Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ПАРВОЗИ ИНСОН БА КАЙҲОН

4 октябри соли 1957 сар дода шудани нахустин дар дунё радифи маснӯи Замин давраи нави кайҳонавардиро оғоз кард. 12 апрели соли 1961 Ю.А Гагарин аввалин шуда дар атрофи Замин парвози кайҳонии мадориро иҷро кард ва ба давраи бевосита ба кайҳон роҳ ёфтани инсон асос гузошт.

Кайҳонавардӣ –илм оид ба парвоз дар фазои кайҳон ба воситаи  аппаратҳои кайҳонӣ буда, маҷмӯи соҳаҳои илму техникаро дар бар гирифта, барои эҳтиёҷи инсон аз худ кардани кайҳон ва объектҳои берунизаминиро таъмин менамояд.Назарияи парвозҳои кайҳонӣ сохтани мушаку муҳаррикҳо, системаи идоракунии бортӣ , стансияҳои автомвтӣ , таъмини стансияҳои мадорӣ ва ғайра аз қабили проблемаҳои кайҳоннавардианд.Асосгузори кайҳонавардӣ олими рус К.Е.Сиолковский мебошад.Вай нахустин шуда микопазир будани парвози кайҳонӣ ва ҳалли як қатор проблемаҳои асосиро нишон дод.Ба ҳалли маъалаҳои кайҳонавардӣ тадқиқоти  И.В ,Мешерский ,Ю.В, Кондратюк, Ф.А.Сандер , Н.А. Ранин  ва дигар олимони рус бахшида шудаанд.

Дар Иттиҳоди шуравӣ тадқиқотҳо доир ба техникаи мушакӣ аз соли 1921 оғоз ёфта буд, ки роҳбарии онро Н.И.Тихомиров ба ӯҳда дошт.Аз солҳои 1928-1931 санҷишҳои мушакҳои борутӣ оғоз ёфта буд.аз соли 1993 таҳти роҳбарии С.П.Королев нахустин мушакҳои моеъӣ аз санҷиш гузаштанд.Баъди ҷанги дуюми ҷаҳон мушакҳои пуриқтидори баллистикии байниқитъавӣ ихтироъ карда шудаанд, ки заминаи хуби инкишофи кайҳонавардӣ гардид.

Санаи дигари муҳими таърихии кайҳонавардӣ экспедитсияи якум ба Моҳ мебошад, ки 16-24 июли соли 1969 Н. Армстронг . Э.Олдрин ва М.Коллинз (ИМА) ба ҷо оварданд.Ҳоло як қатор мамлакатҳо Росия,ИМА, Франсия , Япония ,Республикаи халқии Хитой , Англия аз аппаратҳои кайҳонии мухталиф истифода мебаранд.Асосгузори кайҳнавардӣ амалӣ С.П.Королев мебошад.ба тараққиёти техникаи мушакию кайҳонии шуравӣ бюроҳои конструктории М.К.Янгел ,Г.М.

Бабакин ,А. М.Исаев ва дигарон саҳми калон гузоштанд.Бо роҳбарии В.П.Глушко муҳаррикҳои пуриқтидор ба вуҷуд оварда шудаанд, ки дар ҳама мушакҳои барандаи солҳои 1957-1973 истифода шудаанд.Назарияи парвози кайҳонӣ ба механикаи осмонӣ ва назарияи идораи аппаратҳои кайҳонӣ асос ёфтааст.Фасли механикаи фазоӣ , ҳаракати радифҳои маснӯи Замин ва Моҳ, стансияҳои автоматии байнисайёравиро меомӯзад астродинамика мебошад.Ҳангоми парвоз ба сӯи Моҳ, Миррих ё Зӯҳра аппарати кайҳонӣ аввал ба мадори радифи маснӯи Замин бароварда шуда, сипас ба сӯи сайёра парвоз хоҳад кард.Қувваҳои ангезандае , ки таъсири онҳоро ба назар гирифтан имконпазир аст, сабаби тағйир ёфтани  траекторияи ҳаракати радиф мешаванд.Барои ислоҳи кардани траекторияи парвоз муҳаррики мушакӣ баъди ҳар чанд  вақт ба мууддати кӯтоҳ ба кор андохта мешавад.Ба вуҷуд овардани комплекси мушакию кайҳонӣ проблемаи мурракаби илмию техникӣ мебошад.Масалан, массаи мушакҳои барандаи бузург то 3000 тонна ва дарозии онҳо беш аз 100м шуда , 90% массаи онро сузишвори ташкил медиҳад.Аз ин сабаб зарур аст, ки конструксияи мушак то ҳади имкон сабук бошад . Баъди истифодаи сӯзишворӣ дар рафти парвоз зарфҳои холишуда бори зиёдатӣ мешавад.Аз ин сабаб мушакҳоӣ барандаро бисёрзина (аз 2 то 4 зина) месозанд. Зинаҳои мушак баробари холӣ шудани зарффҳои сӯзишворӣ пайи ҳам партофта мешавад.

