Оила асоси ҷомеа, муҳимтарин ячейкаи ҷамъияту давлат мебошад. Маҷмӯи оилаҳо ҷамъиятро ташкил дода, устуворӣ ва ноустувории давлат ба он вобастагӣ дорад. Чӣ қадаре ки оила мустаҳкам бошад ва волидон фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсонгароӣ, хештаншиносӣ тарбия намоянд, ҳамон қадар ҷамъият устувор мегардад ва дар оянда самараи дилхоҳ медиҳад. Ободӣ ва солимию маърифатнокии ҷомеа, пешрафти иқтисоду иҷтимоиёти мамлакат ва бунёди зиндагии солим ба маърифатнокии ҳар аъзои оила вобастагии қавӣ дорад. Агар тарбияи фарзандон дуруст ба роҳ монда шавад, давлат ва ҷамъият ҳам ба мақсаду ҳадафҳои худ ноил мегарданд.
Яке аз шартҳои асосии ташкили оила муҳаббати байни издивоҷкунандагон – марду зан мебошад, ки он бояд дар заминаи эҳтироми ҳамдигар ва якдигарфаҳмӣ асос ёфта бошад.
Ҳангоме ки ду ҷавон дар асоси ишқу муҳаббат оила бунёд мекунанд, мақсаду мароми онҳо як аст, яъне садоқату вафодорӣ ба ҳамдигар ва тарбияи фарзандони солиму хушбахт. Онҳо аз ҳаёти хеш хурсанданд ва аз волидони худ, ки онҳоро ба мурод расонидаанд, розию миннатдоранд. Аммо дар ҳаёт гоҳо чунин мешавад, ки дилдодагон ба орзую ҳаваси хеш намерасанд. Волидони ҳар ду ё як тараф ба издивоҷи онҳо розӣ намешаванд ва бо хоҳиши худ духтарро ба шавҳар медиҳанд. Писарро ҳам бо ҳамин тартиб хонадор мекунанд. Онҳо ба хотири эҳтироми падару модар эътироз намекунанд ва ба тақдир тан медиҳанд. Аммо онҳоеро, ки сабабгори ҷудо шуданашон гаштаанд, ҳеҷ гоҳ намебахшанд. Ҳамин тавр, дар миёни волидону фарзандон адоват пайдо шуда, боиси бад шудани муносибати онҳо мегардад.
Зиндагии фарзандоне, ки бо иродаи волидон хонадор шудаанд, чандон ширин намегузарад. Духтаре, ки падару модар бо хости худ ба шавҳар додаанд, ноилоҷ ба тақдир тан дода, бо шавҳар зиндагӣ мекунад. Меҳр бастан ба шавҳаре, ки ҳатто дар хаёлаш набуд, барои зани ҷавон душвор аст. Илова бар ин, зан маҳз шавҳарашро сабабгори бадбахтии худ медонад ва нисбат ба ӯ аз рӯзҳои аввал дар дил кинаю адоват мепарварад.
Зиндагии оилавии писар низ ҳамчунин мегузарад. У ҳам занашро сабаби бадбахтии худ медонад. Дар ҳар ноомади рӯзгор ба занаш таъна мезанад, ки ман туро дӯст надошта гирифтаам. Умуман, ин бемуҳаббатӣ дар оила сабаби кинаю адоват ва моҷароҳои зиёд гардида, натиҷаҳои нохуш ба бор меорад. Чунон ки Мирзо Абдулқодири Бедил гуфтааст:
Абӯалӣ чун набзи ӯро гирифт, донист, ки ӯ ошиқ аст, аммо агар изҳори он намояд, он писар маҳҷуб мешавад (шарм медорад) ва мумкин нест, ки изҳори он кунад ва мақсуд фавт мешавад (аз даст меравад).
Абӯалӣ гуфт:– Эй хоҷа, марди ҷаҳонгаштае меорӣ, ки вай сухангӯю ширинтакаллум бошад, то ман аз ӯ ҳикоят пурсам ва гуфтугӯй кунам, то писари ту шифо ёбад.
Ин хоҷаро мусоҳибе (ҳамсуҳбате) буд, ки тамоми рубъи маскун[1] сайр карда буд, бо худ ҳамроҳ дошт, ҳозир сохт. Абӯалӣ даст бар набзи писар ниҳод ва аз он пири ҷаҳонгашта таърифи шаҳрҳоро мепурсид, то ба таърифи шаҳри Табрез расид, набзи он писар мутаҳаррик шуд. Абӯалӣ донист, ки матлуби вай дар Табрез аст. Аз маҳаллот ва мавзеи он шаҳр пурсидан гирифт. Чун маҳаллаи Шакарфурӯшонро бар забон бурд, набзи вай бисёр музтариб (беқарор) гардид. Маълум шуд, ки мақсуди вай дар он маҳалла аст. Аз кадхудоён (сардорон) ва мутаваттинони (сокинони) он маҳалла пурсид. Чун номи фалон хоҷаро ба забон гузорид, набзи вай суръат бунёд кард, аз аҳли хонааш пурсид, яке духтареро ном бурд, набзи вай ба мартабае изтироб намуд, ки наздик буд қолаб тиҳӣ кунад (ҷон диҳад). Абӯалиро ҷазм шуд, ки манзури вай ҳамон духтар аст. Ба хоҷаи бозаргон гуфт, ки бархезу Табрез рав ва фалон духтар, ки мазкур шуд, аз барои ин писар хостгорӣ кун, ки илоҷи ӯ ҳамин аст. Он низ аз мухтараоти Абӯалӣ аст».
