМ ТАКОТСУБО Муддати тӯлонӣ табибон боварӣ доштанд, ки алоими “дили шикаста” (синдроми такоцубо) оризаҳои ҷиддӣ надорад ва ба ҳаёти бемор таҳдид намекунад. Аммо баъдтар хатари ҳолатҳои ба ҳаёт таҳдидкунанда ва ҳатто марги беморони гирифтори ин алоим аз сабаби норасоии шадиди дил дақиқ муайян карда шуд. Ҳангоми сари вақт муроҷиат накардани бемор ё табобати нодуруст гирифтан дар 52% беморон пайдошавии оризаҳо ба амал меояд. Дар марҳилаи авгирандаи алоими “дили шикаста” норасогии меъдачаи рост (18-34%) регургитатсияи даричаи (клапани) митралӣ (14-25%) тангшавии маҷрои хунпартоиши меъдачаи чап (10-25%) аритмияи меъдачаҳо 4% фибрилятсияи даҳлезҳо (5-15%) шоки кардиогенӣ 1,5% ба амал меояд. Инчунин, аз ҳисоби ноустувории вазифаи импулсии миокард дар алоими “дили шикаста” (синдроми такоцубо) тахиаритмия ва брадиаритмия –и дил ба вуҷуд меояд. Дар мавриди ҷараёни тӯлони доштани норасогиҳои мавҷуд буда метавонад, норасогиҳои дигар узвҳо инкишоф ёбад. Ҳангоми ҳолатҳои вазнини беморӣ хатари марг дар 1% беморон мушоҳида мешавад. САБАБҲОИ АЛОИМИ “ДИЛИ ШИКАСТА” СИНДРОМ ТАКОТСУБО Беморӣ аз ҳисоби афзоиши зиёди гормонҳои стресс (Кортизол, Гидрокортизон) ва спазми рагҳои хунгузари дил (шараёнҳои коронарӣ) дар зери таъсири омилҳои психоэмотсионалию ҷисмонӣ ба вуҷуд меояд. Дар натиҷаи ин равандҳо ҳаҷми партоиши дилу муқовимати рагҳо афзуда ва ба сарбории мушакҳои дил оварда мерасонад. Ба омилҳои бавуҷудоварандаи бемори дохил мешаванд: Омилҳои психоэмосионӣ: ҷанҷол ва хашм; марг ё бемории табобатнашвандаи наздикон; ҳолатҳои фавқулодда (масалан заминҷунбӣ); талафоти молиявӣ; мурофиаи судӣ; тағйири ҷои зист; бори аввал суханронӣ дар назди мардумони зиёд; сюрпризи барои инсон бе огоҳӣ, одатан барои рӯзи таваллуд ташкилшуда; Омилҳои ҷисмонӣ: камхунӣ аз сабаби хунравии меъдаю рӯда; истеъмоли миқдори зиёди инсулин ва бета-адреномиметикҳо; табобати электроимпулсӣ; ҷарроҳӣ ва анестезияи умумӣ; бемориҳои вазнин (хунравии субарахноидалӣ, тиреотоксикоз, бемории музмини обструктивии шуш, холецистити шадид); дарди шадид аз ҳисоби пневмоторакс, колики ҷигар ё гурда; санҷиши сарборӣ (санҷиши Добутамин); алоими абстиненсия (вокуниш ба катъ намудани хуруҷи маводҳои машруботи ва наркотикӣ); истифодаи кокаин; кӯшиши худкушӣ намудан. НИШОНАҲОИ КЛИНИКИИ АЛОИМИ “ДИЛИ ШИКАСТА” СИНДРОМ ТАКОТСУБО Аломатҳои алоими “дили шикаста” ба нишонаҳои сактаи миокард монанди доранд. Дар беморон нафастангӣ дард дар минтақаи дил (кардиалгия) бо паҳншави ба қисмати пушти қафаси сина дардҳои сӯзонанда, фишордиҳанда, халанда, ки аввал дар дасти чап пайдо шуда баъдан ба ҳарду даст, баъзан ба гардан, чоғи поён, ва фазои байни шонаҳо паҳн мешаванд. Дар пасманзари ин нишонаҳо нафастангӣ, арақи хунуку часпак ва ҳолати беҳушшавӣ ба назар мерасад. Баъзан дилбеҳузурӣ ва исҳол ба амал омада, ҳарорат то 37,3-38,5 °С баланд мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо, номураттабии ритми дил (Фибрилятсияи меъдачаҳо, асистолия) ба амал омада ва бемор ба ҳалокат мерасад. Аксар вақт, ҳамаи ин нишонаҳо дар натиҷаи ҳаяҷон, ҳаракатнокии бесаброна, эҳсоси тарси марг ва вайроншавии ҷараёни руҳиявӣ, ки шахс дар ҳолати номукалафи қарор дорад, ба амал меояд. Аз сабаби ҳиссиёти вазнини дар пойҳо, сустии умумӣ ва нафастангӣ, барои инсон ҳаракат кардан душвор мегардад. Сипас нишонаҳо тадриҷан камтар мешаванд. Алоими “дили шикаста” синдром такотсубо баръакси инфаркти миокард, пас аз як моҳи моҳи табобат намудан, фаъолияти кории системаи дилу рагҳо пурра барқарор мешавад ва ҳеҷ гуна зуҳуроти беморӣ боқӣ намемонад. ТАШХИСИ АЛОИМИ “ДИЛИ ШИКАСТА” СИНДРОМ ТАКОТСУБО Пеш аз ҳама дар вақти гузоштани ташхис бояд дар назар дошт, ки хуруҷҳои стенокардия ё инфакрти миокард бо аломатҳои клиникии ин алоим шабеҳи ҳамдигар мебошанд. Ҳангоми муоина табиби кардиолог бояд пурра ва ҳаматарафа аз ҳолати бемор шинос шуда, шикоятҳои беморӣ, собиқаи ҳаётӣ ва собиқаи бемориро дуруст ҷамъовари карда, ташхиси тафриқавӣ (дифференциальной диагностика) гузаронад. Барои гузаронидани тадқиқот ҳарчи зудтар ва дар муддати кӯтоҳ ба таври максималӣ таҳлилҳои лабораторию инструменталӣ таъин карда шавад. Электрокардиография. Дар марҳилаи шадиди беморӣ чунин таъғиротҳои назаррас ба амал меояд. Пастшавии сегменти ST аз хати муқарарӣ, бандиши пояи дастаи Гисс, дарозшавии интервали QT. Муайян намудани сатҳи биомаркерҳои дил. Баландашавии сатҳи тропонин ва креатинкиназа на он қадар ба назар мерасад. Эхокардиография.дисфунксияи миокард, гипокинезия, вайроншавии кашишхурии девораҳои меъдачаи чап. Регургитатсияи дарғоти митралӣ. Коронарография. Ин усул бештар барои инкор кардани сактаи миокард тавсия дода мешавад. Ҳангоми алоими “дили шикаста” ё худ кардиомиопатияи такотсубо ягон таъғирот ба вуҷуд намеояд. Дарои пурра аниқ кардани ташхис вентрикулография тавсия дода мешавад. Ташхисҳои иловагӣ: ТМР-дил синтиграфияи перфузионии миокард. ТАБОБАТИ АЛОИМИ “ДИЛИ ШИКАСТА” СИНДРОМ ТАКОТСУБО Пеш аз ҳама дар табобатӣ алоими дили шикаста бояд сабаби беморӣ шикоятҳои бемор, аломатҳои клиникӣ, таҳлилҳои лабораторию инструменталӣ ба инобат гирифта шавад. Табобат ҳарчи зудтар дар шароити статсионарӣ ё дар шуъбаҳои кардиологӣ ва ҳуҷраҳои табобати вусъатнок (интенсивӣ) гузаронида мешавад. Барои табобати алоими дили шикаста ё кардиомиопатияи такотсубо чунин маводҳои доруворӣ тавсия дода мешавад; Сенсибилизаторҳои Калсий. Тавсия дода мешавад ҳангоми яку якбора пастшудани фраксияи партоиши дил ва монеашавии динамикии хун аз меъдачаи чап. Маводи зарурии левосимендан ки барои беҳтар намудани нишондодҳои микросиркулятсия ва барои пешгири инкишофёбии шоки кардиогени таъсири хуб мерасонад. Маводҳои гипотензивӣ. Бета-блокаторҳо барои муътадил гардонидани набз, камнамудани нафастангӣ ва дилзанӣ, антагонистҳои калсий, диуретикҳо. Антиксиолитикӣ, нейролептикҳо ва антипсизотикӣ. (алимемазин, гидроксизин, диазепам, феназепам, сибазон) ин маводҳои доруворӣ барои кам кардани ҳаяҷон, тарс, стресс ва дигар ҳолатҳои вайроншавии ҷараёни руҳи тавсия дода бениҳоят хуб аст. Антиагрегантҳо ва антикоагулянтҳо. Таъин карда мешавад барои пешгирии ҳосилшавии тромб ва профилактикии лахташавии хун дар ковокиҳои дил. Аналгетикҳои мухаддир.(промедол, морфин) ҳангоми сар задани дардҳо ва барои хусусияти седативӣ доштанашон истифода мебаранд. ОҚИБАТ ВА ПРОФИЛАКТИКАИ АЛОИМИ “ДИЛИ ШИКАСТА” СИНДРОМ ТАКОТСУБО Дар 95.5% ҳолатҳо беморон ҳангоми табобат дар муддати 2-3 ҳафта пурра сиҳат мешаванд. Оқибатҳои номусоид ва фавти беморон ба 4.5% мерасад. Инчунин ин бемори метавонад такроран боз дубора, ки бештар ба занҳо хос мебошад, дучор мешаванд. Такроршавии алоими “дили шикаста” танҳо дар 1,2% беморон дар муддати 6 моҳи пас аз табобат ва 5% дар муддати 6 сол эҳтимолияти гирифторшави доранд. Баъди пурра табобат гирифта беморон бояд дар давоми 4-6 ҳафтаи баъди табобат дубора ба муоинаи табиби табобати омада аз ташхисҳои тавсия дода гузарад. Дар сурати муътадил будани фаъолияти дил ба бемор табобати санаторию-курортӣ тавсия дода мумкин аст. Мунаваров Беҳруз Абдулазизович Ассистенти кафедраи “Асабшиносӣ, ёрии паллиативӣ ва асосҳои равоншиносӣ” Табиби бемориҳои дил 0 Мубодила кардан