То ин вақт 12 намуди растанӣ ба шароити Миррих мутобиқ шудаанд, ва метавонанд ки сабзиш кунанд. Ҳамаи ин ба як хотир аст, колонизатсия инсон ба ин сайёра.
Сохтани киштиҳои кайҳонӣ, бурда расонидани кайҳонавардон ва таҷҳизотҳои заруриро ширкати Space X ба ўҳдаи худ гирифтааст, ба наздики ширкати Boeng, ки ҳавопаймо истеҳсол мекунад ба ин рақобат худро ворид сохт. Яке аз машҳуртарин лоиҳаҳо ин Mars one – Миррих як мебошад. Лоиҳа байнанмилалӣ буда, соли 2010 ташкил шудааст. Роҳбари ин лоиҳа шаҳрванди Нидерландия Бас Лансдорп мебошад. Лоиҳа ғайридавлатӣ буда, аз ҷониби ширкатҳои гуногуни ҷаҳони маблағгузорӣ ва дастгирӣ карда мешавад. Лоиҳаи Mars one барои ҷиддӣ будани худро нишон додан, санаи 22 апрели соли 2013 барои колонизатсияи инсон ба Миррих озмўн элон намуда буд, ки бисёр вақт бо номи «билет в один конец» машҳур аст, аз сабаби парвоз яктарафа буданаш ба худ чунин номро гирифтааст. Шаҳрвандони ҳамаи давлатҳо метавонитан дар он ширкат варзанд. Сафар яктарафа буда, шахсоне ки ба ин сафар мераванд, дигар ба Замин барнагашта, сокинони муқимии Миррих мегарданд.
Як сабаби барнагардонидани инсон ин ҷозибаи Миррих мебошад, ки 3 маротиба аз ҷозибаи Замин заифтар аст ки 62%-ро ташкил медиҳад, дар ҷозибаи паст организм ва устухони инсон худро хуб ҳис мекунад ва зудтар ба ин шароит мутобиқ мешавад аммо дар чунин ҳолат инсон 5% вазни бофтаҳои баданашро дар як ҳафта аз даст медиҳад, ва 1-2 % вазни устухонҳояшро бошад дар 1 моҳ. Нисбат ба Замин дар Миррих мутобиқ шудан осонтар аст агар шахсоне ки ба Миррих мутобиқ шаванд ба Замин дер мутобиқ мешаванд ва ё мутобиқ шуда наметавонанд. Насле ки баъдан дар ин сайёра тавалуд мешаванд мумкин ба Замин дигар баргаштан нахоҳанд чунки мутобиқ шуда наметавонанд, шояд то он вақт биологияю химия ва технология пеш раванд ва роҳҳои мутобиқшави кашф карда шавад.
Шахсоне ки ба ин сайёра сокин мешаванд хусусиятҳо ва ранги пусташон ба фарзандонашон мегузарад ва фарзандони онҳо аз сокинони Замин фарқ хоҳанд кард. Агар гуфтаҳои болоро таҳлил карда бароем насли нави инсони ба вуҷуд хоҳад омад, ки аз одамони замини куллан фарқ хоҳанд кард.
Чи тавре ки солҳои 61-69-уми асри ХХ аввалин парвози инсон ба кайҳон ва ба Моҳ ҷаҳонро ба ҷунбиш дароварда буд, парвози инсон ба Миррих ҳам барои асри ХХI чунин аст гуфт Лансдорп.
Дар охирҳои соли 2015 Mars One барои гузаронидани таҷриба ва ҷамъ намудани кайҳонавардони оянда шуруъ кард ки аз шумораи дар боло зикршуда 24 нафарашон интихоб гардида ва ба 6 гурўҳи аз 4 нафари иборат буда тақсим карда мешаванд дар оянда 4 нафарашон барои парвози нахустини инсон ба Миррих мувофиқи овоздиҳии чаҳони ки тариқи шабакаҳои интернетию телевизионӣ баргузор мегардад интихоб хоханд шуд.
Ба ҳаяти гурўҳ одамони солим, боақл, босавод, илм ва фаҳмиши техникӣ дошта интихоб карда мешаванд. То вақти парвоз ба он нафароне ки барои парвоз интихоб карда мешаванд хосиятҳои сайёра, чи тавр ба муҳити он чо мутобиқ шудан, тарзи кору имкониятҳои киштии кайҳони, фаъолияту зиндагӣ дар сайёра ва дигар ҷиҳатҳо омузонида мешаванд.
Ҳайати 4 нафарае ки авалин шуда, ба Миррих парвоз мекунанд бояд аз як технолог, ки оиди техника ва таҷҳизоте, ки дар он зиндаги мекунанд хамачиро донад ва тарзи дуруст таъмир намудани онро хуб фаҳмад, як геолог ки хусусиятҳои хокро омўзад ва таҳлил кунад, як эгзобиолог оиди дуруст парвариш намудани растаниҳою таҳқиқоту ҷустуҷўи ҳаёт дар ин сайёра, ва як духтур барои муолиҷа намудан дар ҳолатҳои сабук ва вазнин. Маблағе ки барои лоиҳаи Mars One аз рўи парвози яктарафа барои гурўҳи 4 нафараи аввал сарф карда мешавад 6 млрд долларро ташкил медиҳад.
Аз рўи нақша соли 2018 ё 2021 барои озмоиш намудани нишасти киштиҳои кайҳони дастгоҳи худкоре бо номи Марсаход равон карда мешавад, минтақаи нишаст қутби шимоли сайёра интихоб шудааст, зеро он ҷо захираи об дар шакли ях ва нури рўшнои барои ба даст овардани қувваи барқ кифоягӣ мекунад. Дастгоҳ он ҷо минтақаи хуб ва майдони фурудоии киштиҳои кайҳониро омода месозад. Шуръ аз соли 2026 баъди ҳар ду сол як парвози анчом дода мешавад, дигар хел карда гуем баъди ҳар ду сол 1 гурруҳи инсон ки аз 4 нафар иборат аст ба ин сайёра бурда мешаванд
Авалин ҷои зисти инсон дар ин сайёра бе ин блокҳо ё ин ки таҷҳизотҳое дар Замин сохта мешаванду ба Миррих бурда мешаванд хоҳанд буд ва растаниҳоро дар гармхона ё ин ки озмоишгоҳҳо месабзонанд, баъдан худи одамон дар он ҷо бо воситаи роботҳо ва принтерҳо биноҳо хоҳанд сохт ки дар дохилаш ҳам худашон ва ҳам ғизо яъне растаниҳоро парвариш хоҳанд кард.
Новобаста аз он, ки дар кайҳон сайёраҳои заминмонанд бисёранд, то ҳол мо имконияти кашф ва ба он ҷо парвозро надорем. То он вақт Миррих ҳамчун пойгоҳи таҷрибавӣ барои маҳв нашудани Инсон кўмак хоҳад расонид.