Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАЪРИХ ВА ПАЙДОИШИ РАДИО

Александр  Степанович Попов 1859-1956 –физики машҳури рус. У ихтирокунандаи радио мебошад.Попов бо ёрии мавҷҳои электромагнити бе сим алоқаро барқарор намуд ва дар чаҳон аввалин радиоприёмникро сохт.Бо ёрии дастгоҳи таҷрибавии Попов доир ба радиоалоқа аввалин бор аз киштиҳо инъикосшавии радиомавчхо ошкор карда шуда буд.

Апрели соли 1895 А.С.Попов аввалин бор дар чаҳон дастгоҳро барои радиоаллоқа ба вучуд овард.7-майи соли 1895 намоиши дастгоҳи А.С.Попов гузаронида шуд ва имруз дар таърихи илм чӯн рузи бунёди радио дохил гардид .Барои навиштани хабархои дода шуда соли 1896 А.С.Попов  дар радиоприёмники худ аз дастгоҳи телеграфи истифода намуд .У барои кабули мавҷҳои электромагнитии дарозиашон муаян аз ходисаи резонанс истифода бурд .Радио алоқа аввал барои масофаи 250м воқеъ гардонда шуд.Попов дере нагузашта дурии алоқаро то ба 600 м расонд баъд соли 1899 дар манёрҳои Флоти баҳри сиёҳ у дар масофаи 20 км радио алоқа муқарар кард .Соли 1901 бошад , дурии алоқаи радиои ба 150 км расид. Дар ин дастовард ролли муҳимро сохти нави дастгоҳи фиристандаи мавҷ бозид.Соли 1899 имкони бо ёрии телефон қабул кардани сигналҳо ошкор гашт . Аввали соли 1900 радио алоқа дар Хиличи Фин барои наҷот додани ғаркшавандагон бо мувафакият истифода шуд .Ҳамон вақт бо иштироки А.С.Попов тадбиқҳои радио алоқа дар кушунҳои Русия аз чумла дар амалиёти неруҳои баҳрии оғоз ёфт. Алоқаи радиотелефони дар алоқаи радио телефони ларзишҳои хаво дар мавҷи садо ё  худ мавҷҳои савти бо ёрии микрафон ба ларзишҳои электрикии ҳамон гуна шакл табдил дода мешаванд. Чунин ба назар мерасид , ки агар ин ларзишҳо тақвият дода ,ба антени фиристанда равона созем , дар он сурат ба воситаи мавҷҳои электромагнитии нутқ ва мусиқиро аз ҷой ба ҷойе нақл кардан имконпазир мегардад.

Аз ибтидои соли 1920 сар карда барои аҳоли шунавонидаҳои  мунтаззам  оғоз гардид ва аз он вақт радиошунавоии замони Шуравӣ тарғиботчии фаъоли ғояҳои партия , ташкилотчии омма , минбари афкори умум гардид. Хукумати шуравӣ ба инкишофи радио ҳамчун воситаи тавоноии вусъатдиҳандаи тарғибот хамеша диққати ҷидди медод ва соли 1930 оғоз ефтааст.10-Апрели соли 1930 садои радиои тоҷик дар мавҷҳои ҳаво паҳн шуд.

Доир ба ихтирои Попов журнали физико-химичиское обшество “хабари муфассал дарк карда буд . 24 марти соли 1986 Попов радиоро ихтироъ кардааст то имрӯз дар соҳаҳои радиотехника пешравиҳои бузурге ба амал омадаанд. Инкишофи минбаъди радио шунавои ба амал омадаанд . Инкишофи минбаъди радиошунавонии ба номи асосгузори дар чаҳон нахустин давлати сотсиалисти Ленин зич марбут аст.У дар симмои радио нафақат воситаи алоқа инчунин дигаргуншавии маданияти мамлакат тарбияи оммаҳоро медид ва онро алоқа  миллионҳо меномид. Ба ташабусси ӯ аввалин бор дар чаҳон инистути давлати илмӣ-таҳқиқотӣ радиотехники ташкил гардид.

Ассистенти кафедраи “Фанҳои таббиию риёзӣ” – и

МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Усмонов Насимҷон Супҳоналиевич.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.