Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҶАЛАСАИ КАФЕДРАИ “ФАРМАКОГНОЗИЯ ВА КИМИЁИ ФАРМАТСЕВТӢ”

Бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои директори муассиса, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, ки санаи 08.05.2024 дар ҷаласаи ғайринавбатиашон ба мудирони кафедраҳо дода буданд, санаи 15.05.2024 ҷаласаи кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” бо иштироки омӯзгорон гузаронида шуд. Дар ҷаласа мудири кафедра Сулаймонова О.Ғ. ба сухан баромада, масъалаҳои ҷаласаи назди роҳбари муассисаро баррасӣ намуд. Аз ҷумла, оиди баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва маданияти суханронии омӯзгорон, одоби шаҳрдорӣ, рафтору кирдорҳои намунавӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз он ҷумла дар нақлиёти ҷамъиятӣ, риояи интизоми меҳнат ва сару либоси омӯзгорон таъкид карда шуд. Қайд гардид, ки ҳар як шаҳрванд ва ҳар як фарди баору баномуси тоҷик бо шукргузорӣ аз фазои тинҷу осоишта ва соҳибистиқлолии кишвар зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат бояд саҳми босазои худро дар ободониву бунёдкорӣ ва шукуфоии кишвари маҳбубамон гузорад. Дар ҷаласа инчунин масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла натиҷаи олимпиадаи фанҳои тахассусӣ байни коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ, омодагӣ ба сессияи тобистона, ҳуҷҷатгузории омӯзгорон, гузаронидани соатҳои тарбиявӣ, риояи тозагии синфхонаҳо ва роҳравҳои кафедра, пурзӯр намудани назорати ҳамарӯзаи сару либоси донишҷӯён ва одобу ахлоқи онҳо ва дигар масъалаҳо баррасӣ гардида, вобаста ба иҷроиши онҳо супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.