Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ИФРОТГАРОӢ ВА ТУНДРАВӢ – ХАТАР БА АМНИЯТИ БАШАРИЯТ

Таълимоти ифротгароӣ ва тундравӣ ё худ экстремизми динӣ падидаи бисёр хатарноки иҷтимоӣ мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба тавиш овардааст. Дар солҳои охир дил бастани ҷавонони бемаърифат ва сустирода ба чунин равияҳои мамнуъ ва хатарнок зиёд ба назар мерасад, ки боиси нигаронии  аҳли сокинони сайёра гардидааст. Ин падидаи хатарнок дар тамоми ҷаҳон чун омили бесуботӣ ва даҳшатафканӣ, инчунин як неруи зишти тафриқаафкан байни миллатҳои дӯсту бародар ва фарҳангҳо зуҳур кардааст.

Ифротгароӣ маънои тундравӣ, моҷароҷӯйӣ ва зӯровариро дошта, бо мафҳуми терроризм муродиф аст. Вақте ки сухан дар бораи ифротгароӣ меравад, ҳамон мафҳуми тундравӣ дар назар дошта мешавад. Мафҳуми мазкур аз рӯйи моҳияти худ маънои ҳодисаҳои хатарнок, диверсионӣ ва даҳшатангезро дошта, одамон онро шунида, ҳам замон дар худ ҳисси хатар, тарс, ноумедӣ ва эҳтиётро эҳсос мекунанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки терроризм ба ягон дин, мазҳаб ва ё миллат алоқамандӣ надорад. Аксар бар он назаранд, ки ин падидаи номатлуб хоси дини мубини ислом мебошад. Набояд фаромуш кард, ки дини мубини ислом чун ҳама динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозуъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зӯроварӣ ва хурофоту кушторро маҳкум мекунад. Вобаста ба ҳамин қайд кардан лозим аст, ки ягон дин одамонро ба тундгароӣ, зулму ситам, бераҳмӣ, куштани афроди бегуноҳ, хусусан, занону кӯдакон ва ба фаҳш даъват намекунад. Баръакс динҳо инсонҳоро ба рафтори парҳезкорона, олиҳимматӣ, риояи қонунҳо, эътироз ба зӯроварӣ ва дигар сифатҳои баланди инсонӣ, пеш аз ҳама ба гуманизм даъват менамоянд.

Омили пайдоиши ифротгароӣ ин баланд шудани таъсири нуфузи қувваҳои хориҷӣ ба масоили дохилии кишвар аст. Ба воситаи паҳн намудани таълимоти ҳизбҳои гуногун, ки хилофи таълимоти анъанавии ислом аст, мехоҳанд нооромӣ ва норозигиро байни ташкилоти динӣ ва мусулмонон ба вуҷуд оваранд. Чунин ҳаракату ҳизбҳо, ба мисли “Ҳизбу-т-таҳрир”, “Ҷамоати таблиғ”, “Салафия”, “Аҳмадия”, “Ансоруллоҳ”, “Ҳизби наҳзати исломӣ”, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, “Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ)” ва “Ихвону-л-муслимин”, ки фаъолияташон дар қаламрави Тоҷикистон мамнуъ аст, метавонанд, на танҳо вазъи динӣ, балки вазъи сиёсиро дар мамлакат халалдор намоянд.

Падидаи хатарбори терроризм ва экстремизми динӣ якранг  нест, балки доим дар тағйиру таҳаввул аст ва он рўз то рўз инкишоф меёбад ва дар шаклу усули нав зуҳур менамояд ва ба таври васеъ дар кулли манотиқи олам паҳн мешавад. Рўй ба ифротгарої овардани ҷавонони имрўза шояд вазъи иқтисодї, фиреб хӯрдан, надонистани қонун, бесаводию ҷаҳолат,  хурофотпарастї, дониши пасти сиёсию динӣ, надоштани таҳсилоти олї ва дигар омилҳо бошанд. Набояд фаромуш кард, ки ҳизбу ташкилотҳои хусусияти экстремистидошта, аксар вақт аз эҳсоси динии ҷавонони сустирода ва онҳое, ки маърифатнокиву ҷаҳонбиниашон маҳдуд аст, истифода мебаранд. Боиси таассуф аст, ки ҷавонони ифротгаро ва тундхӯйи ситезаҷӯй доғи дили падару модарон, дарди сари ҷомеа ва омили хушунат, низоъ ва фитнаҳои навбатӣ хоҳанд гашт.

Ҷумҳурии мо, ки ҳануз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат бо терроризм ва экстремизмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ зиёда аз 150 ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд, ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад. Новобаста аз ин имрӯзҳо низ баъзе доираҳои сиёсии хориҷӣ, баъзе ҳизбу ҳаракатҳое ҳастанд, ки  ҳануз ҳам аз ниятҳои бадхоҳонаи худ нисбати миллати мо даст накашидаанд ва мехоҳанд, ки нақшаҳои харобкорона ва хоинонаи худро бо дасти зархаридону гумоштагонашон амалӣ намоянд. Вале миллати мо оқибати он ҳама нооромиву низоъҳоро ба хубӣ дарк намуд ва дигар намегузорад, ки зиндагии орому осударо чун солҳои навадум бо фитнаангезиву дасисабозӣ гурӯҳе халалдор намояд.

Ҷомеаи моро зарур аст, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат амал намуда, ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осоиштагии кишвар ҳамеша омода бошанд. Дар ин радиф ҷавонону наврасонро дар руҳияи ватандӯстӣ, шинохти асолати миллӣ ва арзишҳои миллӣ ба камол расонидан вазифа ва қарзи имониву виҷдонии ҳар яки мо ба шумор меравад. Ҳифзи ҳар як зарра хоки Ватан чун гавҳараки чашм васияти бузургони ин миллати куҳанбунёду тамаддунофар аст. Ҷавонони мо бояд ғурури миллӣ ва ҳисси миллии балад дошта бошанд. Дар баробари ин пеш аз ҳама бо донишҳои замони муосир ва донистани забонҳои хориҷӣ ва технологияи навини аср мусаллаҳ бошанд, зеро раванди муосири сайёра ва вазъи минтақаву геопалитикии ҷаҳони пуртазод ҳаминро тақозо менамояд.

Мудири кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ” –

МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

н.и.ф. – Назарова М.С.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.