Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

КАФЕДРАИ “ФАРМАКОГНОЗИЯ ВА КИМИЁИ ФАРМАТСЕВТӢ”-И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”: АКСИЯ ТАҲТИ УНВОНИ “ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД”

Бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои директори муассиса, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ҷиҳати ташкил намудани созмонҳои донишҷӯён дар муассиса бо ташаббуси муовини директор оид ба тарбия Саидова Мавҷуда Мирзошарифовна ва шуъбаи ташкилӣ – тарбиявӣ ва кор бо ҷавонон якчанд созмонҳои донишҷӯён ташкил карда шуда, амал мекунанд. Яке аз чунин созмонҳо созмони “Пайравони Пешвои миллат” мебошад, ки назорати фаъолияти созмони мазкурро мудири кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” Сулаймонова О. Ғ. ба ӯҳда дорад. Санаи 08.05.2024 ҷиҳати таҷлили 79 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизм аз тарафи донишҷӯёни муассиса – аъзоёни созмони “Пайравони Пешвои миллат” дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе аксия таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст” гузаронида шуд. Зимни гузаронидани аксия аъзоёни ин созмон шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахтро бо Рӯзи Ғалаба табрик намуда, ба онҳо варақаҳои табрикотӣ тӯҳфа намуданд. Гузаронидани чунин аксияҳо инчунин дар Рӯзи ҷавонон ва дигар ҷашнҳои миллӣ ба нақша гирифта шудааст.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.