Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ИДОМАИ НАЗОРАТИ ДАВОМОТИ ДОНИШҶӮЁН, ИНТИЗОМИ МЕҲНАТ ВА ҲУҶҶАТГУЗОРИИ ОМӮЗГОРОН ДАР КАФЕДРАҲОИ ТАЪЛИМИИ БИНОИ АСОСИИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Санаи 15 апрели соли 2024 баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода назорати давомоти донишҷӯён, риояи интизоми меҳнат ва тартиби дурусти ҳуҷҷатгузорӣ аз ҷониби омӯзгорон дар кафедраҳои таълимии бинои асосии муассиса гузаронида шуд. Ба ҳайси комиссияи санҷишӣ муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё., муовини директор оид ба корҳои маъмурӣ ва хоҷагӣ Мамурзода Д.М., сардори шуъбаи таълим Аслонова З.А. ва сардори шуъбаи назорати сифати таҳсилот Қурбонов Н.Т. шомил буданд.

Зимни санҷиш ба давомоти донишҷӯён ва фаъолияти таълимии кафедраҳо дар бинои асосӣ баҳо дода шуд. Ғайр аз ин ба риояи интизоми меҳнат ва ҳуҷҷатгузории омӯзгорон низ диққати хос дода шуд. Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки тартиби ҳуҷҷатнигорӣ дуруст ба роҳ монда шуда, омӯзгорон вазифаи худро бо камоли масъулият ва кордонӣ иҷро менамоянд. Зимни санҷиш бо донишҷӯён низ суҳбатҳои озоду ошкоро барпо гашта, ба фикру мулоҳизаҳои онҳо гӯш дода шуд.

Ин тафтиши ғайринақшавӣ мисоли равшани диққати маъмурият ба сифати таълим ва кори коллектив гардид. Мо итминон дорем, ки чунин чорабиниҳо ба беҳтар шудани раванди таълим ва фароҳам овардани фазои мусоиди таълимӣ барои донишҷӯён ва фазои мусоиди корӣ барои омӯзгорони МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” мусоидат мекунанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.