Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМУШ НАШУДААСТ

Таърихи инсоният пур аз қаҳрамониҳо ва ҷонбозиҳост. Махсусан, масъалаҳое, ки ояндаи халқ, миллат ва давлатро дар таърих муайян мекунанд. Яке аз чунин қаҳрамониҳо ин ғолибият дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд, ки фарзандони тоҷик низ дар баробари дигар бародарони мамолики собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ китф ба китф истода давлати худро аз вартаи фаношавӣ ва нестшави нигоҳ медоштанд.  Мо дар арафаи 79-мин солгарди “Рӯзи ғалаба” қарор дорем.

Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ фоҷиаи  сахттарини қарни гузашта буд. Дар он 70 давлати дунё иштирок намуда, дар ҳудуди 40 давлат амалиёти ҷангӣ сурат гирифта буд. Ҷанг 1418 шабонарēз идома ёфта, 55 млн нафар қурбон ва садҳо миллион нафар ба маҳрумият ва азобу шиканҷаи тоқатнопазири он гирифтор гардида будаанд. Хароҷоти ҳарбӣ ва зарари умумии ҷанг 4,5 триллон  доллари амрикоиро  ташкил медод.

Дуруст аст, ки ҷанг бо ғалабаи дурахшони Иттиҳоди Шӯравӣ ва иттифоқчиёнаш ба охир расид. Вале ҷанг боиси харобиҳои зиёд ва қурбониҳои бешумори инсонӣ гардид. Қариб нисфи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ харобу валангор шуда буд. 1700 шаҳру шаҳракҳо, 32000 корхонаҳои саноатӣ, ҳазорҳо қишлоқҷойҳо ва ғайра ба хок яксон шуда буданд.

Оташи ин ҷанги хонумонсуз бо мусоидат ва  дастгирии  доираи муайяни сармоядори, қувваҳои иртиҷоии байналхалқӣ ва фашистони истилогар афрухта шуда буд.

Дар натиҷаи баста шудани паймон байни Олмон, Италия ва Ҷопон инсоният ба гирдоби ҷанг кашида шуд. Бо кушиши чандинкаратаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷодаи гирифтани пеши роҳи таҷовузкоронаи фашистон, мамлакатҳои бузурги капиталистӣ сиёсати бетарафиро зоҳир намуданд ва аз ин ру фашизм зодаи империализми байналхалқӣ буд, ки дар муборизаи зидди давлати Шӯравӣ  ба он мақоми асосӣ дода мешуд.

Иттиҳоди Шӯравӣ 23-августи соли 1939 бо Олмон созишнома  имзо намуда, барои баланд бардоштани қобилияти мудофиавии худ чораҳои амалӣ андешид. Лекин барои пурра ба ҷанг тайёр шудани мамлакат вақт нарасид. Зеро 22 июн соли 1941 Олмони фашистӣ шартномаро вайрон  намуда, ҷангро оғоз кард. Тамоми халқҳои Шуравӣ ба мудофиаи Ватан бархестанд. Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷудонашавандаи давлати ягонаи  Шӯравӣ дар он солҳои вазнини ҷанг дар канор намонд. Мо имрӯз бо ифтихор ва сарбаландӣ иброз менамоем, ки 260 ҳазор нафар фарзандони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, дар ин ғалабаи бузург саҳми худро гузоштаанд, ки ин 14% аҳолии қобилияти ҷисмонидоштаи ҷумҳуриро ташкил медод. Аз он ҷумла 92 ҳазор нафар дар майдони ҷанг ҳалок шуда ба Ватан барнагаштанд. Барои далерӣ ва шуҷоат дар майдони ҷанг 54 нафар бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 21 нафар бо се дараҷаи ордени Шараф  ва даҳҳо  ҳазори дигар бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гардиданд.

Ҳанўзӣ давраи аввали оғози ҷанг фарзандони тоҷик барои сафарбар гардидан ба ҷабҳаҳои фронт ба комиссариати  ҳарбӣ аризаҳои ихтиёриро ирсол намуданд. Тибқи маълумотҳои расмӣ чунин аризаҳо  дар ибтидои соли 1942 қариб 8,5 ҳазор ва охири ин сол 10 ҳазорро ташкил медоданд. Шаҳрвандони Тоҷикистон бо шиорҳои  «Кори мо ҳақ аст, душман шикаст хоҳад хурд ва ғалаба бо мост» дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мубориза мебӯрданд.

Пирӯзие, ки халқҳои гуногунмиллати Шӯравӣ ба даст овардаанд, аз бисёр ҷиҳат ба кори пурсамари ақибгоҳ алоқаманд буд. Тоҷикистон гарчанде, ки аз хати фронт дар масофаи ҳазорҳо фарсах дур қарор дошта бошад, ҳам  дар тӯли солҳои ҷанг ба артиш  ҳамсадою  ҳамнаво буд ва яке аз боэтимодтарин такягоҳи артиш ба шумор мерафт.

Солҳо мегузаранд, умри инсонӣ  сипари мешавад, аммо қаҳрамониҳо ва ҷонбозиҳои фарзандони бо нангу ори Ватан, ки барои озодии меҳан ҷони худро фидо намуданд,  аз хотираҳои инсоният дур нахоҳад шуд.

Довулова Зайнаб Муҳаммадиевна Омӯзгори кафедраи «Фанҳои гуманитарӣ»-и

МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.