7 май — Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад. Ихтирои нахустин дастгоҳи радио соли 1895 аз ҷониби физики рус Александр Попов анҷом дода шуд ва ин ихтироъ ба рушди алоқаи бесим замина гузошт.
Радио имрӯз яке аз воситаҳои фарогири расонидани иттилоот ба ҷомеа эътироф гардида, дар инъикоси воқеоти рӯзгор, таҳкими асолати миллӣ, рушди давлатдорӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолат ва дӯстию рафоқат нақши муассир дорад.
Истиқлоли давлатӣ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон дигаргуниҳои куллӣ ба амал овард. Зеро дар баробари дигар воситаҳои ахбори омма радио низ рушд карда, дар ҷумҳурӣ шумораи радиоҳои давлатӣ ва мустақил зиёд гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар айни замон дар ҷумҳурӣ 32 радио фаъолият дорад, ки аз он 10 -радио давлатӣ ва 22 адад хусусӣ мебошад. Ин радиоҳо дар инъикоси воқеияти рӯзгор, таҳкими асолати миллӣ, рушди давлатдорӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии мардум, пойдории адолат ва дӯстию рафоқат нақши муассир доранд.
Имрӯз радио ба ҳама дастрас буда, дар баробари дигар воситаҳои иттилоърасон байни ҷомеа мавқеи хоси худро касб намудааст, ки метавон онро тариқи телефони мобилӣ, компютер, планшет ва интернет ба таври васеъ истифода бурд.