Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ФАЪОЛИЯТИ ИТТИЛООТИИ ИНСОН ДАР ФАРҲАНГИ ТЕХНИКӢ

Азбаски асри ХХI давраи босуръат пешравии илму техника ва технология мебошад, ҷомеаро бе инкишофи бемайдони илму маориф тасаввур кардан ғайри имкон аст.

Дар ҷаҳони муосир илму маориф ҳамчун сарчашмаи бунёди пешрафти иқтисодию иҷтимоии ҷомеа арзёбӣ карда мешавад. Бинобар ин омӯзгоронро лозим аст, ки шогирдони худро дар руҳияи ҳифзи асолату ҳуввияти миллӣ тарбия намоем, то ки мақому мартабаи кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошта, насли наврасро, ки созандаи ҷомеаи навинанд, чун ҳамқадами замон парвариш диҳем. Аз ин рӯ, онҳоро аз донишҳои техникӣ ва технологияи навин бархурдор намудан лозим аст. Саъю кӯшиш намоем, ки насли наврасу ҷавонро ба донишандӯзӣ ва аз худ кардани касбу ҳунар сафарбар намоем. Бояд кӯшиш ба харҷ дод, ки дарсҳо ба ҳаёти имрӯза ва кашфиётҳои навини илму техника сахт марбут бошанд, то ки манфиатбахш буда, хонандагонро ба ҳаёт омода сохта тавонанд. Чунки ҷаҳонро имрӯз равандҳои ҷаҳонишавӣ ва пешрафти илму технологияи нав фарогир аст.

Дар замони муосир татбиқи дастовардҳои илмию техникӣ ва технологияи навин ба яке аз омилҳои муҳими дар амал татбиқшавандаи донишҳои нав, равандҳои ҷаҳонишавӣ ва пешравиҳои илму техникаро тақозо менамояд. Компютеркунонии таълим яке аз масъалаҳои муҳими дидактика ба шумор рафта, фаъолияти дарккунии хонандагонро баланд мебардорад.

Рушд ва пешравии ҷаҳони муосир бо ду ҷанбаи асосӣ, ки яке ба илму техника ва технология, дигаре маънавиёт, ахлоқ ва пос доштани анъанаҳои ниёгон мебошанд, сахт марбут аст. Рушди техника ва технология бе маънавиёт амалӣ нахоҳад шуд. Бинобар ин мо бояд дар баробари ташаккули тафаккури техникӣ маънавиёти насли наврасро баланд бардошта, аз анъанаҳои неки миллии ниёгони худ онҳоро бархурдор намуда ва ба арзишҳои волои инсонӣ арҷ гузорем. Ин падида моро водор менамояд, ки вобаста ба талаботи замон аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, роҳҳои самарабахши истифодаи дастовардҳои илму техникаро ҷустуҷӯ намоем.

Барои расидан ба ин ҳадаф мо бояд насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намуда, онҳоро бештар ба омӯхтани илму технологияи муосир раҳнамун созем, то ки шахси соҳибилм ва озодандешро тарбия намоем.

Ташаккули тафаккури фарҳанги техникии насли наврас ба эҷодкорӣ,   навовариву ихтироъкорӣ рушд меёбад.

Як нуктаи дигар қобили таъкид ва боиси ёдоварист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  маҳз бо ҳамин мақсад ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд».

Ин амал тақозо менамояд, ки донишҷӯён бояд аз фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дониши хуб гиранд, ки он ба ихтироъкорӣ ҳамчун таҳкурсӣ хизмат мекунад. Зеро онҳо омили муҳими интихоби бошууронаи касбу ҳунар ва равияҳои касбӣ ба шумор мераванд.

Яке аз корҳои самарабахши таълимию методӣ ин бо технологияи ҳозиразамон, яъне компютерҳо, воситаҳои сабти овоз, аудио – видео, телевизорҳо ва дастгоҳҳои аккосию барномасозӣ муҷаҳҳаз гардонидани раванди таълим мебошад. Ин роҳ имконият медиҳад, ки аз тамоми нозукиҳои технологияи навин огоҳ гашта, ҳамчун сарчашмаи таълим аз он ғизои маънавӣ гиранд ва фарҳанги истифодаи технологияи муосирро дуруст дарк намоянд. Бояд ҳар як шахси комилҳуқуқи давлати соҳибистиқлол кӯшиш намояд, ки дар раванди рушди техника саҳмгузор бошад.

Ҳадафи асосӣ он аст, ки мо ҷавонони болаёқатро дар соҳаи технология пайдо намуда, фаъолгардонии раванди таълимро бо истифодаи технологияи замонавӣ ба роҳ монем. Дар шароити ҳозира омӯхтани технологияи навин, ки асоси касбомӯзии насли ҷавон мебошад, низ ба ҳамин мақсад равона карда шудааст. Таълими техника ва технология дар шароити ҳозира онро талаб менамояд, ки бояд қонунҳои табиат, ҷамъият ва бо талаботи умумии илми ҳозиразамон шинос намуда, афкори илмию техники онҳоро инкишоф дода, донишу маҳорати эҷодкории эшонро баланд бардорем ва бо малакаҳои истифодаи донишҳои амалӣ пайваст намоем.

Донишҷӯёнро барои меҳнат кардан дар истеҳсолот тайёр карда, шавқу ҳаваси онҳоро нисбат ба касб зиёд намоем. Ин роҳ дар заминаи донишу маҳорати андӯхташуда аз тарафи шогирдон гирфтани маълумоти касбиро низ таъмин мекунад. Донишҳое, ки донишҷӯён оид ба асосҳои илмии технологияи ҳозиразамон ҳосил мекунанд, қисми таркибии фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ мебошанд. Ҳамин тариқ дониши андӯхтаи донишҷӯён ба фаъолияти амалӣ, ба меҳнати фоиданоки сермаҳсули ҷамъиятӣ ва барои пурра зоҳир гардидани қобилиятҳои эҷодии онҳо мусоидат мекунад. Ин на танҳо ба сифати баланд бардоштани кори таълиму тарбия балки барои дар хонандагон ташаккул додани сифатҳои маънавии шахсият низ ёрӣ мерасонад, то ки онҳо меҳнатдӯстиро яке аз омилҳои муҳимтарини ҳаёти хеш ҳисобанд. Табиист, ки чунин меҳнат омили асосии тарбияи меҳнатии ҷавонон шуда метавонад. Муҳим ва мураккаб будани тарбияи насли ҷавон дар шароити ҳозира дар назди омӯзгорон талаботи калон мегузорад, ки дар баробари дониши назариявӣ, маҳорату малакаи техникӣ ва технологияи муосирро дастрас намудан, бояд дар амал татбиқ намудани онро низ омӯзанд ва қобилияти озодандешию эҷодкории наврасону ҷавононро такмил диҳад. Бинобар он, ҳаминро ба эътибор гирифтан лозим аст, ки ҷомеаи навтаъсиси мо пеш аз ҳама барои баланд бардоштани сатҳи меҳнатдӯстии ҷавонону наврасон диққати ҷиддӣ медиҳад ва аз ҳар як омӯзгор тақозо менамояд, ки нисбат ба тарбияи меҳнатии шогирдон аҳамияти бештар зоҳир намоянд, ки онҳо дар пешрафт ва тараққиёти ҷомеа саҳмгузор бошанд.

Арбобов Х.М., Мудири кафедраи

«Технологияи информатсионӣ, ташхис ва табобати нурӣ» – и  МДТ «Коллеҷи тибби ҷумҳуриявӣ»

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.