Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ИТТИЛООТИКУНОНИИ ҶОМЕА ОМИЛИ АСОСИИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲУ СИФАТИ ЗИНДАГӢ

Дар низоми иқтисодии идоракунӣ ва ҳалли масъалазои стратегии ҷомеа яке аз омилҳои асосии муайян кардани сифати зиндагии аҳолӣ сатҳи иттилоотикунонӣ ба ҳисоб меравад. Зеро чун дигар равияҳои рушди илмӣ-техникӣ, технологияи нави муосир, иттилоотикунонии  ҷомеа таъсири хоса ба тарафҳои гуногуни ҳаёти иқтисодии одамон расонида, ҳаёти рўзмарраи онҳоро фаро мегирад. Дар натиҷа, сатҳу сифати зиндагӣ ва тарзи ҳаёти онҳо ба таври куллӣ тағйир меёбад. Тавассути иттилоотикунонӣ ҳар як инсон ба фазои иттилооти глобалӣ роҳ ёфта, имконияти иштирок дар идоракунӣ, нишон додани роҳҳои ҳалли масоили сарнавиштсози кишвар, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро пайдо мекунад.

Иттилоотикунонӣ имконият медиҳад, ки робита дар байни аҳолии қишрҳои гуногун ва сохторҳои давлатӣ мустаҳкам гардида, маълумот саривақт ҷустуҷў, коркард, интиқол ва қабул карда шавад. Зеро сифат ва дастрасӣ аз хизматрасониҳои мунисипиалӣ, таҳсилот, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии аҳолбва ғайра аз сатҳи ба талаботи ҷомеаи техногенӣ мувофиқат кардани идоракунии кишвар вобастагӣ дорад. Аз ин рў, иттилоотикунонӣ ба тамоми соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ: илм, таҳсилот, тандурустӣ, фарҳанг, иқтисод, тиҷорат, рушди соҳаи хизматрасонии электронӣ,  истифодаи шабакањои иҷтимоӣ дахл дошта, барои танзими муносибатҳои иҷтимоб-иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нақши муҳим мебозад.

Дар Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон аз 1-уми октябри соли 2016 қабул карда шудааст, сифати зиндагии аҳолӣ яке аз омилҳои асосии таъмини бехатарии миллии кишвар ба ҳисоб меравад.  Бинобар ин, Ҳукумати кишвар иқдом гирифтааст, ки марҳала ба марҳала вазифаҳои дар ин стратегия пешбинишударо амалӣ намуда, зиндагии шоистаро барои ањолї фароњам оварад. Чунки дар шароити ҷаҳонишавии арзишҳо ва иттилоотикунонии ҷомеа тасаввуроти аҳолӣ оид ба сифати зиндагӣ зуд тағйир ёфта, талаботи нав пайдо мешаванд. Мутахассиси америкоӣ Элвин Тоффлер дар китоби худ «Сармояи инқилобб» дар ин маврид барҳақ менависад, ки «Сифати зиндагии инсони имрўза ба дараҷаи ниҳоят зиёд аз сатҳи истифодабарии воситаҳои информатсионӣ ва хизматрасонӣ, ҳамчунин аз дастрасӣ ва сифати онҳо вобастагӣ дорад. Телефонҳои мобилӣ, компютерҳои шахсӣ барои ворид шудан ба шабакаи Интернет, шабакаҳои телевизионии рақамӣ, мошинҳои тамғаҳои ҳозиразамон – ҳамаи инҳо артибутҳои ҷудонопазири инсон ба ҳисоб рафта, бе онҳо ҳаёти рўзмарра, фаъолияти касбии ў нопурра мебошад».

Компютери шахсӣ барои ворид шудан ба шабакаҳои интернетӣ ба маъюбон, нафақахўрон ва занҳои кўдакони хурдсолдошта барои пайдо кардани корҳои мухталиф мусоидат мекунад. Аз хона иҷро кардани корҳо ва ба даст овардани манбаи даромад боиси беҳбути шароити зиндагӣ ва некуаҳволии оилаи онҳо мегардад. Аз ҷумла, нафақахўрон, ки таҷрибаи зиёди истењсолӣ, илмӣ, педагогӣ доранд бо ин роҳ метавонанд ба ташаккул додани сатҳи зеҳнияти насли навраси кишвар саҳми худро гузоранд.

Тавассути воситаҳои технологияи информатсионӣ иҷро кардани корҳо барои занҳо, ки бо сабаби ҳомиладорӣ,  таваллуди фарзанд ва тарбияи ў, аз фаъолияти меҳнатӣ дур мондаанд низ машғулияти рушдкарда ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар аз таҷрибаи онҳо самаранок истифода бурдан ба манфиати рушди ҷомеа ва эҳёи унарҳои мардумӣ аст.

Дар ин самт, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зиёд андешида шудааст. Масалан, бо тавсияи Президенти Љумњурии Тољикистон соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳамияти самтзои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардуми ҷамоати шаҳраку деҳоти кишвар такони ҷиддӣ бахшид. Ба ин хотир, соли 2019 «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030” қабул гардид ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон то ҳадди муайяне муаррифӣ шудан. Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод карданд, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд.

Бояд иброз дошт, ки ҳадафи асосӣ аз ин пешниҳод рушд додани деҳот, ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёти иҷтимоии аҳолӣ: беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолӣ бо оби нўшокӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ, баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин ба ҳисоб меравад. Вале амаликунандаи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррификунандаи онҳо, асосан занҳо мебошанд, ки дар муҳити хона онҳоро иҷро карда, сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии оилаи худро аз манбаи даромади бадастомада баланд мебардоранд.

Рушди  ҷомеаи информатсионӣ дар кишвар пеш аз ҳама мушкилоти соҳаи иқтисодӣ ва низоми маорифро ҳал менамояд. Зеро дар ҷомеи имрўзаи башарӣ аз се ду ҳиссаи маҷмўи даромади аҳолӣ аз ҳисоби меҳнати зеҳнӣ ба даст меояд. Аз ин рў, сифати ҷомеа дар ин ё он кишвар ва сифати зиндагии ҳар як шаҳрванд бевосита аз ҷалби неруи зеҳнӣ, истеҳсоли маҳсулоти босифат ва хизматрасонии замонавӣ вобастагӣ дорад. Ҳамзамон ин амал сифати ба роҳ мондани раванди таҳсилотро дар кишвар муайян менамояд. Дар ин самт, дар низоми маорифи кишвар барномаҳои давлатӣ ҷиҳати таъмин кардани муассисаҳои таълимӣ бо воситаҳои навини технологӣ,  компютеркунонӣ, таъсис додани кабинетҳои фаннӣ ва муҷаҳҳаз бо воситаҳои нави технологӣ, қабули имтиҳонот тавассути воситаҳои технологияи муосир ба ро монда шудааст.

Ҳамин тавр, иттилоотикунонии ҷомеа дар шароити нави муносибатҳои бозорӣ яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб рафта, имконият медиҳад, ки шаҳрвандон худро ба муҳити техногении муосир мутобиқ.гардонанд. Аз воситаҳои нав ба нави он, ки зуд-зуд яке дигареро иваз мекунад огаҳии комил пайдо карда, барои њал кардани мушкилоти хонаводагию ҷамъиятӣ самаранок истифода баранд.

 

Хоҷаев С. И. Ҳамидзода Ҳ. Ш. – омӯзгоронии кафедраи
“Фанҳои гуманитарӣ”-и МДТ
“Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.