Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА МОҲИЯТИ АСОСИИ ОН

«Тоҷикистон, алҳақ, як неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бои зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем ва шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем, ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигаҳбон бошем».

Эмомалӣ Раҳмон

Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба об ва иқлим, ки 3 марти соли 2021 тариқи онлайн баргузор гардид, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шуд. Зеро Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки бинобар ифлосшавии атмосфера ва тағйирёбии иқлим аз солҳои шастуми асри гузашта ба суръати баланди обшавии пиряхҳо дар ҳудуди худ мувоҷеҳ аст. Аз ҷумла, дар давоми якчанд даҳсолаи охири асри ХХ дар Тоҷикистон зиёда аз 1000 пирях, яъне тақрибан 30%-и пиряхҳо нобуд шудаанд. Масалан, танҳо пиряхи аз ҳама бузурги қитъавии Федченко дар ин муддат ба андозаи як километри мураббаъ хурд шуда, масоҳати он то 11 км2 кам гардид ва ҳаҷми яхи худро беш аз 2 км3 аз даст дод.

Ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон дар миқёси сайёра ва сатҳи ҷаҳонӣ эълон шудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 марти ҳар сол таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо низ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ сазовори дастгирии ҳамаҷониба гардида, роҳест ба сӯи ояндаи дурахшони сайёра. Натиҷаҳои самаранок чунин аст, ки дар асоси ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад. Бидуни шубҳа, қабули ин қатънома дар миқёси ҷаҳон иқдоми муҳим ва таърихӣ буда, тавассути он ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон пайдо мекунад, ки барои ҳифзи бузургтарин манбаъҳои оби ошомиданӣ тадбирҳои муштараки зарурӣ андешад.

Солҳои охир масъалаи тағйирёбии иқлим ба мушкилоти ҷаҳонӣ табдил ёфта таваҷҷуҳи аҳли башар ба он афзун мегардад. Ин раванд боиси обшавии пиряхҳо, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо, омадани сел ва бештар аз ҳама норасоии оби тоза ошомиданӣ мегардад. Аз ин хотир диққати аҳли ҷомеаи ҷаҳон, алалхусус, роҳбарони сатҳи олии мамлакатҳо барои пешгирии он зиёд гардида, аз ҷониби онҳо тадбирҳои қатъи андешида мешаванд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур меояд, ки барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва тадбиқ намояд.

Пиряхҳо яке аз манбаъҳои асосии обӣ дар тамоми кишварҳо ба шумор меравад. Барои бо об таъмин будани аҳолии тамоми кишварҳо, пирях неъмати асосӣ ҳисобида мешавад, чунки бе об ҳеҷ як нафаре наметавонад зиндагонӣ намуда, умр ба сар барад. Барои дар сатҳи байналмилалӣ ошно сохтани ин гуна мафҳумҳо саҳми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо рангин аст.

Бо тағйирёбии иқлим ва аз меъёр зиёд гарм омадани солҳо дар ҷумҳурӣ обшавии босуръати пиряхҳо ба назар мерасид, ки ин омилҳо боиси нигаронии аҳли башар аст. Бояд зикр кард, ки манбаи асосии обҳои ҷумҳурии моро бевосита пиряхҳо ташкил медиҳанд. Бо обшавии бесобиқаи пиряхҳо ва инчунин камбориш омадани солҳои охир кам шудани сатҳи оби дарёҳои бузурги ҷумҳурӣ ба назар расид, ки ин боиси нигаронист. Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон ҳамагӣ 11% масоҳати Осиёи Марказиро ташкил медиҳад, вале ҳудуди он 65% захираи оби ҳавзаи минтақа маскан гирифтааст. Ба ин пеш аз ҳама мавқеи географӣ, хусусиятҳои иқлимӣ, релеф, сатҳи ҷойгиршавӣ ва дигар омилҳои табиӣ сабаб гардидаанд.

Дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ҳаҷми умумии пиряхҳо тақрибан ба 17 ҳазор км2 баробар мебошад, ки бештар аз 60 фоизи онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон љойгиранд. Дар кишвари мо 14509 адад пиряхи хурду бузург арзи ҳасти доранд, ки масоҳаташон ба 11146 км2  баробар аст ва ин нишондиҳанда 8 фоизи худуди кишварро дар бар мегирад.

Пешвои муаззами миллат дар яке аз баромади худ пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад.

Чуноне аз баёни худи Пешвои миллат равшан аст “Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили глобалӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд”. Аз ин лиҳоз, имрӯз муҳокима ва баррасии тамоми масъалаҳои марбут ба мудирияти захираҳои об, тарҳрезии талошҳои байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва роҳандозии ҳамкорӣ дар ҳама сатҳҳо бо иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд.

  Ҳамин тавр, дар асоси андешаҳои болозикр, гуфта метавон, ки барои расидан ба ҳадафҳои меҳварии сиёсати давлативу умумибашарӣ оид ба ҳифзи захираҳои обӣ зарур аст, ки тамоми давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ новобаста аз эҳтиёҷмандиашон нисбат ба ин захираи табиӣ ташаббускорӣ ва ҳамбастагии муштаракро тақвият бахшанд. Чунки истифодаи беҳтари захираи обҳои фаромарзӣ ба ҳамкории зичи миёни кишварҳои ҳамсоя бештар вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ҳамкорӣ ва ҳамгироии байни кишварҳои ҳамсояи наздисоҳилӣ дар таъмини истифодаи босуботи об барои наслҳои оянда нақши муҳим мебозад. Дар баробари ин, яке аз ҳадафҳои бунёдии расидан ба мақсадҳои пешгузоштаи давлат оид ба беҳдошти вазъи экологӣ, ҳамчунин ҳифзи захираҳои обӣ мақоми ҳар як узви ҷомеа низ калидӣ маънидод мегардад.

Ассистенти кафедраи “Фанҳои табиию риёзӣ” Холмуродов Меҳрафзун Қурбоналиевич

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.