Хабарҳо ДАРСИ КУШОД ДАР МАВЗУИ “ЛАППИШҲОИ МЕХАНИКӢ” ДАР ДОИРАИ ҲАФТАИ ФАННИИ КАФЕДРАИ “ФАНҲОИ ТАБИИЮ РИЁЗӢ” Бо admin Охирин навсозӣ May 1, 2024 0 Пеш 1 то 6 саҳифа Баъдӣ Ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва нақшаи тасдиқгардидаи Шуъбаи таълим санаи 30 апрели соли 2024, дар доираи ҳафтаи фаннии кафедраи “Фанҳои табиию риёзӣ” аз тарафи омӯзгори ҷавони кафедра Усмонов Муродулло дар гурӯҳи 203-юми факултети “Кори ҳамширагӣ” (таҳсили рӯзона) дарси кушод аз фанни физика дар мавзӯи “Лаппишҳои механикӣ” гузаронида шуд, ки дар он кормандони Шуъбаи таълим Сафаров А., Мазҳабова Н. Ҳ., мудири кафедра Қаландаров Н. Ҳ. ва омӯзгорони фориғ аз дарсбудаи кафедра фаъолона иштирок намуданд. Дар раванди дарс аз тарафи омӯзгор салоҳиятнокӣ дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шуд. Омӯзгор Усмонов М. мавзӯи дарсиро дар шакли презентатсия ва ашёҳои аёнӣ пешниҳоди донишҷӯён намуда, баҳри мустаҳкамкунии мавзӯъ ба донишҷӯён карточкаҳоро бо сабти формулаҳои физикӣ пешниҳод намуд ва ҳар як донишҷӯ аз рӯйи ин формулаҳо номҳои бузургиҳоро муайян намуданд. Ҷиҳати алоқамандии мавзӯи нав бо мавзӯъҳои гузашта ба донишҷӯён саволҳо ба воситаи карточкаҳо дода шуданд. Тибқи нақшаи дарс, барои мустаҳкамкунии савияи дониши донишҷӯён, омӯзгор якчанд масъалаҳои физикиро бобати мавзӯъ ба донишҷӯён корбарӣ намуданд. Дар фарҷоми дарс, ба донишҷуён супоришҳои иловагӣ пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин дар охир иштироккунандагон оиди усули машғулиятгузаронии омӯзгор фикру андешаҳои худро иброз доштанд. 0 Мубодила кардан