Мақолаҳо ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ: ИСТИФОДА ВА ТАЪСИРИ ОН БА ҶОМЕА Бо admin Охирин навсозӣ May 15, 2024 0 Бо пайдоиш ва рушди интернет инсоният дар самти шинохти сайёраи Замин ва кайҳон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид ва имкониятҳои фаровони интернетро ҳамқадами ҳаёт ва фаъолияти худ интихоб намуд. Ҷаҳони муосирро бидуни интернет, телефонҳои мобилӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, мессенҷеру почтаи электронӣ ва дигар дастовардҳои технологияҳои хабарӣ тасаввур кардан мушкил аст. Аксари ин дастовардҳои мазкур ҳамагӣ 25 сол қабл, яъне замони таваллуди як насли охир вуҷуд надоштанд ва ё аксарияти сокинони сайёраи мо ба онҳо дастрасӣ надоштанд. Муҳаққиқон мегӯянд, ки мафҳуми Интернет ҳанӯз соли 1954, яъне қариб 70 сол қабл пайдо шудааст ва он ба интернете, ки мо онро имрӯз истифода мебарем, ягон алоқа надошт. Ин истилоҳро ба илм сотсиологи англис Ҷеймс Бернс дохил кардааст. Ба гуфтаҳои ӯ, шабакаи иҷтимоӣ сохтори иҷтимоиест, ки ба он одамон ва ё ташкилотҳо дохил шуда, тавассути шабакаи интернетӣ иртибот барқарор мекунанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ба маънои кунунӣ 15 сол дертар, яъне дар соли 1969 пайдо мешаванд. Албатта, дар он давра аз ин шабакаҳо доираи хурди мутахассисон ва низомиёне истифода мекарданд, ки дастрасӣ ба технологияҳои он замон пешрафта доштанд. Ба иборати дигар, шабакаҳои иҷтимоӣ мисли имрӯз оммавӣ нашуда буданд. Асри XXI бо арзишҳои худ ба зиндагии мардум ворид шудааст, ки ҷудо кардани он аз ҳаёти рӯзмарра ғайриимкон аст. Шабакаҳои иҷтимоӣ дар даҳаи охири асри XX пайдо шуда бошад ҳам, дар ибтидои асри нав мавқеи худро дар зиндагии мо ончунон мустаҳкам намуд, ки дар иртибот бо манфиат ва зарари он ҳамарӯза ақидаҳое нашр мегардад. Гурӯҳе бар он ақидаанд, ки пешрафти кор, ташаккули фард ва иртибот бо илм бидуни шабакаҳои иҷтимоӣ имкон надорад ва мантиқан он ҷузъи аслии фаъолияти мо ҳисоб мегардад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ барои фаъолият ва сохтани ҷойи корӣ шароити фароҳам низ вуҷуд дорад ва аз ин имконият нафароне ҳастан, ки онҳоро Блогер, Вайнес, Тиктокер меноманд ва онҳо истифодабариро самаранок менамоянд. Қисмати дигар бар он назар ҳастанд, ки сабаби рӯ овардани гурӯҳе аз ҷавонон ба терорризм ва ифротгароӣ маҳз шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дахолатии афроди гуногун, бемақом ва умуман мақсадҳои ғараздоштагон ба сохти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии давлату миллат дахолат карда истода фикру ақидаи наслҳои наврасро заҳролуд низ месозад. Баъзе аз хушунатҳои оилавӣ, муносибати сарди волидайну фарзанд, суст гаштани шуури сиёсиву ҷамъиятӣ ва ҳаётии ҷавонон маҳз бо сабаб ва истифодаи зиёду бемақсади интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз платформаҳои васеи иттилоотӣ ва манбаи ашёву амалҳои гуногуни ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад, ки имрӯзҳо онро метавон як қисми ҷудонашавандаи ҳаёт ва фаъолияти ҳар шахси истифодабаранда номид. Имрӯзҳо шабакаҳои иҷтимоӣ як қисми таркибии ҳаёти мо – бисёри корбарон шудаанд. Тибқи маълумотҳои охирин, аз моҳи марти соли 2024 беш аз 5,17 миллиард нафар дастраси ба интернет доштаанд, ки ин ба 63,82% аҳолии ҷаҳон баробар аст. Facebook платформаи пешбари васоити ахбори иҷтимоӣ бо зиёда аз 3,05 миллиард корбар дар ҷои аввал боқӣ мемонад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифобарандагони интернет хеле зиёд мебошанд. Тадқиқотҳои сотсиологӣ дар солҳои охир нишон додаанд, ки истифодабарандагони сомонаҳои интернетӣ аз ҳисоби ҷавонон 33,3%-ро ташкил дода, аксари онҳо дар кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ пайваст мебошанд ва 66,7%-и онҳо бошанд, ба он пайвастагӣ надоранд. Агар мо ба вақтҳои истифодабарии Интернет диққат диҳем, дар маҷмуъ, аз онҳо 53,5%-и истифодабарангони интернет дар қаламрави кишвар ҳаррӯза ба сомонаҳои интернетӣ, махсусан «Instagram», «Facebook», «Tik Tok» ва «YouTube» пайвастагӣ доранд, вале 46,5% ақаллан дар як ҳафта як бор ва ё ду бор ба интернет пайваст мешаванд. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки аксари истифодабарандагон аз ҳисоби ҷавонони шаҳр мебошанд (яъне, 68,2% ҷавонони шаҳр ва 41,8% ҷавонони деҳот). Вобаста ба минтақаҳои истифодабарандагони интернет дар ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе 65%, ВМКБ — 50%, вилояти Суғд — 43%, НТМ — 33,5% ва вилояти Хатлон 14,3%-ро ташкил медиҳанд, аҳамияти калон дорад. Чуноне маълум аст, ба ин масъала давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Беваҷҳ нест, ки ҳанӯз соли 2003 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фармони худ таҳти рақами №1174 Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба тасвиб расонида буданд. Ин санади муҳим зарурияти истифодаи васеи IТ-технологияҳоро дар соҳаҳои иттилоот, алоқа, иқтисод, тиҷорат, илму маориф,тандурустӣ, бонкдорӣ, андозситонӣ, моликияти зеҳнӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва ғайра пешбинӣ намудааст. Маҳз ҷиҳати табиқи ин стратегия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ таҳти рақами №643 аз 30 декабри соли 2011 Консепсияи ташаккули Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд, ки дар он ба роҳ мондани истифодаи васеи интернет дар тамоми самтҳои фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла дар самти хизматрасониҳо ба аҳолӣ дар назар дошта шудааст. Яке аз хатарҳои асосии саҳифаву гурӯҳҳои баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ дур намудани инсон аз асли иҷтимоиаш мебошад. Инсон ҳамчун мавҷудоти иҷтимоӣ дар доираи ҷомеа рушд мекунад. Берун аз ҷомеа ва бидуни муносибатҳои маъмулии инсонӣ ӯ аз асли худ дур мешавад. Бо пайвастан ба шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар асоси муносибати виртуалӣ ва ғайримаъмулӣ ба монанди шиносоиву суҳбату бозиву алоқаҳои виртуалӣ ва ғайра амал мекунад, инсон оҳиста-оҳиста аз муносибатҳои маъмулӣ даст мекашад. Дур шудани инсон аз асли иҷтимоиаш боиси пайдо гардидани ихтилоф дар муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳагӣ ва динии ӯ мегардад. Чунин инсон нисбат ба падидаву ҳодисаҳои ҷомеа бетафовут мешавад ва дар худ маҳдуд мегардад. Албатта, ба ғайр аз истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои экстремистӣ инчунин кӯшиш менамоянд, ки сомонаҳои худро дошта бошанд, аммо дастрасӣ ба онҳо баста шудааст, хадамоти махсус кӯшиш мекунанд, ки ин захираҳоро банданд ва аудиторияи онҳо нисбатан кам гардад. Сарфи назар аз ин, бо сабаби рушди интернет, ин захираҳо рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст. Ин гурӯҳҳо пайваста суроғаҳои худро иваз менамоянд, то аз бастани сомонаҳояшон аз ҷониби мақомоти амниятӣ эмин монанд. Ба ғайр аз он ки дар шабакаҳои интернетӣ шумораи зиёди сайтҳое мавҷуданд, ки мустақиман ба терроризм алоқаманд нестанд, аммо террористонро дар шаклҳои гуногун дастгирӣ мекунанд. Дигар хатарҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ин, ташвиқ ва таблиғи фарҳанг ва расму оини бегона мебошад. Дар ин замина, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ маводу наворҳои зиёд паҳн карда мешавад, ки метавонад ба тарзи муошират, муносибат, ботину зоҳири инсон ва арзишҳои он таъсир гузорад. Ва ё инсонҳоро вобаста ба ин амалкардашон таҳқир намояд. Ҳамаи ин ба ахлоқи инсоният таъсир мегузорад ва боиси сар задани ихтилоф дар худшиносӣ, муносибатҳои хешутаборӣ, урфу одатҳои таърихан асосёфта мегардад. Албатта атрофи масъалаҳои таҳдид ва хатарҳои эҳтимолӣ ва воқеии шабакаҳои иҷтимоӣ метавон соатҳо баҳс намуд ва мақсади мо низ инкор намудани аҳамияти интернет ба инсоният нест. Фақат бо пешниҳоди тавсияҳое, ба монанди таблиғи фарҳанги истифодаи дуруст ва мақсадноки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ пурзӯр намудани муқаррароти қонунгузорӣ дар ин самт, таблиғи оқибатҳои манфии истифодаи нодуруст ва ғайримақсадноки шабакаҳои иҷтимоӣ, назорати оила, ҷомеа ва давлат дар ин самт, маҳдуд намудани имкониятҳои ноболиғон барои дастрасӣ ба унсурҳои номатлуби интернет мехоҳем муносибат дар ин самт ба куллӣ тағйир дода шуда, аз дониш, тафаккур ва ақл кор гирифта шавад. Мунаваров Беҳруз Абдулазизович Ассистенти кафедраи Асабшиносӣ, ёрии паллиативӣ ва асосҳои равоншиносӣ МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” 0 Мубодила кардан