Мақолаҳо 7- МАЙ РӮЗИ ИХТИРОИ РАДИО ВА КОРМАНДОНИ СОҲАИ АЛОҚА Бо admin Охирин навсозӣ May 7, 2024 0 «Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд». Эмомали Раҳмон Ҳамасола 7 май дар ҷаҳон Рӯзи ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа гирифта мешавад. Зеро нахустин шуда физикдони рус Александр Попов соли 1895 дастгоҳи радиоро намуда, ва барои рушди алоқаи бесим замина гузошт .Бори нахуст ин рӯз соли 1925 ҷашн гирифта шуда ва аз соли 1945 инҷониб ҳамасола таҷлил карда мешавад. Баъд аз 35 соли ихтирои радио бори нахуст 10 апрели соли 1930 Радиои Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард. Он замон радио дар амвоҷи миёна кор карда, аз соати 7-и субҳ то 22-и шаб барнома пахш менамуд. Дар оғози фаъолият доираи шунавандагони радио маҳдуд буд, зеро он вақт ҳамагӣ 20 дастгоҳи садодиҳӣ дар ҷойҳои серодам насб шуда буданд. Пас аз чанд муддат теъдоди шунавандагони радио зиёд гардид. Зеро садои он фазои пойтахтро убур карда, дар ноҳияҳои тобеи он-Ҳисору Ваҳдат, Файзобод, Варзоб танинандоз гардид. Дар оғози фаъолият дар баробари нашри «Радиогазета» ва барномаҳои мусиқӣ, гуфторҳои радиои Москва дар соатҳои муайян пахш мегардиданд. Ба ҳамгон маълум аст, ки дар ҳама марҳилаҳои рушди ҷомеа нақш ва рисолати воситаҳои ахбори омма, бахусус, радио чун замони муосир таъсиргузор ва натиҷабахш набуд. Ин рисолат бо пайдоиши техника ва технологияи навтарин, амалӣ шудани асосҳои демократӣ дар ҷомеа дучанд зиёд шуда истодааст. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттиоотӣ ахбор ва ё маълумот дар муайян намудани равандҳои ҷомеаи муосир нақши муассир доранд. Инсоният имрӯз ба иттилоот ниёзи бештар дорад, зеро ӯ мехоҳад аз тамоми рӯйдодҳои фазои фаъолияти ҷомеа огоҳ бошад. Ба андешаи муҳаққион радиои тоҷик марҳилаҳои гуногунро паси сар кард, ки ҳар як давра хусусияти хос дорад: – давраи аввал ба солҳои шуравӣ рост меояд. – давраи дуюмро метавон ба солҳои истиқлолият нисбат дод. Дар радиои давраи соҳибистиқлолӣ, ҳарчанд анъанаҳои фаъолияти касбӣ идома ёфтанд, аммо он аз чанд ҷиҳат аз марҳилаҳои қаблӣ фарқ мекунад. Ин фарқро, пеш аз ҳама, ба дигаргун шудани низоми пахши барномаҳои радиоӣ ва рангоранг гардидани мақом ва дараҷаи мазмуну муҳтавои гуфторҳо фаҳмидан мумкин аст.Баъдан, ба шарофати сулҳу истиқлол ва демократисозии ҷомеа дар низоми радиоҳои муосири тоҷик: формати расмӣ, омехта, хусусӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, ноҳиявӣ, тиҷоратӣ-фароғатӣ ва амсоли ин ташкил ёфт. Дар ҳақиқат радио дар замони муосир яке аз воситаҳои расонидани иттилоот ба ҷомеа эътироф гардида, дар инъикоси воқеоти рӯзгор, таҳкими асолати миллӣ, рушди давлатдорӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолат ва дӯстию рафоқат нақши муассир дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия, ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода шудааст. Дар баробари ин аз 14 ноябри соли 1996 инҷониб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» амал мекунад, ки тамоми самтҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва фаъолияти телевизион ва радиошунавониро ба танзим медарорад. Усмонов М.А . Омӯзгори кафедраи “Фанҳои таббиию риёзӣ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” 0 Мубодила кардан