Меҳнат барои мавҷудият ва ташаккули инсон, барои тараққиёти шуур ва фаъолияти он, барои баланд бардоштани қобилият ва дараҷаи савияи он, ки асоси такомули муносибатҳои истеҳсолӣ мебошад, роли ҳалкунанда мебозад.
МЕҲНАТ, фаъолияти мақсадноки одам, ки дар ҷараёни он ӯ ба воситаи олоти меҳнат ба табиат таъсир расонда, онро тағйир медиҳад ва барои қонеъ гардонидани талаботи худ мувофиқ мегардонад.
Зи меҳнат нони беминнат барояд,
Зи меҳнат ганҷи пурқимат барояд.
Ба замми ин тани солиму зебо,
Яқин аз ҳосили меҳнат барояд.
«Бе меҳнат роҳат нест», «Имрӯз меҳнат – пагоҳ роҳат» намунае аз онхоянд, ки ба ахамияти мехнат дар хаёт бахшида шудаанд.Бояд қайд кард , ки ҳар як шахс маҳз ба воситаи меҳнату ранҷу машаққати ҷисмониву ақлониаш ба монанди кишоварзӣ, чорводорӣ, шоириву нависандагӣ, омӯзгорӣ, духтурӣ, пазандагиву дӯзандагӣ ва ғайра обрӯву эътибор пайдо намуда, дар ҷамъият сарбаланд мегардад. Ғайр аз ин меҳнат инсонро тарбия намуда, омили асосии шарафмандии ҷавонон мегардад. Афроди танбалу коргурез бошад, на соҳиби касбу ҳунар асту на соҳиби шараф. Одами ояндабин дар зиндагӣ мақсад дораду аз болои худ кор мекунад ба мақсаду мароми худ ноил мегардад, ва мақоле ҳаст «Аз бекор Худо безор». Ҳар як касбу кор ба худ хос машаққат ва таҳамул дорад. Бо вуҷуди ин, моро зарур аст, аз меҳнати сангин наҳаросида, ба пеши худ мақсад гузорем то, ки ба ҳадафу мароми хеш ноил гардем. Завқи ҳаёт дар меҳнат аст, меҳнат бо баробари обрӯ касро соҳибкор ва соҳибдавлат мегардонад.