Экстремизм аз вожаи фаронсавии ”extremism“ва лоотинии “extrems“ гирифта шуда , маънои луғавиаш ифротгарӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона ва аз ҳад гузаштан аз андоза гузаштанро дорад. Ҳанӯз аз оғози ҳазораи дуввум ифротгароӣ, терроризму экстремизм амалан асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон ва ба амнияти тамоми ҷаҳон таҳдид мекунад. Чӣ хеле ки Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20-уми январи соли 2016 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид карданд, терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Аз ин ру ҷавононро зарур аст, ки зиаракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифротгаро ва гурӯҳҳои терроризмро биёмӯзанд ва барои рафъи он кушиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.Мақсади ин зуҳуроти хатарнок ва нангин-ифротгароии динӣ, ки ҳанӯз солҳои 70-80-уми қарни XX дар ҷаҳони муосир доман паҳн кард, бо роҳи зӯрӣ тағйир додани сохти давлатдории конститутсионӣ ва ғасби ҳокимият мебошад. Қурбони терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Ақидаҳои назархоҳонаи ташкилот ва ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ бо вуҷуди он ки худро дар асоси шариати исломӣ ташкилёфта меҳисобанд, зидди ислом равона гардида, тавассути зархаридони аврупоӣ бо роҳи таъсиси хилофати ягона мақсадашон бенизомӣ ворид кардан байни мусулмонҳо мебошад. Яке аз ташкилотҳои ифротгаро, ки усули фаъолияташ аз амалҳои террористӣ иборат аст, ДИИШ рақибони худро бо бадтарин шеваҳои ҷангӣ нест мекунад. Аъзои он таҳти шиорҳои динию мазҳабӣ, ки ба дини мубини ислом иртибот надорад, баромад карда, алалхусус ҷавононро, ки қалбҳояшон орӣ аз ҳама гуна кинаву ғараз аст, ба идеологияи ифротгароёна ҷалб месозанд. Аммо кӯдакон, пиронсолон, занони ҳомила, маъюбон-онҳоеро, ки дар амалисозии барномаҳояшон «халал» мерасонанд, қатли ом менамоянд. Имрӯз амали ғайриинсонии ҷавони суриягии гурӯҳи террористии ба ном (давлати исломӣ)-ро, ки модари бо азобу ранҷ ҷуста ӯро пайдо намударо дар назди омма ваҳшиёна ба қатл расонид ва марди афғонӣ гӯшу бинии ҳамсарашро буридаро ҷаҳон маҳкум мекунад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бо терроризм ва экстремизм, бо боварӣ ва эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар муттаҳид гардидани кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо намудаанд. “Ман чандин маротиба аз минбарҳои СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмиллалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”Мардуми тоҷик, ки ҳанӯз аз солҳои 90-уми қарни гузашта чӣ будани экстремизму терроризмро фаҳмидааст, набояд бори дигар гумошта шуда сӯйи ҷаҳолату нодонӣ равад. Барои амалисозии нақшаҳои харобкоронаи хоинони миллату давлат набояд имкон диҳем.
Маҳз бо заҳмату талошҳои Пешвои миллат Эмомали Раҳмон тамоми он рузҳои даҳшатнок паси сар гаштанд.Имруз аз гулгулшукуфоии давлатамон бояд ҳар яки мо аз Худованд шукргузор бошем. Аз ин лиҳоз, мебояд, тинҷиву амонии кишвар, ки худ аз худ бавуҷуд намеояд, он шахсиятҳоеро, ки баҳри амнияти кишварамон шабу рӯз дар хизматанд, дуои нек кунем. Бинобар ин ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки зиракии миёсиро аз даст надода, бар зидди вабои аср – террроризму ифротгароӣ мубориза барад.
Дар ин марҳалаи ҳассос зиракии сиёсӣ, дӯст доштани Ватан, номуси миллию мазҳабӣ ва аз ҳама болотар фирефтаю бозичаи ақидаҳои бофтаю сохта ва найрангу бозиҳои сиёсӣ, динӣ, мазҳабӣ ва экстремистию қавмӣ нагардидани ҳар як фард барои суботу оромии ҷомеа зарур аст. Сарвари давлат амал намуда, фарзандонро бо одобу ахлоқи ҳамида ба воя расонида, дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва илмомӯзӣ тарбия карда, ба амалҳои созандагию ободкорона раҳнамун созем.
Мутаассифона, терроризм рӯз то рӯз қомат рост карда истодааст. Сабабгори аввалинаш манфиатхоҳии давлатҳои абарқудрат аст. Он аз хавфи ба вуҷуд омадани ҷанги сеюми ҷаҳон дарак медиҳад.
Тағйир додани фикру назари ҷомеа тавассути воситаҳои ахбори омма ва тариқи пинҳонӣ тарғиби ақидаҳои динӣ-экстремистӣ, ки мутаассифона дар шаклҳои гуногун сурат мегирад ба ҷавонони ноогоҳ таъсири худро мегузорад. Навад дар сади аъзоёни гурӯҳҳои фиребхурдаи ноогоҳ ҷавонон мебошанд, ки мактаб нахонда ва ё дар мактаб бо баҳои аз ҳама паст таҳсил намуда аз таълимоти мазҳаби Имоми Аъзам ва умуман мазҳабҳои ислом заррае хабар надоранд.
Дар як фарди солимфикри тоҷикистонӣ бахусус волидайн, тарбиятгарону омӯзгоронро зарур аст, аз рӯйи ҳидоятҳои Сарвари давлат амал намуда, фарзандонро бо одобу ахлоқи ҳамида ба воя расонида, дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва илмомӯзӣ тарбия карда, ба амалҳои созандагию ободкорона раҳнамун созем.
Омӯзгори кафедраи “Техналогиияи дорусозӣ” Саидов М.