Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ОИЛА ВА МАҚОМИ ОН ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР

“Оила дар фарҳангӣ мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муққаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад”

Эмомалӣ Раҳмон.

Рӯзи байналмилалии оила, ки соли 1993 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардидааст, ҳамасола санаи 15 – уми май таҷлил мегардад. Мақсад аз таҷлили ҷашн – ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти мавҷудаи оила ва бартараф намудани мушкилоти оилаву оиладорӣ мебошад. Оила дар фарҳанги мардуми тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро арзишҳои волои инсонӣ, муҳаббату садоқат, вафодориву самимият ва ҳамдигарфаҳмӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Бояд зикр кард, ки оила ҳамчун унсури аввалини ҷомеа эътироф шуда, таҳти ғамхории давлат ва ҳукумат қарор дорад. Заминаи мавҷудаи устувории меъёрии ҳуқуқӣ аз Қонуни асосӣ ба оила бармеояд, ки тибқи моддаи 33 – Конститутсияи мамлакат давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамият ҳимоя мекунад ва ҳар фарди ҷомеа ҳуқуқи ташкили оиларо дорад. Аз ҷониби роҳбарияти давлату  Ҳукумати Тоҷикистон ба нақши оила дар пешравии ҷомеа таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мешавад. Маҳз бо ташаббуси сарвари давлатамон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 – Соли оила эълон гардида буд. Ҳадафи аслии ин иқдом баланд бардоштани нақши оила дар ҷомеа буда, он ба тарбияи фарзанд ва тақвияти муносибатҳои хуби муошират байни аъзоёни он равона шудааст. Мафҳуми оилаву оиладорӣ, хусусан барои миллати мо намунаҳои шоистаи суннатҳои баландро асос гузоштааст. Оила дар ҳар давру замон баҳри пешбурди ҷомеа, муайян намудани сохти иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангии ҳар халқу миллат мақом ва аҳамияти хосса дорад. Бесабаб нест, ки бузургон оиларо шоҳсутуни зиндагӣ, асоси давлат, танзимгари рушду нумуи миллат номидаанд. Он ҳамчун қадимтарин сохтори иҷтимоии таърихии инсоният дар ташаккули ҷомеаи инсонӣ нақш ва мавқеи муҳим дорад. Дар ҳар давру замон оила ҳамчун арзиши олии ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҳифзи он дар санадҳои байналмилалӣ ба мисли “Эъломияи ҳуқуқи башар”, “Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ”, “Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ” ва дигар санадҳои байналмилалӣ танзим шудаанд. Тамоми бурду бохти зиндагӣ бо кори оила ва оиладорӣ зич марбут аст. Аз ин рӯ давлат ба оила ҳамчун ҷавҳари ҷамъият диққати ҳамаҷониба медиҳад. Нақши оила дар ҷомеа муҳим буда, танҳо оилаи солим метавонад пешрафт ва раванди зиндагиро дар ҳолати муътадил нигоҳ дорад. Пеш аз ҳама оилаи солим фазои солим, насли солим ва фарзандони солеҳ, боодобу дорои ахлоқи ҳамида ба дунё меорад. Танҳо оила аст, ки ба аҳли хонавода, махсусан фарзандон беҳтарин арзишҳои маънавӣ, ахлоқӣ, ба мисли тарбия, омӯхтани забон ва гуфтору рафтор, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир, ватандӯстию ватанпарварӣ, худшиносии миллӣ ва хайру саодат таълим медиҳад. Зеро ки ҳар як падару модар аз хурдӣ дар ниҳодӣ фарзанд меҳру муҳаббат доштан ба миллату Ватан ва фарҳангу суннати хешро ҷо накунад, фарзанд аз ҳувияти миллӣ бехабар мемонад. Ҳувияти миллӣ ин надоштани шахсият ва