Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

7 МАЙ – РӮЗИ ИХТИРОИ РАДИО ВА ТАЪРИХИ ОН

Нигоҳе ба таърихи ихтирои радио ва мавқеъ пайдо намудани он дар ҷомеа. Рӯзи радио 7 май таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз дар соли 1895, физики рус Александр Попов бо истифода аз радиоприёмнике, ки худаш офаридааст, аввалин сеанси алоқаи радиоиро дар ҷаҳон анҷом дод.  Ҳамагӣ 129 сол сипарӣ шуд – ва мо дигар зиндагии худро бидуни радио ва пайрадаҳои он тасаввур карда наметавонем: телевизион, алоқаи мобилӣ, интернет, яъне намудҳои алоқа дар асоси интиқоли сигнали физикӣ (электрӣ ё электромагнитӣ).  Биёед кӯшиш кунем, ки эволютсияи афкори техникиро ба таври мухтасар пайгирӣ кунем: аз орзуи башарият то татбиқи муосири он.

Зарурати интиқоли иттилоот ба масофаҳои дароз дар байни башарият дар ибтидои тамаддуни ибтидоӣ ба миён омад.  Дар аввал, онҳо дуди оташ ё нури офтоб, чароғҳои сигнал ё почтаи кабӯтарро истифода мебурданд. Одамон ин усулҳоро ҳазорсолаҳо, то замони ихтирои аломатгузории парчам (дар охири асри 18) ва телеграф (соли 1832) истифода мебурданд.  Аммо, бо мурури замон, иттилооти интиқолшаванда торафт мураккабтар мешуд ва ин боиси эҷоди системаҳои нав гардид.

Калимаи «радио», ки аз radiare лотинӣ тарҷума шудааст, маънои «партофтан, шуоъдиҳӣ» -ро дорад.  Радио ба мавҷҳои электромагнитӣ асос ёфтааст.  Имрӯз ҳар як мактаббача инро медонад, аммо инсоният дар бораи мавҷудияти худ танҳо дар охири асри 17 – ва ҳатто пас аз он норавшан дарк кард.  Ҷашнгирии рӯзи радио ба номи олим ва физики барҷастаи рус А.С. Попов алоқаманд аст. Маҳз бо ташаббуси ин олими забардаст соли 1895 радио ихтироъ шудааст. Ҳанӯз 129 сол муқаддам -7 майи соли 1895 Александр Степанович Попов дар маҷлиси Ҷамъияти физика- химияи рус дар бораи нахустин радиоприёмнике, ки худаш ихтироъ карда буд ахборот дод. Баъзе таърихшиносони хориҷи оид ба ихтирои радио олими итолёвӣ Маркониро мансуб медонанд. Мувофиқи гуфтаҳои онҳо радиоро якумин маротиба Попов не, гӯё Маркони  ихтироъ карда бошад. Албатта марконӣ ҳам олими намоён буд.

Вай соли 1896 ба Англия омада дар байни коркунони алоқа доир ба асбобе, ки ба воситаи он сигналҳоро бо ёрии ноқил ба масофаи дур фиристодан мумкин аст, ҳикоят кард. Ин асбобро тамоман  махфӣ нигоҳ дошта, ба сомеон нишон надода буд.

Баъди ин баромади Маркони рузномаҳои гуногуни Англия ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон дар атрофи ихтирои Маркони овоза паҳн намуда номи ӯро дар олам машҳур карданд. А.С. Попов кори худро доир ба ихтирои радио пеш аз Марконӣ ба охир расонида бошад ҳам дар ин бобат ҳанӯз ба матбуоти хориҷӣ хабар надода буд. Попов дертар аз таҷрибаи Маркони шунида моҳи январи соли 1897 ба редаксияи газетаи “Котлин” чунин навишта буд”… Ин гуна асбобро ман соли 1895 сохта будам”. Сипас моҳи июли соли 1897 Попов дар мақолаи ба газетаи Новое время навиштааш гуфта буд “Қабулкунандаи Марконӣ аз ҷиҳати сохташ қариб ба кабулкунандаи ман, ки онро соли 1895 сохта будам, монанд аст”. Доир ба ихтирои Попов журнали “Русское физико- химическое общество” хабари муфассал дарҷ карда буд.

