ТАҲЛИЛИ СПЕРМОГРАММА
Барои ташхиси як қатор бемориҳои узвҳои ҷинсии мардона ва муайян намудани бенасли, таҳлили эякулят (спермаграма) ва шираи прастата гузаронида мешавад. Паремхимаи тухм ба бофтаи тунуки пайвасткунанда пушондид шуда ба ҳиссаҳо ҷудо шудааст, ки аз миқдори зиёди найчаҳои печутобхурдаи нутфави иборат мебошад.
Дар байни ин каналҳо бофтаи пайвасткунанда ва гуруҳи ҳуҷайраҳои Лейдига ҷойгир аст, ки ин ҳуҷайраҳо гармони ҷинсии мардона яъне тестестеронро ҳосил мекунанд, ки ба сабзиши узвҳои ҷинсии мардона, аломатҳои дуюми ҷинсӣ, ғафсшавии овоз, баровардани риш, ҳосилшавии сперматогенез, инчунин сабзиши устухону мушакҳои мардона мусоидат менамояд.
Спермограмма таҳлили микроскопии эякулят мебошад. Дар вақти таҳлил хусусиятҳои нутфа, шумора ҳаракатноки, сохти дурусти морфологи, шумораи ҳуҷайраҳои сперматогенези баркамол, намудҳои ҳуҷайраҳои сперматогенез, намудҳои лейкоситҳо, шумораи онҳо ва дигар хусусиятҳо муайян карда мешаванд.
Ҳосилшавӣ нутфа – дар найчахои печутобхурдаи моядон ҳосил мешавад. Аввалин ҳуҷайраи ҳосилшаванда ин Сперматогония ном дорад, ки (2n) – яъне 46 – хромасома дорад дар навбати худ ба 2 – ҳуҷайраи духтарии сперматотсит дараҷаи I тақсим мешавад.
Сперматотситҳои дараҷаи I низ 46 хромасома доранд, ки боз давраи тақсимшавии мейоз ба 2 – ҳуҷайраи духтари тақсим мешавад, ки сперматотситҳои дараҷаи II ном мегиранд.
Сперматотситҳои дараҷаи II дар вақти тақсимшавии мейоз ин ҳуҷайраҳо гаплоиди мешаванд яъне (In) 23 – хромасома доранд. Боз як давраи мейозро аз сар гузаронида ба 2 – ҳуҷайраи духтари тақсим шуда номи Спермадидаро мегиранд. Аз сперматидаҳо ҳуҷайраҳои ҷавони Сперматозоидҳо ҳосил мешаванд, ки 23 – хромасома доранд ва ба каналчаҳои печутобхурд мегузаранд.
Ҳосилшавии сперматозоидҳо дар роҳҳои печутобхурди моядон мегузарад. Ҳуҷайраҳои Сертоли барои муҳофизат ва ғизодиҳии сперматозоидҳои инкишофёбанда хизмат мекунад. Аз рагҳои хунгузар моддаҳои лозимаро ба дохил ва аз он ҷо моддаҳои нолозимаро ба рагҳои хунгузар мегузаронад. Ҳуҷайраҳои Лейдига дар худ гормони мардона яъне Тестостерон ҳосил мекунад.
Тарзи ҷамовари биомавод (эякулят).
Барои ҷамоварии эякулят ба муорҷиаткунанда истакони тозаи хушки сарпушдор медиҳанд ва мефаҳмонем тарзи гирифтанашро: дар як ҷои маҳсус бо тариқи мастурбатсия бояд гирифта шавад ва юа лаборатория ҳамзамон расонад. Барои дақиқ ва дуруст ба даст овардани натиҷа бояд 2 – 3 руз алоқаи ҷинси накунанд ва маводҳои спирти истифода набаранд. Пас аз овардан, биомаводро дар термостати 37оС аз 20 то 40 дақиқа мемонем то ин ки ба ҳолати аввалаи худ (ҳолати физиологияш) бар гарда ва пас аз вақти ҷудошуда биомаводро гирифта хосияти физики ва химиявиашро мебинем:
Миқдор – дар меъёр миқдори сперма (эякулят) 3,0 – 5,0 мл мебошад. Ҳангоми зиёд шави аз 6,0 мл Полиспермия номида мешавад, ва кам шудани сперма (эякулят) аз 1 мл Олигоспермия номида мешавад. Микдори ками сперма (эякулят) барои нейтрализатсияи мухити турши махбал кифоя нест ва ба харакати сперматогенез низ таъсири манфи мерасонад. Дар одамони калонсол микдори эякулят ба норасогии секрети гадуди мардона, хубобчахои тухмдон ва пайвастшавии сперматозоидхо вобастаги дорад.
