Баръакс агар навзод ба қадри кифоя хусусияти ашёҳои иҳотакардаро дониста гирад, рефлекси муайянкуниаш тез инкишоф меёбад ва он боиси амали ҳаракатӣ ва инкишофи дигар фаъолиятҳои маърифатии навзод мегардад.
«Ҳангоми таваллуд, – мегӯяд Е. А. Аркин, – майнаи сар аз массаи якхелаи моддаҳои хокистарранг иборат буда, ҳоло торҳои асаб бо пардаи миэлинӣпӯшида нашудааст». Протсесси бо пардаи миэлинӣпӯшидашавии торҳои асаб дар кӯдакони навзод бо суръати тез мегузарад.
Ҳамин тавр аён шуд. ки фаъолияти майнаи сар ба самарабахш ба роҳ мондани машғулиятҳои боғчаи бачагон ва кори таълиму тарбия дар мактаб ба ҳарчӣ тезтар бо пардаи миэлинӣпӯшонидашавии торҳои асаб вобаста мебошад. Акнун масъалаи инкишофи вазни майнаи сар, вазни бадан ва баландшавии қади кӯдакро аз рӯзи таваллуд то 1-солагӣ дида мебароем. Масалан, вазни майнаи сари кӯдаки навзод 360 – 400 граммро ташкил мекунад. То охири 1-солагӣ вазни майнаи сар ба 850-900 грамм мерасад. Вазни кӯдаки навзод ба 2,5 – 3 кг баробар аст. Дар охири яксолагӣ ҳамин нишондиҳанда ба 8, 5 – 9 кг мерасад. Қади кӯдак 48-50 см-ро ташкил мекунад, вале то 1-солагӣ ба 70-75 см мерасад.