Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАМРИНҲОИ ДАСТАҲОИ ЯККАЧИНИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” БАРОИ ОМОДАГӢ БА СПАРТАКИАДА

Шурӯъ аз санаи 13 майи соли ҷорӣ то 18 май дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо дастуру супоришҳои роҳбари муассиса, номзади илмҳои тиб, Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода рӯзҳои футбол гузаронида мешавад. Ин иқдом дар партави пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ оид ба расман эълон гардидани “Рӯзи ҷаҳонии Футбол” аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва инчунин баҳри татбиқи сиёсати варзишии Ҳукумати кишвар пеша карда шудааст. Бо ин мақсад дастаҳои яккачини муассиса аз ҳисоби донишҷӯён ва омӯзгорон ҷамъ омада, тибқи нақшаи тасдиқгардида бозиҳои дустона баргузор мегардонанд.

Вале воқеаи асосии ин ҳафта спартакиада миёни муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббии кишвар дар намуди  футбол мебошад, ки 16—17 май дар назар дошта шуда, дар он донишҷӯёни мо бо намояндагони дигар коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ қувва меозмоянд. Ин танҳо як мусобиқа нест, он барои донишҷӯёни мо имкониятест, ки истеъдоди худро нишон диҳанд, таҷриба андӯхта ва робитаро бо ҳамкасбони худ аз дигар муассисаҳои таълимӣ мустаҳкам намоянд.

Футбол на танҳо бозӣ, балки манбаи илҳом, дӯстӣ ва солимӣ низ мебошад. Барои донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” футбол ба ҷузъи ҷудонашавандаи тарзи ҳаёти фаъол ва калиди ташаккули устувории ҷисмонӣ ва рӯҳияи кори даставӣ табдил меёбад. Аз ин рӯ, дар коллеҷ гузаронидани «Рӯзҳои футбол» аҳамияти хоса дорад.

Гуфтан ба маврид аст, ки санаи 13 май аллакай дастаҳои футбол аз ихтисосҳои гуногун байни ҳам рақобат намуда, беҳтаринҳо бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шудаанд. Худи ҳамин рӯз барои интихоби дастаи беҳтарин бозии ниҳоӣ байни дастаҳои яккачини муассиса баргузор шуд ва беҳтаринҳо ба Спартакиада роҳ ёфтанд.

Ҳамин тариқ, “Рӯзҳои футбол” дар коллеҷи тиббии мо на танҳо ба як чорабинии варзишӣ, балки ба ҷашни дӯстиву рафоқат ва тарзи ҳаёти солим табдил ёфта, дар байни донишҷӯёну омӯзгорон ғояҳои варзиш ва рӯҳияи дастаҷамъона тарғиб мешаванд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.