Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ДИНӢ ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Чуноне ки итилоъ дорем Пешвои муаззами миллат дар таърихи  09.03.2024 бо намояндагони дин ва фаъолони ҷомеа вохўрӣ баргузор намуд.

Дар ибтидо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли мардуми Тоҷикистонро ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон табрик намуда, рисолати моҳи Рамазонро дар парҳезкорӣ, эҳсон хайру садақот, поксозии зоҳиру ботин маънидод намуда қайд намуданд, ки ҳикмати рӯзадорӣ натанҳо парҳез аз хӯрдану ошомидан, балки иҷрои амалҳои нек аз ҷумла дасту забону нияти пок доштан иборат аст.

Махсус қайд намуданд, ки тибқи оятҳо ва ҳадисҳои набавӣ моҳи Рамазон фурсати муносиб барои иҷрои корҳои хайру савоб нисбати ятимону маъюбон оилаҳои камбизоат ва ниёзмандон ба шумор меравад, зеро савобаш бештар аст.

Пешвои миллат вазъияти ҷаҳони муосирро  тахлил  намуда,  мураккабии  он,  ки  бо  бархурди  фарҳангу тамаддунхо, низоъҳои диниву мазҳабӣ густариши терорризм, экстремизми динӣ, таасубгароии динӣ оварда расонидааст, аҳли ҷомеаро њушдор дода, канораҷӯи аз ин равандҳоро таъкид намуданд.

Президенти кишвар махсус қайд намуданд, ки таърихи давлатдории навин дуруст будани интихоби низоми дунявии давлатро дар шароити муосир нишон дод,зеро мо дар моддаи 1-и Конститутсия ин принсипро “Ҷумҳурии Тоҷикистон – давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягонаву иҷтимоӣ мебошад, мустаҳкам намудем.

Мехоҳам диққати Шуморо ба масъалаи моҳияти мафҳуми дунявият ҷалб намоям, зеро дар ин масъала баъзан каҷфаҳмиҳо ба чашм мерасанд.

Давлати дунявӣ чӣ маъно дорад? Маънои аслии он иборат аст, ки на дин аз давлат, балки фаъолияти ташкилоту иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошад.

Дар давлати дунявӣ ҳамаи шохаҳои ҳокимият дар асоси меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ақли солим амал мекунанд,ки на дар заминаи эътиқод ва қонунҳои динӣ.

Принсипи дунявият маънои зиддият миёни дин ва давлатро надорад, аз ҳаёти маънавӣ дур сохтани динро талаб наменамояд.

Тоҷикистон, ки тибқи Конститутсия давлати дунявӣ мебошад ба ҳамаи динҳо, хусусан ба дини Ислом назари нек дошта, шароити мусоидро барои рушди Ислом, ба ҷо овардани эътиқод, расмуоинҳои динӣ муҳаё намудааст.

Чи гунае, ки Пешвои  миллат қайд намудаанд: Имрӯз мо озод ҳастем, тоат мекунӣ, ибодат мекунӣ, намоз мехонӣ, рӯза медорӣ, ҳаҷ меравӣ озод ҳастӣ!

Дигар принсипи дунявият дар он зоҳир мегардад, ки дар баробари таъмини баробарии мафкуравӣ ва эътиқодии динҳои гуногун, имкон намедиҳад, ки  ягоне аз мафкураи диниву эътиқоди дигареро маҳдуд созад ё худро ба сифати мафкураи давлатӣ эълон намояд. (модаи 8-и Конститутсия)

Аз ин лиҳоз, дар Коонститутсия муқаррар шудааст,ки “ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Ҳеҷ як мафкура, аз ҷумла мафкураи динӣ, ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф намешавад.

Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд”(моддаи 8). Чунин хусусияти давлат бо моҳияти демократии он алоқаманд буда, ба манфиати тамоми мардум амал карданро ифода менамояд.

Аммо ҷудо эълон кардани ташкилотҳои динӣ аз давлат мазмуни инкори ҳамкории онҳоро надорад.

Диндорон аз ҳаёти сиёсӣ дур карда карда намешаванд. Ҳама шаҳрвандон сарфи назар аз эътиқоди динӣ баробарҳуқуқ буда, Конститутсия ба онҳо ҳуқуқу озодиҳои баробарро кафолат медиҳад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи инсон ва шаҳрвандонро ба озодии виҷдон кафолат медиҳад, ки бо хусусияти дунявӣ доштани давлат алоқаманд аст.

Дар Конститутсия муқаррар шудааст, ки ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд (моддаи 26).

Зеро ҳар як шахс дар интихоби дину оин, мазҳаб, иҷрои эътиқодҳои динӣ озод аст ва инро давлат кафолат медиҳад.