Ранг – дар меъёр сперма (эякулят) ранги сафеди хокистарранг мешавад. Ҳангоми хунрави рангаш сурхчатоб мешавад. Ҳангоми илтиҳоби вазнин ранги сафеди қаҳварангро мегирад, ва ҳангоми пиоспермия ранги зард дида мешавад.
Буй – дар меъёр сперма (эякулят) буяш махсус (спетсифики, буйи гули дарахти каштан) мебошад. Ҳангоми бемориҳои онкологи буйи бадро мегирад.
Консистенсия – дар меъёр сперма (эякулят) баъд аз ба берун баромадан желемонанд (суюқ) аз ҳисоби спермин мебошад. Дар харорати хона ғафс шуда ва баъд охиста -охиста тунук мешавад. Аз хисоби ферменти мардона (фибринолизин ва фибриногенез) вобастаги дорад. Ҳангоми прастатит ё илтиҳоб луобшакл ё тунук мешавад.
Часпакноки – дар меъёр сперма (эякулят) хосияти ёзандаги дорад аз 0 то 5 мм. Ҳангоми илтиҳоби зиёд то 15 – 25 мм ва аз он ҳам зиёд мешавад.
Муҳит (рН) – дар меъёр рН – и сперма (эякулят) сусти ишқори аст, аз 7,2 – 8,0. Ҳангоми рН турш, паст шудан аз (6,0) ҳамаи ҳуҷайраҳои сперматозоидҳо мемиранд, Некроспермия номида мешавад.
Баъди дида баромадани хосияти физико – химияви микроскопия мекунем:
Ҳисобкунии фоизноки дар камераи Горяев.
Микроскопияи препарати беранг.
Омузиши сохти морфорологии сперматозоидҳо дар маводи рангкарда шуда.
Муайянкуни ва ҳисоб бо усули Блум.
Барои ҳисоб кардани фоизи фаъоли (Ф), камфаъол (К/Ф) ва беҳаракат (Б/Ҳ) – и сперматозоидҳо ба мо лозим аст:
Маҳлули NaCI – 0,9% Камераи Горяев Микраскоп.
Мо пеш аз оғози кор ҳамаи мавод ва таҷҳизотҳои лозимиро дар ҳарорати 370С мемонем то ин, ки дар вақти ҳисоб ба ҳаракати ҳуҷайраҳо тасири хунуки ё гармии зиёд нарасад.
Рафти кор: – Дар як пробирка (найчашиша) 0,4мл (400мкл) маҳлули NaCI – 0,9% гирифта аз болояш 0,02мл (20мкл) эякулят (биомавод) илова карда хуб омехта мекунем. Ҳамонзамон дар камераи Горяев шишачаи болопушро монда як қатра аз омехтаамон мечаконем, дар зери микроскп бо окуляри 10, обективи 100, конденсори миёна, майдони бинишро ёфта дар 5 – хоначаи калон ки ҳар кадоми он ба 16 хоначаи хурд тақсим шудааст ҳисоб мекунем. Миқдори фаъол, камфаъол ва беҳаракатро меҳисобем.
Мисол:
Миқ.ҳуҷ-и (Фаъол |
8 |
4 |
11 |
3 |
9 |
=35+ |
35*10079 |
=44,3% |
Миқ.ҳуҷ-и (Камфаъол) |
5 |
7 |
3 |
4 |
8 |
=27+ |
27*10079 |
34,2% |
Миқ.ҳуҷ-и (Беҳаракат) |
3 |
5 |
2 |
4 |
3 |
=17+ |
17*10079 |
21,5% |
79 |
100% |
Дар меъёр: – Ҳуҷайраҳои фаъол – 60%>;
Ҳуҷайраҳои камфаъол – <20%;
Ҳуҷайраҳои беҳаракат – <15%;
ПРЕПАРАТИ НАТИВӢ (молишаки нативӣ)шарҳи умум.
Дар болои шишачаи предмети як қатра эякулят (биомавод) чаконида ба болояш шишачаи болопш монда дар зери микроскоп окуляри 10, обективи 40, конденсори миёна, майдони бинишро меёбем. Ҳамаи элементҳои дар майдони биниш бударо дида қайд мекунем. Дар меъёр миқдори элементи:
Лейкоситҳо – 1 – 3 дона дар як майдони биниш.
