Хабарҳо СЕМИНАРИ МАШВАРАТӢ ДАР МАВЗӮИ “БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ СУБЪЕКТҲОИ МУНОСИБАТҲОИ МЕҲНАТӢ” ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” ТАҲТИ УНВОНИ “СОЛИ 2024 – СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Apr 30, 2024 0 Пеш 1 то 18 саҳифа Баъдӣ Санаи 29 апрели соли 2024 тибқи нақшаи кории Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар ҳамбастагӣ бо Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” семинари машваратӣ бахшида ба эълон гаштани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” дар мавзӯи “Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии субъектҳои муносибатҳои меҳнатӣ” баргузор гардид. Дар чорабинӣ Назарзода Давлатхон – сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қудбиддинзода Маҳмадтолиб Қудбиддин ва Мирзозода Шаҳриёр Мунавар – сардорони бахшҳои дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, инчунин Саидаҳмадзода Тоҷиддин – сардори шуъбаи назорати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамзамон ба ҳайси иштирокчиёни семинар, намояндагон аз иттифоқи касабаи кормандон, муҳосибот, таълим ва кормандони хадамоти кадрии муассисаҳои таълимии ибтидоӣ ва миёнаи касбии пойтахт ва ноҳияҳои наздик даъват шуда буданд. Ба чорабинӣ Назарзода Д. – сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Кумита ҳусни оғоз бахшида, оид ба мубрамияти ташкил ва баргузорнамоии чунин чорабиниҳо сухан ронданд. Сипас сухан ба мутахассисони соҳавӣ аз Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дода шуд, ки онҳо оид ба масоили мухталиф, аз қабили риояи моддаи 26 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба дуруст пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ҳангоми қабул ба кор, меъёри ҳаҷми кор, давраи рухсатӣ, кор бо гурӯҳҳои махсуси кормандон ва ғайра, бо маърузаҳои худ баромад намуданд. Семинар машварат ба таври байналфаъол баргузор гардид, ки иштирокчиён имконият доштанд озодона, бе муаррифии худ саволҳои хешро манзури мутахассисон гардонида, посухҳои муфассал гиранд. Дар ҷамъбасти чорабинӣ ба масъалаи муқовимат бо шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Мавзӯи мазкур дар семинар ба яке аз мавзӯъҳои асосӣ табдил ёфта, роҳҳои пурзӯр намудани талошҳо барои пешгирии чунин падидаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар маҷмӯъ семинар як майдони табодули дониш ва таҷриба дар соҳаи қонунгузории меҳнат ва мубориза бо ифротгароӣ гардид. Иштирокчиён ба самаранокии он баҳои баланд дода, изҳори умедворӣ намуданд, ки чунин чорабиниҳо дар оянда низ густариш хоҳанд ёфт. 0 Мубодила кардан