Мақолаҳо ХУСУСИЯТҲОИ ШИФОБАХШИИ РЕШАИ ШИРИНБИЯ ДАР ТИББӢ МУОСИР Бо admin Охирин навсозӣ May 1, 2024 0 Пеш 1 то 2 саҳифа Баъдӣ Ширинбия растании алафии бисёрсола буда , қадаш то 60-80 см баланд мешавад . Дар тиб асосан решаи Ширинбия ҳамчун ашёи хом истифода бурда мешавад.. Баргҳои ин растанӣ мураккаб,тоқпардор ,муқарарӣ ва бо 5-7 ҷуфт баргҳои аз тарафи поён ба якдигар часпада иборат мебошад .Гулҳояш бунафши равшан, баргҳояш дарозруяи тухммонанд ва яклухтканора мебошанд. Мевваҳои ин гиёҳ – дар ғилофаки дарозиаш 2-3 см ҷойгир буда, бисёртухм аст, онҳо рост ва бурранг мешаванд. Ин растани аз моҳҳои май нашъӯнамояшро сар мекунад , дар моҳҳои август ва сентябр тухмаш пухта мерасад. Хосияти балғамронӣ,зиддиилтиҳобӣ,нармкунанда ва ислоҳоварӣ дорад. Механизми таъсири фармакологии ин растанӣ рефлекторӣ ва резорбтивӣ буда, тасъсироти ба найчаҳои шуш ва ғадудҳои найчаҳои шуш расониданро дорад. Решаи Ширинбия таъсири балғамронии худро бо ангезишдиҳии ресепторҳои луобпардаи меъда ва аз он ҷо бо торҳои асаб ба ғадудҳо ва мушакҳои найчаҳои шуш мерасонад. Дар натиҷа баландшавии секресияи ғадудҳои найчаҳои шуш , ларзиши эпителиҳо ва харакати кирмонанди найчаҳои шуш ба амал меояд.Балғам тунук шуда ,баромаданаш аз найчаҳои шуш зиёд мешавад . Дар решаҳои Ширинбия моддаҳои фаъоли биологӣ ,аз он ҷумла гликозид, глисерризин 6%, глюкоза 6%, қанд,моддаҳои луобӣ,27 флаваноид,6-8% глюкоза, то 3% шакар ,то 5% сафеда мавҷуданд. Решаи буридашудаи ин растанӣ дар таркиби маҷмуъгиёҳои доругии диққи нафас ,ислоҳовар ва пешоброн мавҷуд аст. Решаи Ширинбия дар тиб ҳамчун балғамрон истифода бурда мешавад.Кислотаи глитсиризинӣ мубодилаи обу намакро танзим мекунад.Ликвиритон ва Флакорбин таъсироти зиддиилтиҳобӣ, ихтилоҷӣ ва ҳангоми бемориҳои гастрит бо туршии аз меъёр зиёд,ҳангоми бемориҳои захми меъда истифода бурда мешаванд. Асоси таркиби химиявии решаи Ширинбия Глисиризин мебошад, Глитсирам намаки амоний кислотаи Глитсиризини мебошад , дар тиб Глитсирам барои бемориҳои диққи нафас истифода бурда мешавад. Дар тибби муосир маводҳои доругӣ аз решаҳои ширинбия ба даст овардаро барои бемориҳои захми меъда ва зиддиилтиҳобӣ истифода мебаранд. Дар шароити хона аз решаҳои Ширинбия ҷушоба тайёр карда мешавад.Барои тайёр намудани ҷушоба 15г аз решаҳои майдакарда шудаи Ширинбия гирифта аз болояш 200 мл об ва баъдан дар муддати 15 дақиқа ҷушобаро меҷушонанд, дар ҳамоми буғӣ,баъд аз ин ҷушобаро таввасути дока соф намуда дар натиҷа ин ҷушобаи тайёркарда шударо 1 қошуқи калон 4-5 маротиба дар як руз истеъмол менамоянд. Зидди нишондод – Норасоии вазнини кори ҷигар ва гурдаҳо.Иллати модарзодии дил. Rp: Dec. Radix Glicirizi 20.0 – 200.0 D .S 1 қошуқи калон 4-5 маротиба дар як шабонаруз Омӯзгори кафедраи “Фармакология ва забони лотинӣ” Гулбекова Манила 0 Мубодила кардан