Хабарҳо ИФТИТОҲИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ ОИД БА ФУТБОЛИ ХУРД, МИЁНИ ДАСТАҲОИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБИИ ТИББИИ ҶУМҲУРӢ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ May 16, 2024 0 Пеш 1 то 21 саҳифа Баъдӣ Ҳамовозӣ аз ташаббуси сатҳи ҷаҳонии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ омӯзгорон ва донишӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббии мамлакатро дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ба ҳам овард. Чорабинии бошукуҳи варзишӣ нишони ҷонибдорӣ аз ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар робита ба эълони 25 – май ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол” аз ҷониби СММ бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ дар ҳамбастагӣ бо МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ташкил ва баргузор мегардад. Дар мусобиқаи варзишӣ тайи ду рӯз донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ аз рӯи мусобиқаи “Футболи хӯрд” байни ҳам рақобат мекунанд. Дар ибтидои мусобиқаи варзишӣ муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар муҳтарам Абдухолиқ Амирзода, сардори раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрӣ ва илм муҳтарам Юсуфӣ Саломуддин Ҷаббор ва директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода таъкид карданд, ки боиси ифтихору сарфарозист, ки ташаббуси сатҳи байналмилалии Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо иттифоқи оро якдилона ҷонибдорӣ ва қабул гардида, нуфуз ва обуи давлат ва миллати тоҷикро бори дигар дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт. Ин ташаббус боз ҳам ба таҳкими тарзи ҳаёти солим ва оммавияти бештари футбол, ки дар миёни тамоми қишрҳои ҷомеа дорои маҳбубияти зиёд аст, мусоидат мекунад. Мусобиқаи футболи хӯрд бо иштироки 22 даста иборат аз 300 нафар варзишгар рӯзҳои 16-17-уми май идома меёбад. Дар оғози мусобиқа ҷадвали бозии дастаҳо аз рӯи қуръакашии шафоф муайян гардида, дар гурӯҳҳои алоҳида барои дарёфти Ҷоми мусобиқа бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд. Рақобати дастаҳо дар майдончаҳои муосиру замонавии варзишии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, ки барои истиқболи варзишгарон хуб омода гардида буд, оғоз шуд. Бозии футбол яке аз роҳҳои беҳтарини беҳдошти саломатӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин муҳимтарин василаи муттаҳидсозии халқу миллатҳои гуногун мебошад. Дар Тоҷикистон тайи солҳои Истиқлоли давлатӣ бо мақсади таҳкими инфрасохтори ин навъи варзиши дӯстдоштанӣ дар миёни ҷомеа шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, бо сохта ба истифода додани иншооти замонавӣ дар ин самт варзишгарони мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Шароит ва имконоти мавҷуда дар ин самт имрӯзҳо таваҷҷуҳи ҷавононро ба ин навъи варзиш бештар кардааст. Ёдовар мешавем, ки 7-уми майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи эълон намудани 25 майро ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол”, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, қабул намуд. Дар қатънома аҳаммияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз гузаронидани чорабиниҳои бузурги варзишӣ таъкид шудааст. Ғолибони ҷойҳои ифтихории мусобиқаи футболи хӯрд, байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббии шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз ҷониби дастандарткорон бо медалу ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мегарданд. 0 Мубодила кардан