Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҒАЛАБА

Ҳамватанони азиз, собиқадорони ҷангу меҳнат!

Тамоми мардуми сермиллати Тоҷикистонро бо ҷашни пуршарафи 9 май – Рӯзи Ғалаба, хотирот ва қадрдонӣ ва 79-умин солгарди Ғалабаи Бузург дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ аз таҳти дил табрик гуфта, эҳтироми амиқ ва орзуҳои неки худро ба ҳамаи шумо, хоса ба Ветеранҳои ҷангу меҳнат мерасонам.

Дар ин рӯзи фархунда мо хотираи падарону бобоёнамонро, ки дар ҷанги мудҳиштарин дар таърихи башарият қаҳрамонии ҳақиқӣ нишон дода, ҷаҳонро аз фашизм наҷот додаанд, ба тамоми ҳамватанони далеру ҷасур, ки дар ҷангҳо фидокорона меҳнат карда, дар ақибгоҳ истода, барои таъмини Ғалаба ҳиссаи сазовор гузоштанд, эҳтиром мегузорем.

Мо ба собиқадорони азизамон, ки аз ҷанг баргашта, баҳри ободии диёрамон мардонавор заҳмат кашида, имрӯз бо файзу баракати худ рӯзгори моро равшан мекунанд, изҳори сипос мекунем.

Сарбозони шуҷои моро, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳимояи озодии Ватан, сулҳу оромии мардум ҳангоми адои хизмат ҷон додаанд, бо миннатдорӣ ёдовар мешавем.

Дӯстони азиз!

Дар он солҳои сангини Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 290 ҳазор нафар аскарони тоҷик ба фронт сафарбар шуда буданд, ки беш аз 90 ҳазор нафарашон ҷон бохтаанд. Ин аз баҳои баланде, ки бо он Ғалаба ба даст оварда шудааст, шаҳодат медиҳад.

Дар он солҳои пурташвиш халқи мо дар ақибгох устуворона меҳнат мекард. Кори корхонаҳои саноатӣ ба эҳтиёҷоти фронт нигаронида шуда буд. Аз минтақаҳои бо оташи ҷанг фарогирифта ба мамлакати мо як қатор заводу фабрика кучонда, дар як муддати кутоҳ истеҳсолот ба роҳ монда шуд. Халқи мо ба фронт ба микдори зиёд техникаи ҷангӣ, яроқу аслиҳа, доруворӣ, сару либос, озуқаворӣ ва дигар маҳсулоти зарурӣ фиристод. Яъне бояд дарк кард, ки саҳми халқи мо низ барои ба даст овардани Ғалаба назаррас аст.

Ҳамватанони гиромӣ!

Ба ифтихори ҷашни ин ид дар Тоҷикистон чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ баргузор мешавад. Мо бешубҳа ба он бузургоне, ки барои ҳаёти озоди имрӯзаи мо фидокорона мубориза бурдаанд, миннатдорӣ баён менамоем.

Дар ин айёми ниҳоят душвору пурташвиш – корнамоию анъанаҳои пуршарафи қаҳрамонони собиқадор дар иҷрои чунин вазифаҳои хеле муҳим, аз қабили тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ ва ҳифзи фарзандонамон аз таъсири ташфиқоти гуногуни манфӣ барои мо намунаи ибрат аст. Мо аз чунин матонати беандоза бузург илҳом гирифта, вазифаи олии худро дар ҳифзи Ватан, ҳифзи ҳаёти осоишта ва бунёди Тоҷикистони пешқадам бешубҳа бошарафона иҷро хоҳем кард.

Бори дигар шуморо бо иди бузурги имрӯза – Рӯзи Ғалаба самимона табрик мегӯям. Ба ҳамаи шумо саломатӣ, хушбахтӣ ва шукуфоӣ таманно дорам.

Чун бебаҳотарин сарвати мо — сулҳу субот, дӯстӣ ва ҳамфикрии байни миллатҳост, бигзор дар кишварамон ҳамеша сулҳ ҳукмфармо ва халқамон хушбахт бошад!

Директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.