Мақолаҳо БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ПАРВОЗИ ИНСОН БА КАЙҲОН – 12 АПРЕЛИ СОЛИ 1961 Бо admin Охирин навсозӣ Apr 12, 2024 0 Асрори кайҳон Ахтаршиносӣ ё астрономия илми пажӯҳандаи сохт ва инкишофи ҷирмҳои кайҳонӣ, манзумаҳои онҳо ва Коиноти том мебошад. Астрономия илми қадимӣ буда, дар заминаи ҳаёти моддии одамон ба вуҷуд омадааст. Бодиянишинони қадим ба вазъи ситораҳо нигоҳ карда, чорворо ба чарогоҳҳои нав меронданд. Корҳои деҳқонӣ низ пешакӣ донистани вазъ ва имтидоди фаслҳои солро талаб мекард. Ин ҳама пешравиҳою кунҷкобиҳои инсон боиси рушди илми астрономия ва омӯзиши ҳаматарафаи кайҳон ва пайдоиши кайҳонавардӣ гардид Кайҳоннавардӣ (заб. русӣ Космонавтика) – ин тадқиқоти фазои кайҳонӣ бо ёрии аппаратҳои кайҳон, ки аз тарафи инсон идора мешавад, мебошад. Аввалин маротиба азхудкунии кайҳон 4 октябри соли 1957 аз тарафи олимони Иттиҳоди Шӯравӣ ба роҳ монда шуда буд, дар ин рӯз ба кайҳон сафинаи фазоиро фиристоданд. 12 апрели соли 1961 Юрий Алексеевич Гагарин бо киштии кайҳонии «Восток» Заминро аз рӯи мадор давр зад, ки бо ин давраи кайҳоннавардии таърихи башарро кушод. Аз ҳамин вақт рӯзи 12-уми апрел ҳамчун санаи муҳиме дар тамоми дунё ба қайд гирифта мешавад. Бояд гуфт, ки аввалин кайҳонаварди шӯравӣ Ю.Гагарин 9 марти соли 1934 дар вилояти Смоленски Федератсияи Русия ба дунё омадааст. Ҳангоми омодагӣ ба парвози аввалин ба кайҳон ғайр аз Гагарин боз 20 нафар довталаб буданд. Онҳо аз байни дидбонҳои (лётчикҳои) қиркунанда интихоб шуда буданд. Аз байни 20 нафар довталаб 6 нафар интихоб гардида буд. Гагарин дар лаҳзаҳои охирон барои парвоз интихоб мешавад. Бо инкишофи минбаъдаи фаъолияти кайҳонӣ ҳамасола инсоният бештар дарк карда истодааст, ки ин санаи муҳим давраи наверо дар таърихи инсоният мекушояд ва такони ҷиддие баҳри рушди тамаддуни умумибашар гузошт. 7-уми апрели соли 2011 дар маҷлиси умумии Ассамблеяи Генералии Созмони Давлатҳои Муттаҳид, ки ба ифтихори 50-умин солгарди аввалин парвози инсон ба кайҳон барпо гардид, 12-уми апрел рӯзи байналмилалии парвози инсон ба кайҳон эълон карда шуд. Маҳз аз ҳамин воқеаи таърихӣ омӯзиши кайҳон фаъолона гардид, ки аз натиҷаҳои он тамоми ҷомеаи башарият истифода мебарад. Шабакаи тамоси ҷаҳонии Интернет, шабакаҳои телевизионӣ ва воситаҳои алоқаи мобилӣ ба туфайли аз худ кардани фазои кайҳонии наздизаминӣ, яъне сар додани зиёди радифҳо ба ин фазо, пайдо шуданд. Омӯзиши ҳолати обу ҳаво ва пешгӯии он, харитасозии сатҳи Замин ва муайян кардани кординатҳо (воситаҳои GPS), хизматрасонии навигатсионӣ, ҷустуҷӯи маъданҳои фоиданок ва ғайра – ҳамаи ин далелҳои амалӣ натиҷаҳои бомуваффақияти омӯхтани ва истифодабарии кайҳон мебошанд. Кайҳоннавардӣ ба комёбиҳои нав қадам монда истодааст, туризми кайҳонӣ фаъолона тараққӣ карда истодааст. Кайҳонавардон боз ба кашфи рӯи сайёраи Моҳтоб гузаштанӣ ҳастанд ва нигоҳи худро ба сӯи сайёраи Миррих сафарбар намудаанд. Ассистенти кафедраи “Фанҳои морфологӣ” – и МДТ “Колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ “ Ҷамилова Майдагул Мирзохоновна 0 Мубодила кардан