Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ХОНИШИ СИЁСӢ ДАР КАФЕДРАИ “ФАРМАКОГНОЗИЯ ВА КИМИЁИ ФАРМАТСЕВТӢ” ҶИҲАТИ РАСОНИДАНИ МӮҲТАВОИ СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ФАЪОЛОН,НАМОЯНДАГОНИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИНИ МАМЛАКАТ

Бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ,номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода оиди ба донишҷӯён расонидани мӯҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ки санаи 9 марти соли 2024 дар Муассисаи давлатии “Кохи Ваҳдат” доир гардид, санаи  01.05.2024  дар кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” мизи мудаввар гузаронида шуд. Дар мизи мудаввар омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни курси дуюми факултети “Кори фарматсевтӣ” ( таҳсилоти рӯзона ва умумии асосӣ) иштирок намуданд. Хониши сиёсиро мудири кафедра Сулаймонова О.Ғ. оғоз намуда, нуқтаҳои меҳварӣ ва иқтибосҳоро аз суханронии Сарвари давлат дар ин мулоқоташон ба саҳми донишҷӯён расонид. Инчунин таъкид гардид, ки риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “ Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”,” Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар қонунҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванд,азон ҷумла, мову шумо ба ҳисоб меравад. Сипас омӯзгори кафедра Ниёзов Саидалӣ маърӯзаи худро оиди нуқтаҳои меҳварии суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешкаши донишҷӯён гардонд. Дар рафти хониши сиёсӣ донишҷӯён фикру андешаҳои худро баён намуда, ҳамзамон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.