Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҲАФТАИ ФАННӢ ДАР КАФЕДРАИ “ФАРМАКОГНОЗИЯ ВА КИМИЁИ ФАРМАТСЕВТӢ”

Дарси кушоди намунавӣ аз фанни кимиёи органикӣ. Дар асоси дастуру супоришҳои директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода тибқи нақшаи тасдиқгардидаи шуъбаи таълим дар доираи ҳафтаи фаннӣ санаи 22.04.2024 аз тарафи омӯзгори кафедра Гирдакова Л.А. дарси кушоди намунавӣ аз фанни кимиёи органикӣ дар мавзӯи “Чарбҳо, равғанҳо ва моддаҳои шӯянда” дар гурӯҳи 105 – уми факултети “Кори фарматсевтӣ” ( таҳсили шабона) гузаронида шуд. Дар дарси кушод мудири кафедраи “Фармакология ва забони лотинӣ” Хоҷаева З.Г., мудири кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” Сулаймонова О.Ғ. ва омӯзгорони кафедраи мазкур иштирок намуданд. Дарси кушод аз қисми аз қисми ташкилӣ оғоз ёфт, ки дар он омӯзгор баъди саломуалейк ва ҳозируғоиби  донишҷӯён дар мавзӯи тарбиявӣ, аз ҷумла, одоби салом додан, тозагии синфхона, риояи сару либоси тавсиявӣ ва ягона, намуди зоҳирӣ, одобу ахлоқ, тартибу интизом, риояи қоидаҳои дохилии коллеҷ ва дигар масъалаҳои тарбиявӣ бо донишҷӯён сӯҳбат намуд. Дар пурсиши вазифаи хонагӣ дар мавзӯи “Спиртҳои якасоса ва бисёрасоса” донишҷӯён фаъол буданд ва ба саволҳои омӯзгор ҷавобҳои пурра доданд. Дар раванди дарс ҷиҳати алоқамандии мавзӯи нав бо гузашта ва мустаҳкамкунии мавзӯи нав аз тарафи омӯзгор ва донишҷӯён усулҳои муосири таълим ба мисли ҷумлаҳои нотамом, презентатсия дар тахтаи электронӣ, пур кардани кроссворд, ҷавоби саволҳо дар тахтаи электронӣ, ёфтани номи спиртҳо аз рӯйи формулаҳо, кор бо карточкаҳо, кор бо гурӯҳҳои хурд ва ғайра истифода бурда шуданд. Бо мақсади шавқовар гузаштани дарс донишҷӯён ба ду гурӯҳи хурд: “Этанол” ва “Метанол” ҷудо карда шуданд. Дар ҷамъбасти дарс ҷиҳати ҳавасмандгардонӣ аз тарафи омӯзгор донишҷӯён баҳогузорӣ карда шуданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.