Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ДАРСИ КУШОД ДАР МАВЗУИ “МАСОҲАТИ САТҲИ ПАҲЛӮИ ВА ПУРРАИ КОНУС ВА КОНУСИ САРБУРИДА” ДАР ДОИРАИ ҲАФТАИ ФАННИИ КАФЕДРАИ “ФАНҲОИ ТАБИИЮ РИЁЗӢ”

Ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва нақшаи тасдиқгардидаи Шуъбаи таълим санаи 01майи  соли 2024,  дар доираи ҳафтаи фаннии кафедраи “Фанҳои табиию риёзӣ” аз тарафи омӯзгори  кафедра Нурматова Дилрабо  дар гурӯҳи 110-юми факултети “Кори ҳамширагӣ” (таҳсили рӯзона) дарси кушод аз фанни  геометрия дар мавзӯи “Масоҳати сатҳи паҳлуи конус ва конуси сарбурида” гузаронида шуд, ки дар он кормандони Шуъбаи таълим Сафаров А., Мазҳабова Н. Ҳ., мудири кафедра Қаландаров Н. Ҳ. ва омӯзгорони фориғ аз дарсбудаи кафедра фаъолона иштирок намуданд.

Дар раванди дарс аз тарафи омӯзгор салоҳиятнокӣ дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шуд.

Омӯзгор Нурматова Дилрабо мавзӯи дарсиро дар шакли презентатсия ва ашёҳои аёнӣ пешниҳоди донишҷӯён намуда, баҳри мустаҳкамкунии мавзӯъ ба донишҷӯён карточкаҳоро пешниҳод намуд ва ҳар як донишҷӯ аз рӯйи ин формулаҳо номҳои  бузургиҳоро муайян намуданд. Ҷиҳати алоқамандии мавзӯи нав бо мавзӯъҳои гузашта ба донишҷӯён саволҳо ба воситаи карточкаҳо дода шуданд. Тибқи нақшаи дарс, барои мустаҳкамкунии савияи дониши донишҷӯён, омӯзгор якчанд масъалаҳои геометрия бобати мавзӯъ ба  донишҷӯён корбарӣ намуданд.

Дар фарҷоми дарс, ба донишҷуён супоришҳои иловагӣ пешниҳод карда шуд.

Ҳамчунин дар охир иштироккунандагон оиди усули машғулиятгузаронии омӯзгор фикру андешаҳои худро иброз доштанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.