Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ВОХӮРИИ ДИРЕКТОРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” БО ИШТИРОКЧИЁНИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР БАЙНИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБИИ ТИББӢ

Санаи 8 майи соли ҷорӣ девораҳои муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”-ро фазои интизорӣ ва азму ирода фаро гирифт. Иштирокчиёни олимпиадаи ҷумҳуриявӣ дар байни  донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шунидани суханони рӯҳбаландкунанда ва маслиҳатомезу хирадмандонаи роҳбари барҷастаи худ ҷамъ омаданд. Директор, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода зимни суҳбат бо донишҷӯён, аз комёбиҳои шогирдон ифтихор ва миннатдории худро пинҳон накарда, сатҳи баланди омодагии донишҷӯёнро, ки дар озмуни дохилӣ ҷои аввалро ишғол намуда, барои иштирок дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ роҳхати сазовор гирифтанд, қайд намуданд.

Роҳбари муассиса бо суханони худ дар ниҳоди донишҷӯён оид ба қувваи илмию эҷодиашон бовар эътимод ҳосил намуданд.Таъкид гардид, ки ширкат дар чунин чорабиниҳо на танҳо ҷаҳонбинии касбии онҳоро васеъ мекунад, балки ба онҳо таҷриба ва эътимод ба қобилияташон мебахшад.

Дар рафти вохӯрӣ нуктаҳои асосии ҷараёни олимпиада баён гардида, оид ба омодагӣ ва дастурҳои ҳавасмандкунӣ маслиҳатҳо дода шуданд. Директор саволу таклифҳои донишҷӯёнро бодиққат гуш карда, ҳамаро дар ҷустуҷӯи марраҳои нав дастгирӣ намуданд.

Ҳамин тариқ, вохӯрӣ бо иштирокчиёни олимпиадаи тахассусӣ на танҳо рамзи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи роҳбарияти коллеҷ ба донишҷӯён, балки як такони пурқуввате барои идомаи пешрафт, расидан ба қуллаҳои нав дар фаъолияти касбии худ гардид.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.