Тоҷикистон ҳамчун давлати дунявӣ пайгирона дар муносибат бо дин ба арзишҳои созанда ва инсонпарваронаи дин арҷ гузошта, озодии виҷдон, эътиқод, ҳуқуқи баробар доштани пайравони дину мазҳабҳои гуногунро кафолат дода ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ медонад.

Дар баробари ин давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳифз ва инкишофи арзишҳои диниву мазҳабӣ ва поксозии он аз ҳар гуна хурофот ҳимоя аз тафриқа андозӣ ва пойдории дини мубини Ислом корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст ва имрӯз низ амалӣ менамояд.

Аз ҷумла:

Эҳё гардидани расму оинҳои динӣ ва маросимҳои фарҳангӣ: Наврӯз, Меҳргон, Сада, Идҳои Рамазону Қурбон.

Бо мақсади эҳёи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва шиносоӣ бо бузургони илму адаб, таҷлили ҷашвораҳои бузургдошти М.Ҷ.Балхӣ, Ибни Сино, А.Ҷомӣ, А.Берунӣ, Ғазолӣ, Н.Хусрав ва хусусан 1310 солагии Абу Ҳанифа Нуъмон ибни Собит дар соли 2009 бо иштироки намояндагони 55 мамлакати дунё ва бознашри осори ин мутафаккирон.

Хусусан бо ибтикори сарвари давлат ҳанӯз соли 2009 тарҷума шудану ба мардум ройгон дастдас намудани Қуръони Карим ва ҳадисҳои саҳеҳи Имом Бухорӣ.

Соли 2010 аз ҷониби Ташкилоти ҷаҳонии ислом оид ба илм, маориф ва фарҳанг  пойтахти фарҳанги Исломӣ эълон гардидани шаҳри Душанбе.

Бунёди масҷидҳо, хусусан масҷиди нав барои зиёда аз 25 ҳазор намозгузорон.

Дар ин маврид Пешвои миллат қайд намуданд, ки агар дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон 34 масҷид, аз ҷумла 17 масҷиди ҷомеъ мавҷуд буд, имрӯз бошад дар кишвар зиёда аз 4 ҳазор масҷидҳо фаъолият доран, ки ба 2 ҳазор нафар як масҷид рост меояд, ҳоло он, ки ин нишондод дар дигар кишварҳо аз 3,5 то 5,5 ҳазор намозгузор 1 масҷидҳо рост меояд.

Бо мақсади тарбияи мутахассисони бо лаёқат ва донандаи моҳияти аслии дини мубини Ислом таъсиси Донишкадаи исломӣ, маркази исломишиносӣ дар назди Президент, Қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ, Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, Дар бораи масъулияти падару модар, ташкили сафарҳои ҳаҷи фарзӣ аз қабили он амалҳои нек, ки бо шарофати дунявӣ ва соҳобистиқлол будани давлатамон, ки шароити созгорро барои эътиқод ба вуҷуд овардааст.

Дар ин маврид Пешвои миллат дуруст қайд намуданд, ки он иқдомҳое, ки дар тули соҳибистиқлолии давлат дар муносибат бо дин амалӣ намудааст, далели он аст, ки давлат рисолат ва вазифаи таърихии худро дар назди мардуми эътиқодманд сарбаландона иҷро кардааст.

Пас мо бояд ба соҳибистиқлоливу дунявӣ будани давлатамон шукрона карда аз он ифтихор намоем.

Дар ин радиф Пешвои миллат он хизматҳое, ки фарзандони ин миллат дар густариши фарҳанги ҷаҳонӣ, дини мубини Ислом аз қабили Ҷ.Балхӣ, Имоми Аъзам саҳми босазо гузоштаанд, қайд намуда моҳият ва нақши мазҳаби таҳаммулпазирии Имоми Аъзамро ҳамчун воситаи ҳимоя аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва зиёдаравию тундгароии динӣ доштанд.

Пешвои миллат махсус қайд намуданд, ки таълимотҳои Ҷ.Балхиву Имоми Аъзам барои муттаҳидӣ, таҳаммулгароӣ, сабру тамкин, ҳамзистӣ дустиву рафоқат даъват менамояд, дардхурди ҳамин шабу рӯзҳоянд.

Дар баробари зикри он корҳои неке, ки аз ҷониби давлат роҳандозӣ гардидааст, Пешвои миллат ба чанде аз масъалаҳое, ки имрӯз боиси ташвиш ва нороҳат сохтани вазъи ҷомеа гардида истодаанд, ҳисси нигарони намуданд:

Махсус қайд намуданд, ки бо вуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба динҳо, хусусан ба дини Ислом зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таасуби хурофот, ҷудоиандозии динӣ, ифротгароии динӣ, риоя накардани қонунҳо дар байни кишрҳои гуногуни ҷомеа афзудааст.

