Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ РАДИОПИРЁМНИКА

Александр Степанович Попов механизмеро сохт, ки декогерерро, яъне асбоби барои қабули сигнали электромагнитиро ба кор медаровард.Попов хеле кӯшиш мекард, ки масофаи қабулро афзояд. Барои ин ҳассосияти қабулкунакро зиёд кардан даркор буд. Олим чандин маводҳои гуногунро санҷида дид. Ва дар охир варианти оптималиро ёфт, ки он аз омехтаи чандин метал иборат буд. Шогирдон медиданд, ки чӣ тавр олими барҷаста кор мекард. Ӯ аз субҳи содиқ то шабона таҷрибаҳо мегузаронид. 7 майи соли 1895 А. С. Попов дар мавзӯи «Дар бораи муносибати хокаҳои металлӣ ба лаппишҳои электрикӣ» дар университети Петербург барои ҷамъияти физикону химиядонон маърӯза хонд. Маърӯзаи худро олим аз дур сар кард. Баъд ӯ таҷҳизоти худ қабулкунак ва интиқолдиҳандаро дар тахта фаҳмонд. Ва дар охир тарзи кори таҷҳизоташро дар амал нишон дод: дар аввал қабулкунакро нишон дод, ки дар рӯи миз буд ва интиқолдиҳанда дар назди девори синф ҷойгир буд. Ҳангоми пайваст кардани интиқолдиҳанда ба қабукунак овози занг баромад.Баъди анҷом ёфтани ҷамъомад бисёри олимон ба назди Попов омаданд, вале ягон кас натавонист, ки аҳамияти онро дуруст боҳо диҳад.

24 марти соли 1896 муаллими Мактаби афсарони Минаҷӯй дар ҷаъмияти физикону химикони Русия бо маърӯзаи навбатии худ баромад кард. Дар ин рӯз ҷамъомадагон дар университети Маскав бори авал шоҳиди интиқоли радиограмма дар таърихи электротехника гардиданд. Матни он кӯтоҳ ва пурмаъно буд гуфт : «Генрих Гертс». Ҳамин тавр, физики рус эҳтиромашро ба ҳамкасби олмонияш изҳор намуд.Тобистони соли 1896-ро Попов дар Нижний Новгород гузаронд. Машғулияти ӯ зиёд буд. Ӯ вақти мутолиаи маҷалла надошт. Рӯзе ба гӯши Попов мерасд, ки олими Итолиёвӣ Г. Марконӣ роҳи телеграфонии бе симро ёфтааст.Аз ин хабар Попов хурсанд нашуд, вале ба ин нигоҳ накарда, кори худро давом дод. Ӯ ба масъалаи интиқоли сигнал дар масофа корро шурӯъ кард.

Баъдтар маълум шуд ки, Марконӣ дар асоси асарҳои Попов ва дигар олимон дар бораи телеграфии бе сим маълумот гирифтааст. Боз бояд онро қайд намуд, ки соли 1897 Попов барои рушди соҳаи телеграфии бе сим 900 рубл сарф кардааст, вале Марконӣ бошад 6000 рублро масраф кардааст.Тобистони соли 1897 аввалин таҷрибаҳои радиоалоқа дар киштиҳои отряди Минаҷӯён гузаронида шуданд. Тамоми тобистон Попов дар беҳтарсозии ихтироъоташ кор кард. Ӯ инчунин чандин санҷишҳо гузаронид. Қисмҳои эҳтиётиро барои таҷҳизотҳояш Попов аз хориҷа дархост мекард.Дар тобистони соли оянда ҳам Попов дар беҳтарсозии шабакаҳои худ кор кард ва ба натиҷаҳо ҳам ноил гардид: дурии радиоалоқа 36 км-ро ташкил медод.Охири соли 1899 киштии «Генерал-адмирал Апраксин» дар яхҳо, дар наздикии ҷазираи Гогланд дар монд. Барои корҳои наҷотдиҳӣ ду киштиро равон карданд, вале онҳо ҳеч кор карда натавонистанд.Барои кори муташаккилонаи онҳо алоқа лозим буд. Вале то онҷо кабел гузаронидан ғайри имкон буд. Он вақт ихтироъи Поповро дар хотир оварданд.Дар муддати кӯтоҳ бо роҳбарии Попов дар Гогланд ва Котик ду радиошабака сохта шуд. Масофаи байни онҳо 47 км. Мардум бо хурсанди сигналҳои аз Котик равоншударо дар Гогланд қабул карданд. Ҳамон рӯз ҳаёти 50 нафар баҳрнаварди дар яхмонда наҷот дода шуд.

2 сентябри соли 1900 дар Кронштадт устохонаи радиосозӣ ба кор шурӯъ кард. Он аз рӯи лоиҳаҳои Попов радиошабака истеҳсол мекард. Солҳои охири ҳаёташ Попов дар инсититути электротехникӣ кор кард. Ӯ унвони проффесориро гирифта вазифаи ноиби раиси ҷамъияти физикону химикони Русро ба уҳда мегирад.

Шодии Одинашоҳ:  Омӯзгори кафедраи

“Фанҳои таббиию риёзӣ”-и

МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.