Оре, ишқе, ки дар ин ҳикоят тавсиф шудааст, ҳиссиёти олии инсонӣ аст. Ишқи покизаи инсонӣ бо майлҳои булҳавасонаву шаҳвонӣ олуда нест. Достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-ро ба ёд оред, ки як шаб дар саҳро Лайлӣ бо Маҷнун ҳамроҳ буданд, аммо Маҷнун кӯшише барои коми дил ситонидан накард. Онҳо то рӯз ба якдигар менигаристанду рози дил мегуфтанд. Маҷнун намехост маҳбубаи худро бадном кунад, чунки ишқи пок рафтори шоистаро тақозо мекунад:
Хирад ва ирода агар ишқу ҳиссиётро идора ва раҳнамоӣ кунад, ишқу ҳиссиёт ақлу иродаро қувват медиҳад; ақлро ҷӯё ва иродаро гиро мекунад; ақл ба ишқ сафо мебахшад, барои интихоби дурусти маъшуқ мадад мерасонад; ишқ (ишқи ёр, ишқи Ватан, меҳри касб ва ғ.) дар навбати худ ақлро водор месозад, ки роҳҳои беҳтару наздиктари расидан ба мақсадро ҷуста пайдо кунад; вай иродаро мадад мекунад ва пурқуввату устувор месозад.
Дар сурати суст будани таъсири хирад ишқ метавонад иродаро тамоман ба ихтиёри худ гирифта, ба самти дилхоҳи худ равона созад. Ин ҳол ҳам ҷиҳати хуб ва ҳам ҷиҳати бад дорад. Ҷиҳати хуб он аст, ки ишқи ҳақиқиро ба мурод мерасонад ва ҷиҳати бад он аст, ки касро ба амалҳои нохуш – ғалабаи шаҳват, ҷабр, бевафоиву аҳдшиканӣ, макру фиреб ва ғайра бурда метавонад. Дар хусуси ақл метавон гуфт, ки ишқи ҷунунӣ онро тира ва гумроҳ низ карда метавонад.
Ишқ танҳо кори ошиқ аст, вай ягон хел маҷбуриятро аз берун, аз ҷониби каси дигар бардошта наметавонад. Ишқ харида, фурӯхта ё бахшида намешавад. Барои ин ҳиссиёт танҳо озодӣ ва ихтиёр лозим аст. Ба воситаи зӯрӣ, пора, туҳфа, зора ва амсоли инҳо дар дили касе ҷой гирифтан номумкин аст. Ҳар кас мехоҳад ҳамсареро интихоб кунад, ки бо ӯ дар ҳаёти оянда хушбахт шуда тавонад. Вале ин кори осон набуда, ниҳоят мушкил ва мураккаб аст. Касе онро осон гумон мекунад ва сабукфикрона амал менамояд, хатои азим мекунад.
Мушкилиҳо дар чист? Ишқ хосияти аҷибе дорад: писару духтар, марду зани тамоман ношинос аз нигоҳи аввал нисбати якдигар меҳр мебанданд. Ин ҳолро дар забони тоҷикӣ «ба як дидан ошиқ шудан» мегӯянд. Ин гуна ишқ падидаи бузург ва сеҳрнок аст, аммо бадӣ ҳам дорад: вай ҳиссиёти ҳар касро ба ҷӯш оварда, ақлро «тира» ва интихоби оқилонаро мушкил месозад. Решаи ин «ишқи фаврӣ» шояд дар он бошад, ки ҳар шахси муҷаррад, ғайр аз он эҳтиёҷу ишқи бузург, ки ба ҳамсари оянда дорад, боз пешакӣ образи онро қиёсан ба падар, модар, бародар, хоҳар, хеш, ҳамсоя, образҳои адабӣ (аз кинофилмҳо) шабоҳат медиҳад. Он образи хаёлӣ дар ҳамон нигоҳи аввал ба образи воқеӣ мувофиқ меафтад, касро ба ҳаяҷон меорад, ҳиссиёти ишқ бедор мешавад. Ба ибораи дигар, вай ба ҳамон образи хаёлиаш кайҳо «ошиқ» аст, ӯро ҳар ҷо меҷӯяд. Ҳар кас ба худ завқи хоссе дорад. Ҳусне, ки барои як кас дилкашу ҷозиб менамояд, ба дигаре хуш намеояд, аммо хислатҳои некро ҳама як хел қадр мекунанду меписанданд. Шайх Саъдии Шерозӣ дар ин мавзӯъ ҳикояти хеле мувофиқе дорад.