Хабарҳо ДАРМОНГОҲИ НАЗДИКОЛЛЕҶӢ: ҚАДАМ БА УФУҚҲОИ НАВ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ТАНДУРУСТӢ Бо admin On May 10, 2024 0 Пеш 1 то 16 саҳифа Баъдӣ Сохтмони аввалин клиникаи нодир дар назди муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо суръати тез идома дорад. Дар зарфи муддати кӯтоҳ 8 ошёна, тавораҳои байниҳуҷравӣ сохта, омодагӣ ба корҳои ороишӣ рафта истодааст. Ин лоиҳа на танҳо бо суръати сохтмон, балки бо тарҳи худ низ беназир аст: клиника ҳам барои табобати аҳолӣ ва ҳам барои таълим додани донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” истифода мешавад. Лоиҳаи дармонгоҳ заминаи васеи клиникиро фароҳам меоварад, ки дар он донишҷӯён метавонанд таҳти роҳбарии мутахассисони соҳибихтисос аз таҷрибаи истеҳсолӣ ва қаблидипломӣ гузаранд. Дар ин ҷо шуъбахои клиникӣ низ ҷойгир карда мешаванд, ки ин дар навбати худ ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки бо касби ояндаи худ бештар шинос шуда, ба кор дар шароити реалӣ беҳтар омода шаванд. Ба гуфтаи мутахасисони соҳавӣ, ин навоварӣ аз ҳисоби мутамарказ гардонидани тамоми захираҳои таълимӣ ва имкони назорати хубтари раванди таълим, сифати таълимро хеле беҳтар хоҳад кард. Сохтмони ин табобатгох ба шарофати роҳбарии хирадмандонаи директори мо, номзади илмҳои тиб, Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, ки на танҳо роҳбари пуртаҷриба, балки коркуни баландихтисоси тиб низ мебошад, имконпазир гардид. Директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” барандаи ҷоизаи “Аълочии тандурустии Тоҷикистон” мебошанд, ки фаҳмиши амиқи он касро дар бобати ниёзҳо ва хусусиятҳои соҳаи тандурустӣ нишон медиҳад. Маҳз ба шарофати қатъият ва салоҳияти ӯ лоиҳаи клиника дар Коллеҷи тиббӣ дастгирӣ ва маблағгузории заруриро гирифт. Роҳбари муассиса шахсан рафти сохтмонро назорат карда, ба ҷузъиётҳое, ки бевосита ба коршоямии клиника ҳамчун муассисаи тиббӣ ва таълимӣ таъсир мерасонад, диққати махсус медиханд. Ҳамин тариқ, санаи 7 майи соли ҷорӣ тибқи нақша роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода бо ҳамроҳии муовинони директор, сармеъмор, лоиҳакаш ва дигар масъулони сохтмони бино аз рафти сохтмони бино дидан намуда, ба лоиҳаи сохтмон якчанд ислоҳоти муҳим дохил намуданд. Ин тағйиротҳо бештар ба ҷойгиршавии шӯъбаҳо ва утоқҳои таълимӣ бо назардошти хусусиятҳои кори клиникӣ ва раванди таълимӣ алоқаманд буданд. «Мақсади асосии дидан намудан аз рафти сохтмон ин боварӣ ҳосил кардан аст, ки лоиҳа ба талаботи воқеии тиббӣ ва таълимӣ мувофиқат мекунад», – қайд намуданд роҳбари муассиса дар мусоҳиба пас аз дидан аз майдони сохтмон. Афзуданд, ки ҳамкории зич байни гурӯҳи сохтмонӣ ва мутахассисони соҳаи тиб барои ба даст овардани натиҷаҳои беҳтарин муҳим аст. Чунин ҳамкорӣ имкон медиҳад, ки на танҳо ба хатогиҳо дар банақшагирӣ роҳ дода нашаванд, балки клиникаро ҳам барои беморон ва ҳам барои донишҷӯён то ҳадди имкон қулай ва самаранок гардонанд. Корҳои дар пешистодаи пардоздиҳии бино, ки дар ояндаи наздик оғоз меёбад, дар роҳи ба анчом расондани сохтмон қадами муҳим хоҳад шуд. Кулли донишҷӯён ва коллективи коллеҷ ба кушода шудани дармонгоҳи нав бесаброна интизорӣ мекашанд ва дарк мекунанд, ки он на танҳо дар соҳаи маориф, балки дар соҳаи нигаҳдории тандурустии кишвар саҳми арзанда хоҳад шуд. «Ин лоиҳа натиҷаи кори муштараки як гурӯҳи мутахассисон, аз ҷумла директори мост, ки на танҳо дар соҳаи тиб таҷрибаи ғанӣ доранд, балки дидгоҳи беназире доранд, ки муассисаи тиббии муосир чӣ гуна бояд бошад», – афзуд яке аз ҳамсуҳбатони моҳ ҳангоми дидан намудан аз рафти сохтмон. Бешубҳа, дармонгоҳи нави Коллеҷи тиббӣ маконе хоҳад буд, ки дар он омӯзиш ва таҷриба дар як раванди ягона муттаҳид карда, мутахассисони соҳибихтисос барои кор дар шароити воқеӣ омода мешаванд. Дар ин ҷо донишҷӯён аз беҳтарин мутахассисон ибрат омӯхта, беморон муолиҷаи ихтисоснок хоҳанд гирифт. Чунин муносибат ба сохтмон ва ташкили кори дармонгоҳ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки роҳбарияти коллеҷ ба навоварӣ ва такмили раванди таълим талош доранд. 0 Мубодила кардан