Хабарҳо СОАТИ ТАРБИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ “ПЕШГИРИ ВА ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ АЗ ҶОНИБИ КАФЕДРАИ “ФАРМАКОЛОГИЯ ВА ЗАБОНИ ЛОТИНӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Apr 16, 2024 0 Дар санаи 15. 04. 24. ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои директори муассиса, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва муовини директор оид ба тарбия Саидова Мавҷуда Мирзошарифовна аз ҷониби омӯзгори кафедраи “Фармакология ва забони лотинӣ” Носирова Ш. М. соати тарбиявӣ дар мавзӯи “Пешгири ва хатари терроризм ва экстремизм” гузаронида шуд. Мақсади гузаронидани дарси тарбиявӣ: бедор намудани ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ мо мебошад. Дар ин мавзӯъ омӯзгорони кафедра Носирова Ш., Хоҷаев Қ., Буриев Ф., ва донишҷӯён баромад намуда, таъкид намудаанд, ки донишҷуён ба таъсири ҳар гуна гурӯҳҳои террористӣ дода нашаванд, зеро мақсади гуррӯҳҳои террористӣ вайрон намудани тафаккури ҷавонон мебошад. Барои ба ҳадафҳои сиёсии худ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Аз ин рӯ, ба ҷавонон фаҳмонида шуд, ки бо гуруҳҳои ифротӣ шомил нашаванд. Мудири кафедра Хоҷаева З. Г. дар анҷоми дарс ба донишҷӯён дар бораи одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, пушидани сарулибос дар дохили муассиса ва инчунин дигар вазифаҳои донишҷуёнро гуфта гузашт. Дар дарси тарбиявӣ омӯзгорони кафедра ширкат варзидаанд. Пеш 1 то 9 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан