Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ХОНИШИ СИЁСӢ БО ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮЁН ҶИҲАТИ РАСОНИДАНИ НУҚТАҲОИ МЕҲВАРИИ СУХАНРОНИИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ФАЪОЛОН, НАМОЯНДАГОНИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИНИ КИШВАР

Масъулият худ эҳсосест, ки дар рафтори ҳар як шахсияти комили ҷомеаи мутамаддин ва ҳар як фарди бедордил вобаста ба ин ё он вазифае, ки ба душаш гузошта шудааст,  дида мешавад. Аммо тақозои замон аст, ки ин масъулиятро баҳри беҳбудии ҳаёти инсон дар худи инсон давлат ва қонунгузорӣ бедор намояд. Давлати мо низ тавассути қонунгузории хеш тавонист ба ин масоил бе тафовут набошад. Пеш аз ҳама сарчашмаи асосии ин ташаббус меъёрҳои Конститутсияи амалкунандаи мо мебошанд, ки ба тарзи зерин пешбинӣ шудаанд. Дар қисми дуюми моддаи 34-и  Констутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд». Вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи мӯътадили  ҷисмонӣ ва руҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандонашон метавонанд аз беаҳмиятии онҳо содир намоянд.

Бо ҳамин мақсад, санаи 20 апрели соли 2024 бобати иҷроиши дастури директори муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода дар ҷаласаи назоратии худ аз санаи 16.04.2024с.  оиди расонидани “Муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо наомяндагони ҷомеа, фаъолон ва ходимони дини кишвар” ки санаи 9 марти соли 2024 дар Муассисаи давлатии “Кохи Ваҳдат” сурат гирифт, ҷаласаи васеъи волидайни донишҷӯён гузаронида шуд.

Ҷаласаро Шаҳроми Зайниддин – сардори Шӯъбаи ташкилӣ – тарбиявӣ ва кор бо ҷавонони коллеҷ ҳусни оғоз бахшида, волидайнро ба даргоҳи илму маърифат хайрамақдам намуда, нуқтаҳои асосии “Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо наомяндагони ҷомеа, фаъолон ва ходимони дини кишвар” ки санаи 9 марти соли 2024 дар Муассисаи давлатии “Кохи Ваҳдат” сурат гирифт, ба саҳми ҳозирин расонид.

Баъдан деканони факултетҳо Гадоева Қ., Олимова Ш., Фатихова З., мудири кафедраи “Асосҳои кори ҳамширагӣ” Давлатов А. доир ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маърифати ҳуқуқи шаҳрвандон” масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстеремизм, тақлиди фарҳанги бегона, худкушӣ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлат ва хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, нашъамандию, нашъаҷаллобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, чораҳои зиддибуҳрониву муқовимат ба омилҳои коррупсионӣ, ташвиқи китобхониву китобдўстӣ ва дар амал татбиқ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва саҳмгузорӣ дар ободонию созандагӣ Ватан суханрони намуданд.

Дар охир аз волидайни донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки нисбати масъалаҳои ҷойдошта бетарафӣ зоҳир нанамуда, риояи ҳатмии Дастурамали либосҳои тавсиявиро аз хона назорат бурда, донишҷӯро бо лавозимоти дарсӣ ба машғулиятҳо равона намоянд. Ҳамчунин донишҷӯе, ки тариқи шарнома таҳсил менамояд, шарномаро сари вақт оварда супорад.

Дар охир волидайн бобати “Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо наомяндагони ҷомеа, фаъолон ва ходимони дини кишвар” саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.