24 марти соли 1896 Попов телеграфро ба вуҷуд овард, ки он аввалин бор дар флот истифода бурда шуд. Аз он замоне, ки Попов радиоро ихтироъ кардааст то имруз дар соҳаи радиотехника пешравиҳои бузурге ба амал омадаанд. Инкишофи минбаъдаи радиошунавони ба номи асосгузори дар ҷаҳон нахустин давлати сотсиалисти Ленин зич марбут аст.

Ў дар симои радио нафақат воситаи алоқа ин чунин дигаргуншавии маданияти мамлакат тарбияи оммаҳоро медид ва онро “Митинги миллионҳо”меномид.

Дар солҳои охир радиои Тоҷикистон дорои 4 барнома буда, бо техникаи пуриқтидори ҳозиразамон таҷҳизонида шудааст. Барои ба мардум дастрас шудани барномаҳои ҳафтаинаи радио 28-уми июни соли 1963 аввалин шумораи ҳафтаномаи “Ин ҷо Душанбе” садо додашуд. Овози радиои тоҷик дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳури ва берун аз он баланд садо медиҳад ва мухлисони вай торафт меафзоянд. Махсусан, дар давраи соҳибистиқлоли барномаҳои радио ва ҷаҳоннамо хеле гуногунранг буда, мазмун ва мундариҷаи онҳо хеле беҳтар шудааст.

Чихеле, ки мебинем хизмати радио ва ҷаҳоннамо (телевизор) боз ҳам зиёдтар мешавад. Пайдоиши компютерҳои замонавӣ, компютерҳои шахси, почтаи электрони, телевизиони кабели ва рақами, наззорагирдаҳо-ин  баъзе аз шумораи ками муваффақиятҳои соҳаи воситаҳои ахбороти оммавӣ мебошанд. Онҳо имконият медиҳанд, ки робита бо ҷаҳони беруна васеъ карда шавад ва дараҷаи иқтисодӣ, маданӣ ва илмии давлати дилхоҳро ташаккул диҳад. Ҳоло олимон, муҳандисон, ва конструкторон  дар бораи боз ҳам такмил додани радио ва ҷаҳоннамо кӯшишу ғайрати зиёде карда истодаанд. Аз он ҷумла, барои сабти тасвир ва садо дар як вақт дар назорапластинкаҳо (видеопластинкаҳо), дар лентаҳои магнитӣ (видеомагнитофилмҳо) бо ёрии нурҳои электрони, алакай ба муваффақиятҳои калон ноил шуд. Дар оянда, гузаштан ба тасвирҳои ҳаҷми дар намоишҳои ҷаҳоннамо истифодабарии соҳаи махсус, ки голография ном дорад, аҳамияти калон пайдо мекунад. Ин имконият медиҳад, ки тамошобин тасвирро пурра ва ҳаҷман бинад, ҳатто дар қафои предмети додашуда боз кадом предметҳо ҷойгиранд, дидан мумкин мешавад. Дар ин ҳолат тамошобин худро иштирокчии бевоситаи ҳодиса ё воқеа ҳисоб мекунад. Пешрафти минбаъдаи ҷаҳоннамо талаб мекунад, ки дар баробари садо ва тасвир, ки бо чашм мебинему бо гӯш мешунавем, боз эффектҳои дигар ба узвҳои инсон таъсир карда, ҳиссиёти онҳоро ба вуҷуд орад, яъне масъала аз реаксияҳои химиявиро ба импулсҳои электрики табдил додан ва ба барнома даровардан аст. Он вақт ҳангоми намоиши телевизиони якбора узвҳои бинои, шунавои ва шоммаи тамошобин кор мекунад ва ў дар бораи предмет ахбороти зиёдтарро мегирад.

Радио ва телевизион ҳамчун аслиҳаи тавоно дар кори васеъ тарғиб намудани, дастовардҳои коргарону деҳқонон, зиёиён ва ҷустуҷуҳои эҷодкоронаи ҷавонон мақоми арзанда дорад. Бояд қайд кард, ки ташаббускори ҳамаи ин мӯъҷизаҳо олими бузурги рус А.С. Попов  мебошад.

Арбобов Х.М., Мудири кафедраи«Технологияи информатсионӣ, ташхис ва табобати нурӣ» МДТ «Коллеҷи тибби ҷумҳуриявӣ»

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.