Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ЧОРАБИНИИ ИТТИЛООТӢ ДАР МДТ КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОМОДОЯҲО

Бо дастуру супоришҳои директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т Ашуриен Ш.С.  ва нақшаи солонаи кафедраи “Акушерӣ ва гинекологӣ” (мудири кафедра н.и.т Сайдаҳмадова Ш.Ҷ) чорабинии иттилоотӣ бахшида ба рӯзи байналмилалии момодояҳо гузаронида шуд. Дар чорабинӣ деканони факултетҳои “Кори момодоягӣ” ва “Кори ҳамширагӣ” Гадоева Р.Б., Қурбонова П.Г., сардори шуъбаи илмӣ-методӣ Раҳимова Х.А., мутахассисони шуъбаи назорати сифати таҳсилот Сафаров Алишер., Мазабова Н.Н. ва омӯзгорони кафедра иштирок намуданд.

Момодояҳо қисми ҷудонашавандаи системаи тандурустӣ мебошанд. Момодояҳо чун ҳамшираҳои тиббӣ дар нигаҳдории тандурустӣ ва баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ нақши калидӣ доранд. Шуруъ аз соли 1992 бештар аз 50 давлати дуне санаи 5 май Рӯзи байналмилалии момодояҳоро ҷашн мегиранд. Донишҷӯени курси 4 факултети “ Кори момодоягӣ” (Лолазода М.,Эгамбердиева Л., Маҳмадизода С., Нозимзода С., Зокирова Н) презентатсияҳо оид ба “Ғизои зани ҳомила”, “Пешгирии сироят дар хадамоти модар ва кӯдак”, “Камхунӣ дар ҳомиладорон ва оқибатҳои он”, “Хунравиҳои акушерӣ”, “Нақши момодоя дар солимии модарон” ва “Пешгирии ҳамли номатлуб” пешниҳод намуданд. Филми омӯзишӣ оид ба усулҳои муосири контрасепсия намоиш дода шуда, рубрикаи “Ое медонед” шавқовар гузашт ва ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.