Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ХОНИШИ СИЁСӢ: АЗ ӮҲДАДОРИИ ВОЛИДАЙН ТО РИСОЛАТИ ФАРЗАНД ДАР СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ФАЪОЛОН ВА ХОДИМОНИ ДИНИ КИШВАР

Бузургони илму адаб дар осорашон инсонро ба накукорӣ, касби хулқу атвори нек, рӯзгори солим, ҷавонмардӣ даъват кар­даанд. Воқеан, инсонро ахлоқи наку ҳусн мебахшад ва соҳиби иззату обрӯ мегардонад. Шахси боодобу бомаърифат ҳеҷ гоҳ бадиро ба дигарон раво намебинад. Аз ин хотир, имрӯз низ дар ҷомеаи мо баҳри рушди маънавии шаҳрвандон, бахусус наврасону ҷавонон, кӯшишҳо ба харҷ дода мешавад. Вазъияти ҷаҳони имрӯза, яъне рақобатҳои шадиди геосиёсию иқтисодӣ, мухолифатҳои мазҳабӣ ва кӯшишҳои кишварҳои абарқудрат барои таҳти назорат гирифтани минтақаҳои алоҳида аз ҳар як нафар тақозо менамояд, ки барои мустаҳкаму поянда нигоҳ доштани нишонаҳои асосии давлатдории миллӣ, яъне истиқлолу озодӣ, ваҳдату ягонагии миллат, якпорчагии давлат ва арзишҳои таърихию фарҳангии халқи худ саъю талош варзад. Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Мо, хусусан, бояд ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон ­эътибори ҷиддӣ диҳем ва онҳоро тавре ба камол расонем, ки боиси ифтихори падару модарони хеш гарданд, эҳтироми калонсолонро ба ҷо оранд, соҳибихтисос шаванд ва ба Ватани аҷдодии хеш содиқона хизмат намоянд. Агар мо имрӯз, яъне дар марҳилаи коҳиш ёфтани арзишҳои ахлоқӣ ба масъалаи таълиму тарбия таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир накунем, фардо дер мешавад ва чунин муносибат нисбат ба сарнавишти насли наврас дар оянда боиси мушкилоти ҳам оила ва ҳам ҷомеа мегардад. Бинобар ин, падару модарони арҷманд, омӯзгорон, аҳли зиё ва умуман, бузургсолонро зарур аст, ки фарзандонро дар рӯҳияи шукргузорӣ аз давлатдории миллӣ, фазои орому осудаи кишвар ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ тарбия намоянд”.

Аслан мардуми тоҷик аз қадим дорои маънавиёти баланд буд ва бинобар ин нобиғаҳои зиёд дошту аз онҳо чун сарчашмаи оби софу ҷонбахш ҷаҳониён баҳраманд гаштаанд. Вусъат ёфтани сиёсати ҷаҳонхоҳӣ ва кашмакашҳои зиёд ба маънавиёту фарҳанги халқҳои гуногун, аз ҷумла тоҷикон, бетаъсир намонд. Сабаби костагии ахлоқи шаҳрвандон, бегонапарастӣ, тақлиди кӯр-кӯрона ба фарҳанги бегона аз ҳамин зуҳурот маншаъ мегирад.

Бо ҳамин мақсад, санаи 23 апрели соли 2023 ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои ҷаласаи назоратии назди директори Муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, оиди ба саҳми волидайни донишҷӯён расонидани нуқтаҳои меҳварии “Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар” дар маҷлисгоҳи  бинои таълимии 2-юми Муассиса ҷаласаи васеъ бо волидайни донишҷӯёни факултетҳои “Кори ҳамширагӣ (рӯзона)”, “Кори ҳамширагӣ (баъди хатми синфи 9)”, “Кори дандрнсозӣ” ва “Кори табобати дандон” доир гардид.

Дар ҷаласа сардори шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ва кор бо ҷавонони коллеҷ Шаҳроми Зайниддин, Раиси Шӯрои занон ва духтарони Муассиса Ҳасанова З. Ш., деканони факултетҳо – Бобоев Б. А., Қурбонова П. Г., Холов Ш., сарпарастони гурӯҳҳо ва ҷамъи васеъи волидайн иштирок ва бобати дуруст ба роҳ мондани тарбияи донишҷӯён суханронӣ намуданд.

Шаҳроми Зайниддин ҷаласаро оғоз намуда ба волидайн бобати нуқтаҳои меҳварии “Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар”,  риояи  Дастурамали либосҳои тавсиявӣ, назорати ҳаррӯзаи онҳо аз тарафи волидайн, нагаравидани фарзандонашон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин дар ҷаласа Ҳасанова З. Ш. ва Қурбонова П. Г.  бобати иҷроиши ҚҶТ “Дар бораи масъулияти падару дар таълиму тарбияи фарзанд” ва ҚҶТ “Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯзаҳо намуда, қайд намуданд, ки

масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон, ки ояндаи ҷомеаанд, хеле бузург аст. Бо дарки ин нукта соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул шуд. Дар боби 2 моддаи 7-и қонуни мазкур, ки “Уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ном дорад, таъкид шудааст, ки “- барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанди худ ғамхорӣ намоянд; фарзандонро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд; аз ҷониби фарзанд ҷойгир ва паҳн намудани ахбори ғайриахлоқиро тавассути телефонҳои мобилӣ ва воситаҳои электронӣ пешгирӣ ва манъ намоянд; ба фарзанди ноболиғ тамошои филмҳои ғайриахлоқӣ, фаҳш ва хусусияти зӯроварӣ, экстремистӣ, террористидоштаро манъ намуда, аз тамошои ин гуна филмҳо худдорӣ намоянд…”.

Дар ин замина, ба мушоҳида мерасад, ки на ҳама падару модарон ин вазифаю уҳдадориҳои хешро ба ҷо меоранд. Имрӯз шояд ангуштшумор бошанд наврасону ҷавононе, ки аз телефони мобилӣ истифода набаранд.

Дар охири ҷаласа 4 5 нафар волидайни  донишҷӯён баромад намуда, барои шароити хуби таҳсил дар муассиса, ба роҳбарияти муассиса миннатдории самими худро иброз доштанд.

Бояд қайд намуд, ки Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” баҳри тайёр намудани мутахассисони миёнаи тибб тамоми шароитро муҳаё намуда, баҳри свломативу тандурустии ҳар фарди ҷомеа саҳмгузор мебошад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.