Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ДУШАНБЕ – СИМОИ ХАЛҚУ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН

Душанбе маркази дунёи тоҷик бӯстони ту, Ҷаҳони хуррамиву шабчароғи тоҷикони ту. Ту маъвои диливу маъхази кони равонӣ ту, Душанбе мулки шоирзодаиву достонӣ ту.

Агар ба масири рушди миллатҳо дар тӯли қарнҳо назар намоем, аёнамон мегардад, ки омили асосии рушди таърихии ҳар халқу миллатро ҷараёни шаҳрнишинӣ ташкил медиҳад. Ва нақши шаҳрҳо дар таърихи инсоният барои таҳкиму тақвият бахшидани худшиносии миллӣ, маърифати фарҳангӣ ва худогоҳию хештаншиносии мардум бениҳоят бузург аст.

Шаҳри Душанбе -пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғӯши доманакӯҳҳои сабзу хуррам ва паҳнои водии рӯдхонаҳои мусаффо, дар муҳити барои зиндагӣ хеле созгор, ки ба воситаи роҳҳои мошингард, оҳан ва ҳавоӣ тамоми гӯшаву канори мамлакатро ба ҳам мепайвандад, ҷойгир аст. Дарвозаҳои бошукӯҳ дар чаҳор самти пойтахт нишони суннатҳои шаҳрсозӣ ва низоми устувори шаҳрдорӣ, сифатҳои наҷиби инсондӯстӣ, бародарӣ ва меҳмоннавозии сокинони шаҳррро таҷассум менамоянд.

Душанбе дар қалби тоҷикону тоҷикистониён монанди нигинест, ки дар ҳар нигоҳ шӯълапошӣ мекунад. Пиру барнои ин сарзамини ҳамешабаҳор мисоли парвона гирди шабчароғи ягонаи ин шаҳри дилоро дар гардишанд. Дарҳои меҳмонхонаҳои бузурги Душанбешаҳр ҳамчун кошонаи умеду армон ҳамеша ба сӯи меҳмонон боз буда, фарзандони неку фарзонаи он бо фарри ориёӣ бо ҳусну шавқати каёнӣ онро ҳусни шоҳона мебахшанд.

Назар кардам зи рӯи меҳру шавқат рӯи оламро,

Душанбе ҳастиву ҷону тавони ту.

Ҳама дороият рӯҳи равон бахшад бузургонат,

Макони сад бузургу паҳлавони ту.

Имрӯз ҳамчун бошандаи кӯчаки ин сарзамини бузург моро лозим меояд, ки бо тамоми бузургиҳояш онро васфу ситоиш намоем, зеро он бузургмеҳанест, ки дилу дидаҳоро қарину барҷост. Душанбе маконест, ки саросар гулрезу гулбасару машҳуру дилорост. Биноҳои серошёна, қасру толорҳои барҳаво, театру донишкадаҳои бузург, биноҳои маъмуриву фарҳангӣ, илова бар ҳамаи ин маркази сиёсию фарҳангӣ ва иқтисодӣ буданаш Душанберо даҳчанд зебову овозадор мегардонад.

Душанбе фахри даврони ҳар як бошандаи ба ору номуси ин сарзамини дилорост. Даме, ки дар эҷодиёти ин ё он адиби бузург васфи ин боғшаҳри дилкушоро мутолиа менамоем, метавон гуфт, ки Душанбе даҳчанди ин ситоишҳову фузунтар аз ҳамаи арзишҳост, зеботар аз ҳамаи зебогиҳои олам аст, ки ақли бинандаро мафтун мегардонад.

Боиси ифтихор ба тамоми ситоишҳо ин боғшаҳри дилкушо ва макони санъатҳои волову мардону занони ҳимматбаланд мо тоҷикони асилро ватан гардида, аз дилу ҷон бо тамоми ҳастиву зӯру тавон мебояд ҳар як гулу гиёҳ ва сангу обу хоки онро парастиш кард.

Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти ҷумҳурии азизамон шаҳри Душанбе рӯз аз рӯз ободу зебо гашта, дили тамоми ҷаҳониёнро тасхир намудааст. Душанбе ба ҳайси даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини ҷаҳон ворид гашта, макони баргузории бузургтарин ҳамоишҳои сатҳи чахонӣ, аз ҷумла, ҷаласаҳои барномаҳои ҳамкории СММ, СҲШ, САҲА, СААД, давлатҳои доираи эътимод ва тадбирҳои Осиё, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, конференсияҳои сатҳи баланди марбути обу экология, муборизаи дастаҷамъӣ алайҳи терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои трансмиллӣ гашта, тавсия ва пешниҳодҳои муфиди он дар сатҳи ҷахонӣ пазируфта шудаанд. Имрӯз щаҳри Душанбе бародаршаҳри 16-шаҳрҳои бузурги ҷаҳонӣ буда, аъзои фаъоли Созмони байналмилалии «Шаҳрҳои муттаҳида ва ҳокимияти маҳаллӣ» бо дастгирии СММ гардида, бо онҳо робитаҳои қавӣ ва ҳамкориҳои судманд дорад. Пойтахти азизамон шаҳри Душанбе дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ таҳти лоиҳаи генералии меъморӣ қарор гирифта, теъдоди биноҳои замонавии маъмурӣ, фарҳангӣ ва истикқоматӣ бо суръати баланд таҳти роҳбарии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ идома дошта, инфрасохтори коммуналию маишӣ таҷдид гардида, таъмини босифати нақлиёти ҷамъиятӣ, обу барқ, систсемаи гармидиҳӣ, таъмиру тармими роҳҳои автомобилгард, роҳраву гулгаштҳо, боғҳои фарҳангию истироҳатӣ, майдончаҳои варзишӣ дар як муддати кутоҳ ба роҳ монда шуд, ки боиси ифтихори ҳар як сокин пойтахти азизамон мебошад. Муҳимтарин марказҳои ҷолиби шаҳри Душанбе ин майдони Дустӣ бо маҷмааи Исмоили Сомонӣ, Майдони Парчами миллӣ, Қасри миллат, бинои Ҳукумат, Вазорати корҳои хориҷӣ, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, Наврӯзгоҳ, Китобхонаи миллӣ, Театри опера ва балети ба номи устод Садриддин Айнӣ, Боғи устод Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Боғи устод Садриддин Айнӣ, кӯли Душанбе, бозори Меҳргон, чандин театру амфитеатрҳо, Кохи Борбад, Осорхонаи миллии кадимӣ, бузургтарин Масҷиди ҷомеъ дар Осиёи Марказӣ, Маркази Исмоилия, Собори Свято-Николский, муосиртарин меҳмонхонаҳои сатҳи байналмилалӣ ва даҳҳо иншоотҳои бузурги фарҳангӣ, маъмурӣ, илмӣ, тандурустӣ ва корхонаҳои саноатӣ мебошанд. Якумин маротиба номи Душанбе дар сарчашмаҳои таърихӣ соли 1676 ба назар мерасад, ки 8-ҳазор аҳолӣ дошт. Аввалин харитаи шаҳр соли 1875 кашида шуд. Аввалин раиси шаҳри Душанбе Абдукарим Розиқов буда, соли 1926 нақшаи меъмории шаҳрро пешниҳод намуда буд. Моҳи апрели соли 1927 Шӯрои комиссарони халқии Тоҷикистон қарорро дар бораи сохтмони Душанбе баровард. Соли 1929 Душанбе номи Сталинободро гирифт ва соли 1961 номи таърихии он Душанбе баргардонида шуд. Имрӯз симои Душанбе солҳои 40-50-ум ё 70-80-уми қарни 20 набуда, балки як шаҳри дилрабои замонавии муосир ё худ мегаполиси бузургеро мемонад, ки дорои беш аз як миллион аҳолӣ буда, сохторҳои шаҳрдории он бемамоният ва бо фарҳанги баланд фаъолияти шабонарӯзӣ мебаранд, ки дар ин ҷода саҳми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ хеле калон аст.

Боиси шукргузорист, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Душанбе меҳвари давлатдории навини тоҷик мебошад, ки дар ҳудуди он тамоми ниҳодҳои калидии давлат ҷой доранд. Илова бар ин, пас аз ба имзо расидани “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” пойтахти азизи мо – Душанбе ба маркази сохтмони сулҳофарии баъдиҷангӣ табдил ёфт. Дар ҳошияи сиёсати некбинонаи Сарвари давлат фаъолияти созандаи сокинони пойтахт ба пойдориву устувории сулҳу ваҳдат, таъмини волоияти қонун, амну осоиши мардум равона гардида, ҳанӯз моҳи августи соли 2004 бо қарори ЮНЕСКО ба шаҳри Душанбе Ҷоизаи аввалин – “Шаҳри сулҳ” тақдим гардид.

Имрӯз дар пайи талоши шаҳрдори ҷавон зери сиёсати ободкоронаи Президенти кишвар, Душанбе ба макони дӯстдоштании хурду бузурги меҳан бадал гардида, дидори он орзуи ҳар сокини кишвар ва хориҷиён мебошад. Ва ҳамин аст, ки имрӯз исми пойтахтамон вирди забонҳосту азизи дили ҳар бинандааш. Ифтихори кулли мо – тоҷикистониён аст, ки соли ҷорӣ Душанбе пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардид ва ин иқдоми ҷаҳонӣ бори дигар аз шаҳри таърихию ҳувиятсоз будани Душанбе шаҳодат медиҳад.  Мо боварӣ дорем, ки пойтахти маҳбуби мо таҳти ғамхориву дастгириҳои ҳамешагии раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ боз ҳам ободу зебо гардида, он муаррифгари Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳонӣ боқӣ мемонад. Дар ин росто моро мебояд дар раванди созандагиву ободонии он саҳмгузор бошем.

Олимова Шафоат Эргашовна

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.