Эритроситҳо – 0 – 1 дона дар як майдони биниш.
Эпителияи паҳн – 0 – 1 – 2 дона дар як майдони биниш. (аз уретра меафтад.
Доначаҳои летситини бо миқдори зиёд (статуси гормоналии мардонагиро мефаҳмонад).
Дар ҳолати патологӣ (беморӣ) дида мешавад:
Миқдори зиёди лейкоситҳо (дар вақди илтиҳоби зиёд, ва хангоми беморихои уретрит прастатит).
Миқдори зиёди эритроситҳо (дар вақти хунрави травма, саратони бадсифат ва дигар намуди холатхои паталоги).
Кам шудани доначаҳои летситини (дар вақти илтиҳоби барзиёд).
Холестерин (ҳангоми омоси простата).
Гемотоидин (ҳангоми хунравии зиёд).
Таначахои Линоиди – (дар эякуляти нормали бо микдори зиёд мушохида мешавад, ки ин нишонаи функсияи гармоналии мардона- ро нишон медихад. Дар беморихои прастатит, саратони прастата микдори таначахои линоиди кам мешавад.
Эпителияи атипи (дар бемориҳои онкологӣ).
Ҳуҷайраҳои макрофаг (фагоситкунандаи сперматозоидхо буда, диаметраашон 20-35мкм мебошад ҳангоми илтиҳоб, пайдо шудани ҷисми бегона, мудати дуру дароз хориҷ нашудани сперма ва сепсис).
Аглютинатсия (бо ҳам часпидани якчан сперматазоидҳо. Ҳангоми ҳисоб бо (+) ва (%) ишора мекунем. (+)25%; (++)50%; (+++)75%; (++++)100%.
Пайдошавии кристалҳо.
Кристали Бетхер (ҳангоми барзиёд истодани эякулят (сперма) ва прастата):
Калтсинатҳо (ҳангоми зиёд будани миқдори калтсий дар организм):
Таначаҳои амилоиди (ҳангоми аденома ва рак простата):
Морфологияи (сохти) ҳуҷайраи сперматозоидҳо.
Барои морфологияи сперматозоидҳоро омухтан дар як шишаи предмети як қатраи эякулят (сперма) чаконда тунук карда, хушк карда, фиксатсия бо спирти 960 мекунем ва баъд бо ранги Рамоновский (1:9) ранг мекунем муддати 20 дақиқа. Баъд аз 20 дақиқа гузаштан онро шуста, хушк карда, ба болояш як қатра равғани имертсиони чаконда дар зери микраскоп бо окуляри 10, обективи 100, конденсори боло бардошташуда мебинем ва майдони бинишро ёфта, дар кадом шакл будани ҳуҷайраи сперматозоидро меҳисобем.
Барои бо % – баровардани ҳисоб мо 100 ҳуҷайраи нормаию патологии сперматазоидро мешуморем.
Сохти морфологи |
Меъёр |
Мисол |
Нормалӣ |
60%> |
74 |
Патологияи Сар |
<20% |
12 |
Патологияи Дум |
<10% |
6 |
Патологияи Сару Дум |
<10% |
8 |
Ҳамаги |
100 |
Усули Блум
Дар шишачаи предмети як қатраги аз сперма, эозини турши 5%, негрозини 10% мегирем. Ҳарсеашро омехта карда тунук мекунем ва баъдан онро хушк карда як қатра равғани имертсиони мечаконем. Дар зери микраскоп ҳуҷайраҳои зинда ранг намегиранд, ҳуҷайраҳои мурда бошад ранги сурх ё гулобиро мегиранд. Миқдори зинда ё мурдаи ҳуҷайраро бо % медиҳем.
100 – ҳуҷайраи зиндаю мурдаро ҳисоб карда ба % ҷавоби ташхисро медиҳем. Агар миқдори ҳуҷайраҳо кам бошанд, то миқдори ёфтаамон ҳисоб мекунем.
Миқдори ҳуҷайра |
Меъёр,% |
Мисол |
||
Ҳуҷайраи зинда |
50> |
38 |
38*10054 |
70,4% |
Ҳуҷайраи мурда |
<30 |
16 |
16*10054 |
29,6% |
=54 |
100% |