Хабарҳо ДАРСИ КУШОДУ НАМУНАВӢ ДАР КАФЕДРАИ “ФАРМАКОЛОГИЯ ВА ЗАБОНИ ЛОТИНӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Apr 16, 2024 0 Тибқи дастуру супоришҳои директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т., Ашуриён Ш.С. ва нақшаи тасдиқгардидаи шуъбаи таълим дар доираи ҳафтаи фаннии кафедраи “Фармакология ва забони лотинӣ” санаи 16.04.2024с. дарси кушоду намунавӣ аз фанни “Асосҳои фармакология” дар мавзӯи “Витаминҳо” аз тарафи омӯзгори кафедра Абдусамадов С.А. ташкил ва баргузор карда шуд. Дарси кушод бо донишҷӯёни курси 1 – уми ихтисоси “Кори момодоягӣ” – и гурӯҳи 103 гузаронида шуд. Дар дарси кушоду намунавӣ Муовини директор оид ба таълими амалӣ Давлатзода Аслам Давлат, декани факултети “Кори фармасевтӣ” Набизода Қ., декани факултети “Кори фармасевтӣ” (баъди синфи 9) Додоев Б., декани факултети “Кори фармасевтӣ” (шабона) Гулов Э., мудири кафедраи “Фармакогнозия ва кимёи фармасевтӣ” Сулаймонова О. Ғ., мудири кафедраи “Технологияи дорусози ва ТИФ” Сангинов Ғ., ҳамчунин омузгорони кафедра иштирок намуданд. Дарс аз оғози қисми тарбиявӣ ташкил гардида, усулҳои нави муосир дар раванди дарс истифода бурда шуд. Вазъияти муаммовӣ ташкил карда шуд, ки ба инкишофи нутқи шифоҳии донишҷуён мусоидат намуд. Дар ҷараёни машғулияти амалӣ алоқамандкунии назария бо амалия дида шуд. Аз ҷониби омӯзгор 50 дақиқа ба машғӯлият ҷудогардида самаранок истифода карда шуд. Донишҷӯён фаъолона ба саволҳои пешниҳодшудаи омӯзгор ҷавоб гардониданд. Пеш 1 то 11 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан