Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

АРЗИШҲОИ ТАРБИЯВИИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Сарчашмаҳои илҳом, ифтихормандиву шукргузорӣ, таҳсину миннатдорӣ ва хушнудии мост, ки бо ин ҳама заҳматҳои зиёде дар риштаи сиёсат ва эъмори соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва рушди илму фарҳанг ва болоравии сатҳи маънавии ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ин ҳама кӯшишҳои пайгирона дар давлату фарҳанг, миллату маънавиёт сохтанҳо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин рӯзи амалашон ба ҳайси як Пешвои воқеии миллат, таълифоту пажӯҳиши зиёди илмиро баҳри бедории худшиносии миллӣ ва худогоҳиву меҳанпарастии мардум ва арҷгузории забони модарии хеш, забони давлату давлатдории тоҷикон анҷом дода, як силсила асарҳои илмии бунёдӣ дар риштаи таърих, сиёсат, иқтисодиёту иҷтимоиёт, ахлоқу маърифат, ҳуқуқ, танзими расму оин ва суннатҳои миллӣ, эҳёи фарҳангу ҳунари мардумӣ, дину мазҳаб, фарҳангу адаб ва забони  модарии тоҷикӣ таълиф намуданд.

Арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик яке аз рукнҳои муҳимтарини худшиносию худогоҳии миллӣ ба ҳисоб рафта, ифтихор аз он пайвандгари наслҳои гузашта ва имрӯзу ояндаи миллат ба ҳисоб меравад. Бозтоби илмии лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсози тоҷикон дар асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассуми равшан дорад. Арзиши таърихии асарҳои Пешвои миллат, пеш аз ҳама, аз он нуқтаи назар муҳим аст, ки он паҳлуҳои мухталифи худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ва эҳёи хотираи таърихии тоҷиконро дар оинаи таърих инъикос намудааст. Нуқтаи дигаре, ки боиси таҳсин аст, инъикоси воқеии раванди сулҳи тоҷикон ва наҷоти ватану миллат аз парокандагӣ мебошад.

Ба ин мақсад ҳанўз соли 1998 китоби пурмуҳтавои худ «Ҷавонон – ояндаи миллат» – ро манзури аҳли назар намуданд, ки дар он нуктаҳои муҳими сиёсати давлатии ҷавонон, мавқеъ, мақоми онҳо дар ҷомеа ва муҳим аз ҳама, ояндаи давлат дар дасти ҷавонон буданаш қайд гардида буд. Аз лаҳзаи нахустини фаъолият ҳамчун сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон аҳамияти калон зоҳир карда барои сафарбар сохтани онҳо ба роҳи созанда ва бунёдкорона кўшиш менамуданд. Зеро ояндаи сарзамине, ки эшон бо як мушкилоти азим онро аз вартаи ҳалокат раҳоӣ бахшиданд дар дасти ҷавонон мебошад ва барои ҳамин ҳам ононро дар руҳияи меҳанпарастӣ, худшиносӣ, ҳуввияти миллӣ тарбият намуда, барои эъмори фардои кишвар омода менамоянд.

Мазмуну муҳтавои асарҳои Пешвои миллат хотирнишон аз он мекунанд, ки ҳар насл ва ҳар фарди алоҳида занҷирае дар таърихи башарият аст, ки тавассути мавҷудияти хеш гузаштаро бо оянда мепайвандад. Асарҳои Пешвои миллат танҳо ба хотири донистани гузашта набуда, балки дурнамоест, ки роҳи ояндаи давлат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои тақвияти ватанпарастиву кишвардорӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ, худогоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда равона гардидааст. Илова бар ин, асарҳои Пешвои миллат дар раванди устувор намудани рукнҳои давлатдории тоҷикон дар шароити навин муҳим мебошанд. Пешвои миллат бо мақсади баҳо додан ва огоҳ намудани насли наврас ба гузаштаи худ ба навиштани як зумра асарҳои таърихӣ даст задаанд, ки онҳо арзиши баланди таърихӣ дошта, саҳифаи навро дар илми тоҷик кушодааст.

Пешвои миллат бо китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён” ба рисолати таърихии мардуми тоҷик бори аввал дар илми таърихнигорӣ баҳои сазовор дода, ҳамзамон аз арзишҳои ахлоқии таърихӣ ёд мекунад, ки барои насли имрӯз дарку маърифати он ҳатмист. Пеш аз ҳама, халқи тоҷик табиатан халқи созандаву бунёдкор, оромтабиату нексиришт, шикастанафсу меҳнатдӯст аст. Дар хуни аҷдоди ӯ пархошҷӯиву набардписандӣ ва ҷанг пеша кардан қариб набудааст. Сипас, таърихи ҳазорсолаи дуру наздик гувоҳ аст, ки оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронда, аз дунболи ҳар шикасту инқирози чашмрас боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст. Ин рисолати таърихиро, ки дар раванди давлатдории ҷаҳон назир надорад, метавон фарҳанги давлатдории тоҷикон номид. Ин баҳои сазовори Сарвари давлат мебошад, ки таъриху фарҳанги халқи хешро бо ҷиддияту масъулияти том омӯхтаву тадқиқ намуда, баробари миллати худ роҳи пурпечутоби сулҳу созандагиро тай намудааст ва дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихи Ватан масъулияти гарони наҷоти халқро аз даргириҳо ва буҳронҳо бар дӯши худ гирифтааст.

Асари дигари ҷадиди Пешвои миллат таҳти унвони «Чеҳраҳои мондагор» доир ба ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамононаи бисту панҷ нафар чеҳраи намоёни таърихи Ватан маълумоти хуб медиҳад. Хонанда ҳангоми мутолиаи асари мазкур имкон пайдо месозад, ки доир ба шахсиятҳои варзида ва нобиғаи давр, ба монанди Куруши Кабир, Зардушт, Муҳаммад (с), Имоми Аъзам, Абўабдуллоҳ Рўдакӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Бобоҷон Ғафуров, Сотим Улуғзода ва дигарон маълумот пайдо намуда, аз хислатҳои ҳамидаи онҳо ибрат гирифта, зиндагии шоиста намояд. Инсоне, ки аз таърихи ниёгони худ бохабар аст, метавонад вазъияти зуд тағйирёбандаи ҷаҳони имрўзаро дарк намояд, ояндаро тасаввур созад. Мақсади сарвари хирадманди мо низ ҳамин аст, ки ҷавонон бояд худогоҳ бошанд, дар ҷаҳони пурталотум мавқеи устувори шаҳрвандии худро нигоҳ дошта, дар пешрафт, ободӣ ва суботи мамлакат саҳмгузор бошанд. Зеро тадқиқот муайян намудааст, ки бештари шомилшудагон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ҷудоихоҳӣ аз паст будани маърифат мебошад.

Асарҳои Пешвои миллат инъикосгари таърихи гузаштаву имрӯз ва махсусан дастовардҳои замони истиқлол буда, мутолиаи онҳо барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва таҳкими ваҳдату ягонагии миллии тоҷик аҳамияти хос дорад. Ҳамчунин, арзиши илмии асарҳоро баррасии сабақҳои таърихии тоҷикон ташкил медиҳад, ки он барои ташаккули минбаъдаи тоҷикон ва эҳёи суннатҳои давлатдории миллӣ аҳамияти муҳим дорад.

Мақсади асосии Сарвари хирадманди мо ин аст, ки ҷавонон бояд худогоҳ бошанд, дар ҷаҳони пуртаззод мавқеи устувори шаҳрвандии худро нигоҳ дошта, дар пешрафту ободӣ ва суботи мамлакат саҳгузор бошанд. Яъне ҷавонон ва тамоми қишрҳои ҷомеаро зарур аст, ки аз муҳтавои асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон огаҳ бошанд, онро амиқ мутолиа намоянд, зеро дар ин асарҳо аз таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик то соҳиб гаштан ба давлати соҳибистиқлол ва рушди минбаъдаи кишвар маълумоти зиёд манзур карда шудааст.

Мунаваров Беҳруз Абдулазизович

Ассистенти кафедраи “Асабшиносӣ,

ёрии паллиативӣ ва

асосҳои равоншиносӣ”

МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.