Бештар муҳаррикҳои мушакии мойеъи, баъзан муҳаррикҳои бо сӯзишвории сахт коркунанда истифода мешаванд. Муҳаррикҳои дар асоси истеъмоли энергияи ядроӣ коркунанда дар марҳилаи таҷриба мебошад.Иқтидори муҳаррикҳои мушакҳои баранда даҳо милион кВт аст.

Ба мадор бароварда шудани аппарати кайҳонӣ ба шарте бо муваффақият шуморида мешавад, ки агар суръати парвози радифи маснӯи Замин ба 7,91км/с ва суъати парвози аппаратҳои ба сӯйи Моҳ, Миррих ё Зӯҳра парвозкунанда тақрибан ба   11,19 км/с барорбар гардад. Барои сайёраҳои дур ё Офтоб парвоз кардан суръат дуюми кайҳони хеле  зиёдтар шавад.Аппарати кайҳонӣ бояд дар шароити фазои кайҳонӣ муддати дароз мустақилона кор карда тавонад. Барои ин мавҷуд будани системаҳои режими ҳарорат, системаи таъминии энергия, системаи алоқа бо Замин, системаҳои идоракунии ҳаракат бояд мураттаб кор кунад.киштии кайҳонӣ бояд экипажро аз муҳити кайҳон, масалан, шуоъафкании зарарнок, ҳимоя кунад ва системаи таъмини ҳаёт дошта бошад. Ҳангоми парвозҳо кутоҳмӯдат миқдори зарӯрии хӯрок, об ва дигар лавозимот захира карда шуда, дар парвозҳои дарозмуддат истеҳсоли хӯроквори , регенератсияи обу оксиген бояд дар худи кишти ба вуҷуд оварда шавад.Таъмин кардани парвози аппаратҳои парвози кайҳонӣ шабакаи васеъи умури идоракуниро талаб мекунад.Дар тамоми минтақаҳои рӯи Замин нуқтаҳои алоҳидаи кайҳонӣ масалан, киштиҳои баҳри “Юрий Гагарин ”,”Космонавт Владимир Комаров ” ва ғайра, ҷойгир карда шудаан.Вазифаҳои муҳимтарини кайҳоннавардии имрӯза тадқиқи фазои кайҳон ва ҷирмҳои алоҳидаи системаи Офтоб, объектҳои галактикию берунгалактикӣ, аз мавқеи кайҳон омӯхтани Замин, атмосфера ва муҳити табии он, истифодаи амалии парвозҳои кайҳонӣ барои алоқаи дур масофа, дар метеорология , океанологияю гидрология ва сесмология, ҷӯстуҷӯи сарватҳои табии Замин ва назорати бефосилаи он, навигатсияи баҳри ва навигатсионӣ ва ғайра мебошад. Ҳоло зиёда аз 3000 аппаратҳои кайҳонӣ ва бештар аз 60 парвозҳои киштиҳои кайҳонии пилондор амалӣ гаштааст.

Кайҳонавардонӣ аввалин инҳо буданд: Ю.А.Гагарин, Г.С.Титов, А.Г.Николаев, П.Р .Попович, В .Ф. Биковкий, В.В  Терешкова ,В.М. Комаров, К.П. Феоктистов , Б.Б. Эгоров, П.И, Беляев, А.А. Лионов , Г.Т. Берегов, В.А. Шаталов , А.С. Елисеев , Е.В. Хурунов , В.Н.Кубасов, Г.С. Шонин, В.В.Лебедев, А.В.Флипченко, В.Н.Волков, В.В.Горбатко, В.И.Севастиянов, Н.Н. Рукавишников, В.А.Ҷонибеков,Ю.Н.Глазков,  В.М.Жологов,Б.В.Волинов.

Ассистенти кафедраи “Фанҳои таббиию риёзӣ” Усмонов Муродулло Абдурашидович

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.