бенажодии инсонро нишон медиҳад. Бузургони илму адаби таърихи миллати фарҳангсолори мо рисолаҳои мондагору ибратомӯзи зиёде дар мавзӯи оила ва нақши он дар ахлоқу адаб ва худшиносии миллиро ба мерос гузоштаанд. Дар худшиносии оила нақши ахлоқ ва фалсафаи он хеле муҳим аст. Мутафаккирони асримиёнагии форсу тоҷик нисбати ин масъалаи муҳим баҳсу мунозираҳои зиёд намуда, мавзўи баҳси он худи инсон ва хулқу одоб ва одату кирдори ӯро дар бар мегирад. Аз таҳлилу баррасии таълимоти ахлоқии донишмандон ва мутафаккирони форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Ҳуссайн Воизи Кошифӣ, Носири Хусрав, Файзи Кошонӣ, Соиби Табрезӣ, Сайидои Насафӣ ва монанди инҳо бармеояд, ки доштани ахлоқ ва худшинос будан ин як ёрии бузург ба худи инсон ва мавқеи ӯ дар пешрафти оила ва ҷомеа мебошад. Тарбияи инсон ва фарзандон агар саҳлу осон мешуд, бузургон ва донишмандон китобҳо ва рисолаву маснавиҳои ахлоқиро барои инсоният наменавиштанд. Бинобар ин, таълим ва тарбияи фарзандон дар оила ҳам вазнинтарин масъулият ва ҳам босаодаттарин давраи омӯзиш дар ҳаёти падару модарон мебошад. Тарбияи фарзанд дар асоси ҷаҳонбинӣ, тафаккуру дониш ва арзишҳои маънавии падару модар сурат гирифта, инъикосгари шахсияти падару модар дар тафаккури кӯдак мебошад. Дар дунёи пешрафти муосир марому мақсади асосии таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба таҳкими мақоми иҷтимоии оила, махсусан занон, ки вазифаи аввалини онҳо тарбияи насли имрӯз ва ояндаанд нигаронида шудааст. Президенти кишварамон борҳо дар баромадҳояшон доир ба нақши модар дар тарбияи фарзанд ва солимии хонавода гуфта гузаштаанд, ки “Дар оилае, ки модар дорои маърифати баланд аст, фарзандони нек ба воя мерасанд. Бинобар ин худи модарон бояд соҳибмаърифату бофарҳанг ва дорои ҷаҳонбинии васеъ бошанд, то ки  тарбияву парасторӣ, камолоти маънавию ҷисмонӣ ва ба ҳаёти мустақилона омода кардани фарзандонашон нақшу мақоми он ба хубӣ эҳсос мегардад”. Имрӯзҳо дар мамлакат вазъи ҳуқуқии тамоми соҳаҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим мегардад. Мавҷудияти базаи мустаҳками қонунгузорӣ рушди пайвастаи соҳаҳои мамлакатро таъмин намуда, ба омилҳои инкишофи ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳо мегузорад. Дар раванди ташаккули давлат ва ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии табақаҳои мухталифи ҷомеа тамоми чораҳои зарурӣ дида шуда, дар ин самт як қатор санадҳои зарурӣ қабул гардиданд. Дар партави иқдомҳои дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 28 – уми декабри соли 2023 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шуд. Воқеан ҳам дар замони Истиқлоли давлатӣ ва айёми худшиносии миллӣ Пешвои миллат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо такя ба суннатҳои неки гузаштагон заминаҳои нави имрӯзӣ ва созгор бо замонаро бунёд менамоянд. Бояд ба қадри ғамхориву заҳматҳои Пешвои миллатамон расем ва ба гуфтаҳои он кас амал кунем, зеро ки Ваҳдату Истиқлоли миллӣ ба осонӣ ба даст наомадааст ва маҳз ин кишвари ободу зебо аст, ки оилаи мо рушд меёбад ва  фарзандони мо дар фазои сулҳу амонӣ ба камол мерасанд.

Қандова Рушанна Ғайраталиевна

Маҳинбонуи Раҷаб.-  Омӯзгорони  кафедраи  “Фанҳои  

гуманитарӣ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии Ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.