Ин амалҳо,агар аз як ҷониб аз тарафи душманони дини Ислом бо мақсади коштани тухми нифоқу бадбинӣ, тафриқаи мазҳабӣ, таъсиси гуруҳҳои ифротиву тундгаро баҳри дастёбӣ аз ҳадафҳои ғаразноки худ бошад, аз дигар ҷониб хурофотпарастиву таассубгароии бархе аз эътиқодмандони исломӣ вобаста мебошад.

Зеро хурофоту таассуб ва ифротгароии динӣ ва таълимоти исломи аслӣ робитае надорад.

Ислом ба зоти хеш надорад  айбе,

Ҳар айб, ки њаст дар мусулмонии мост.

Хурофот чист? Хурофот ба маънии чизи зиёдатӣ бемаъниву бемантиқ ва зиёдаравию тундгароӣ, яъне дар ҷаҳолат қарор доштан аст, аз моҳияти аслии дин, таълимоти динӣ бехабар будан, кӯр курона боварӣ ҳосил кардан буда, ҳам аз назари инсонӣ ва ҳам аз назари динӣ бар зиёни мардум буда, боиси ақибмонии ҷомеа ва давлат мегардад.

Аз хурофотпарастиву таассубгароии динии мо шахсан  гуруҳҳои алоҳида истифода бурда, ба сиёсисозии дин пардохта, бо ин амалҳо ба ноором сохтани вазъи ҷомеа ва халалдор намудани зиндагии мардум машғуланд.

Дар ин самт мисолҳо дар дохил ва хориҷи кишвар кам нестанд. Масалан ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар заминаи истифодаи ғаразнок эҳсосоти динӣ бетарафию бетафовутӣ нисбат ба тақдири давлат ва миллат оғоз гардид, ки оқибаташ ба ҳамаи мо маълум аст.

Хусусан руҳониёни ифротгарову бегонапараст ҳизби наҳзати ислом бо шиорҳои исломӣ барои ба ҳокимият расидан дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба чи корҳо даст задаанд, низ маълум аст.

Дигар масъалае, ки Пешвои миллат изҳори нигаронӣ намуданд ин то рафт ифротишавии ҷомеа ва шомилшавии ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа ба созмонҳои террорисии  хусусияти динӣ дошта мебошад.

Сарфи назар аз фаъолияти мақомотҳои дахлдор ва қабули қонунҳои дахлдор дар ин самт, ҳанӯз ин масъала боиси нигаронӣ мебошад, ки дар 10 соли охир шумораи ин ҷиноятҳо ба 6680 расидааст. Ин шумора аз соли 2015 то имрӯз 2300-ро ташкил медиҳад.

Аксарияти шомилшудагон ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштан, ё муҳассилини муассисаҳои таълимии ғайри расмии динӣ мебошанд, ки ба фазои динии Тоҷикистон афкори динии тундгаро шомил месозанд.

Ҳатто рӯҳониёни калонсол, ходимони дин, имомхатибони алоҳида пайрави чунин созмонҳои террористиву экстремистӣ гардида, ғояҳои ифротии худро ҳангоми намозгузориҳо ба дигарон ташвиқ менамуданд (Имоми масҷиди шаҳри Конибодом, ноҳияи Ҷ.Расулов).

Аз ин рӯ Пешвои миллат пеш аз ҳама ба ходимони дин таъкид намуданд, ки аввалан худашон бояд донишманд башанд, саводи кофии динӣ дошта бошад, то ба мардум хусусан ба ҷавонон моҳияти сураву оятҳоро дуруст талқин карда тавонад.

Пешвои миллат махсус қайд намуданд, ки бо иқдоми роҳбари давлат дар даврони истиқлолият 17 маротиба санади авф қабул гардида, 170 ҳазор нафар аз иҷрои ҷазои ҷиноятӣ озод шуданд ва изҳор доштанд, ки тибқи қонунгузорӣ шаҳрвандоне, ки ихтиёран аз иштирок дар сафи созмонҳои экстремистӣ даст мекашанд аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Дигар масъалаи нигароникунанда – ин ба таълимоти ғайри қонунии динӣ фаро гирифтани ҷавонон, наврасон чи дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад, ки ин боиси дар шуури онҳо ташаккул ёфтани фанатизми динӣ ва аз таҳсил дар макотиби миёна дур мондани онҳо мебошад, ки дар оянда ба амалҳои террористиву экстремистӣ даст задани онҳо мегарданд.

Дар ин росто нисбати ҷавонон қайд намудаанд,ки бояд ҷавонон ба омӯзиши илм, аз худ намудани донишу технологияи муосир ва дастовардҳои фарҳангӣ бархурдор шуда, дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намуда, рафтору муносибати худро барои инкишофи давлату ҷамъият равона карда, аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлат ба касбомӯзӣ ва андухтани дониш истифода баранд.

Дилангези Раҷаб.

Омўзгори кафедраи “Фанҳои гуманитари”- и

МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.